Санаи 29-уми октябри соли 2021 бо ташаббуси кафедраи њуќуќи љиноятї ва муќовимат бо коррупсияи факултети њуќуќшиносии ДМТ конференсияи љумњуриявии илмию амалї дар мавзўи «Муќовимат ба савдои одамон: мушкилот ва мулоњиза» баргузор гардид.
Дар кори он роњбарияти донишгоњ, устодону кормандони факултет, олимону донишмандони соња, кормандони сохторњои ќудратї, аспирантону унвонљўён, магистрњо ва њамчунин намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.
Зимни ифтитоњи конфронси мазкур сараввал ректори ДМТ, доктори илмњои иќтисодї, профессор Хушвахтзода Ќ.Х. баромад намуда, њозиринро ба љашни 30-солагии Истиќлоли давлатии ЉТ муборакбод намуд ва оид ба кори конфронс ва мавзўи матрањшаванда чанде суханронї намуданд.
Баъдан бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. ба њозирин барои ташриф оварданашон изњори сипос намуда, ба муњиммият ва ањамияти мавзўи њаммоиши илмї ишора намуданд ва андешањои худро вобаста ба масъалањои мубрами баррасишаванда иброз доштанд.
Сипас аз рўи барнома маърўзањо шунида шуданд. Маърўзачиён зимни баромадњои худ ба ањамият, хусусият ва дигар масъалањои матрањшаванда андешаронї намуда, њамчунин вобаста ба дурнамои он низ ибрози назар намуданд.
Дар фарљоми ин њамоиши илмї аз љониби иштирокдорон як силсила хулоса, таклифу тавсияњои судманди илмї вобаста ба масъалањои гуногуни барассишаванда пешнињод шуданд. Изњори умед карда шуд, ки натиљањои ин конфронси љумњуриявї барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07