Санаи 3-юми июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Эмомали Раҳмон – яке аз бунёдгузорони Созмони ҳамкории Шанхай” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур бе аз 300 нафар олимони донишгоҳ, кормандони мақомоти давлатӣ ва намояндагони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат намуданд.
Дар конференсияи мазкур бо сухани ифтитоҳӣ Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, сафирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва шахсони дигар баромад намудаданд.
Аз ҷониби иштирокчиён такид гардид, ки “Соли 2000 дар форуми Душанбе аввалин маротиба аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод дар бораи ба сатҳи баланд бардоштани мақоми «Панҷгонаи Шанхай» ва дар ин замина таъсис додани созмони минтақавии байналмиллалӣ оид ба масъалаҳои амният, мудофиа, сиёсати хориҷӣ, иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг баён гардид. Яъне Тоҷикистон чун ташаббускори таъсисёбии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баромад намуд ва дар нишасти баъдина ин идея амалӣ гардид. Соли 2001 дар ҳамоиши кишварҳои узви «Панҷгонаи Шанхай» қарор дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай қабул карда шуд, ки ба он Ҷумҳурии Халқии Чин, Росиия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон шомил гардиданд. Соли 2004 Созмони ҳамкории Шанхай дар назди Созмони Миллали Муттаҳид номнавис гардид. Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои бунёдгузорӣ ин Созмони бонуфуз талош кардааст, ки мақсаду маром ва тасмимҳои Созмон мутобиқ ба манфиатҳои миллии кишвар бо инобати эҳтироми мутақобилаи кишварҳои аъзо бошад. Узвияти Тоҷикистон дар ин Созмон ба кишварамон имкон медиҳад, ки имконияти иқтисодӣ, транзитӣ ва энергетикии хешро самараноктар ба кишварҳои минтақа муаррифӣ намояд ва аз ҳамкории судманд бо кишварҳои аъзои СҲШ баҳраманд гардад. Айни замон Созмон аз ҳашт давлати аъзо (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон,Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон) ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка) иборат мебошад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва чинӣ ба ҳисоб мераванд. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд”.
Дар қисмати пленарии конфронс маърӯзаҳо дар мавзӯҳои “Нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм”, “Мушкилот ва дурнамои рушди ҳамкории гуманитарӣ дар доираи СҲШ (нигоҳ аз Душанбе)”, “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанги муҷовимат ба терроризм, экстремизм ва сепоратизм дар доираи кишварҳои аъзои СҲШ”, “Масоили васеъ намудани Созмони ҳамкории Шанхай: мавқеи Душанбе” шунида шуд.
Баъд аз ҷаласаи пленари дар ду бахш – бахши №1 “Ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии дипломатияи бисёртарафа” ва бахши №2 “Муносибатҳои байнанмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ” кори конфронс идома ёфт.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07