Соли равон аз замони ба даст овардани Истиќлолияти давлатии Ватани азизамон, ки аз арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарвати миллати сарбаланду тамаддунофар ва фарњангсолори тољик дар интињои садсолаи гузашта мањсуб меёбад, 30-сол пур мешавад. Рўзи 9-сентябри соли 1991 Љумњурии Тољикистон расман истиќлолияти давлатии худро эълон намуд, ки ин санаи муќаддас дар таърихи навини рушди давлатдории миллї абадан бо њарфњои заррин њаккокї хоњад шуд.
Истиќлолият њамчун воќеаи фарањбахши таърихї ва њодисаи муњиму сарнавиштсоз ба тољикон озодиву соњибихтиёриро њадя намуда, боис гардид, ки дар харитаи сиёсии љањон давлати нав бо номи Тољикистон бо тамоми унсурњои давлатдории миллї арзи њастї намояд ва њамчун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї аз љониби давлатњо ва созмону ташкилотњои бонуфузи байналмилалї расман шинохта шавад. Бо шарофати Истиќлолият давоми се дањсолаи охир дар тамоми самтњои фаъолияти давлатї ва љамъиятии кишвари мањбубамон тањаввулотњои азим ва дигаргунињои куллї ба вуќуъ пайваста, дар самти пешрафти њама соњањои хољагии халќи мамлакат як љањиши бузург ба миён омад.
Бо ќаноатмандї ва шукргузорї изњор медорем, ки дар дарозои си соли сипаришуда Љумњурии Тољикистон њамчун давлати демокративу њуќуќбунёд роњи пуршебу фароз ва басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду мењнатќарин, ватандўсту ободкори кишвар бо дастгирї ва пуштибонии амиќ аз сиёсати њадафмандонаву бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба дастовардњои бузурги мењнатї ва истењсолї ноил гаштаанд.
Бо шукргузорї аз самараву баракати Истиќлоли давлатї, дар натиљаи ибтикороти пайвастаи Њукумати мамлакат дар роҳи эъмори давлати демокративу њуќуќбунёд, тањкими давлатдории миллї, таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, сулњу вањдати комил, боло бурдани сатњи некуањволии мардум, таъмини рушди устувори соњањои њаёти иќтисодиву иљтимої, амалишавии њадафњои стратегии кишвар, бунёди љомеаи адолатпарвар ва боло бурдани маќому манзалати Тољикистон дар арсаи байналмилалї корњои бузург амалї шуда истодаанд.
Касби соњибихтиёрї, баргузории иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олї, ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ба имзо расидани Созишномаи сулњ ва ризоияти миллї, амалисозии ислоњоти конститутсионї ва судї-њуќуќ, ќабулњои ќонунњои миллї, эътирофи инсон, њуќуќу озодињои ў њамчун арзиши олї ва эњёи василањои боэътимоди њифзи њуќуќи инсон аз бузургтарин дастовардњои њаёти њуќуќии љомеаи тољикон дар даврони истиќлол ба њисоб мераванд.
Моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби љамъиятию сиёсии љомеаи љањонї, таъсири паёмадњои ногувори раванди љањонишавї ва тањаввулотњои босуръат таѓйирёбандаи замони муосир беш аз њар ваќти дигар атрофи сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат муттањид гашта, љињати таљлили сазовори бузургтарин љашнвораи миллї - 30-солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон ва боз њам ободе пешрафта гардонидани он самаранок мењнат кунем ва ба корњои созандагиву бунёдкорї рўй биёрем.
Хоњишмандем, самимитарин паёми шодбошї ва номаи табрикотии инљонибро бо як љањон таманниёти нек ва садоќати афзун ба ифтихори таљлили љашни бошукўњи 30-солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон бипазиред.
Пояндаву љовидон бод Тољикистони азиз!
Бо эњтиром,
Садорати факултети њуќуќшиносии
Донишгоњи миллии Тољикистон
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07