Факултети њуќуќшиносии ДМТ дар самти ташаккули рушди илми њуќуќшиносии ватанї ва ташкил намудани шароити мусоид барои анљом додани тањќиќоти илмї корњои судмандро анљом дода истодааст, ки далели ин гуфтањо дар асоси Фармоиши №81-и КОА-и назди Президенти ЉТ ба сифати маљаллањои таќризшавандаи КОА-и назди Президенти ЉТ ворид гардидани маљаллаи илмї-амалии «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон» мебошад. Ин дуюмин маљаллаи илмии факултети њуќуќшиносии ДМТ мебошад, ки ба маљаллањои таќризшавандаи КОА-и назди Президенти ЉТ шомил мегардад.
Маљаллаи илмї-амалии «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон» дар асоси ќарори Шўрои олимони факултети њуќуќшиносї ва Шўрои олимони Донишгоњи миллии Тољикистон таъсис ёфта, аз 20-уми январи соли 2016 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти №0249/МЉ ба ќайд гирифта шудааст. Маљаллаи мазкур дар як сол чор маротиба чоп шуда, муассиси он факултети њуќуќшиносии ДМТ буда, раќами ISSN-и он 2414 9217 мебошад.
Дар маљаллаи илмї-амалии «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон» маќолањои илмї, ки фарогирандаи мавзўъњои мубрами соњањои гуногуни њуќуќ мебошанд, нашр карда мешавад ва он дар заминаи кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї ва кафедраи њуќуќи конститутсионии факултети њуќуќшиносї таъсис дода шудааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки аз замони таъсис додани маљаллаи ишорашуда то имрўз зиёда аз 20 шумораи он рўи нашр омадааст, ки дар онњо маќолањои олимони варзидаи ватаниву хориљї, муњаќќиќони љавон, инчунин таќризњои олимони соња оид ба корњои илмї-тањќиќотї љой дода шудаанд.
Дар ин росто месазад иброз намуд, ки наќш ва мавќеи декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. дар самти ворид намудани маљаллаи илмї-амалии «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон» ба маљаллањои таќризшавандаи КОА-и назди Президенти ЉТ, инчунин сариваќт ва босифат нашр шудани он бенињоят бузург мебошад.
Сармуњаррири маљаллаи илмї-амалии «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон» доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Азиззода У.А., муовини сармуњаррир доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Диноршоњ А.М. ва котиби масъул номзади илмњои њуќуќшиносї Салоњидинова С.М. мебошанд. Муњаррирони илмї ва мусањњењони маљаллаи илмї-амалии «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон»-ро номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Саъдизода Љ., номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Абдуллоев П.С., номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Шоев Ф.М., номзади илмњои њуќуќшиносї, муаллими калон Искандаров Ш.Ф., ассистентон Наимов Б.Ѓ. ва Сафарзода Н.Ф. ташкил медињанд.
Итминони комил дорем, ки њайати маљаллаи илмї-амалии «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон» минбаъд низ фаъолияти густурдаи худро ба роњ монда, барои рўи нашр омадани шуморањои минбаъдаи маљалла тамоми ќувваи худро сафарбар менамоянд ва дар ташаккули илми њуќуќшиносии ватанї сањми арзишманди худро мегузоранд.
Идораи рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» ва садорати факултети њуќуќшиносї ин рўйдоди таърихиро ба тамоми њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносї ва муњаќќиќони соњаи њуќуќ самимона шодбош намуда, ба онњо дар фаъолияти илмиву омўзгорї дастовардњои бузургро таманно менамоянд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07