Нимаи аввали рўзи 2-юми ноябри соли 2021 бо ибтикори кафедраи њуќуќи конститутсионии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон конференсияи љумњуриявии илми назариявї дар мавзўи: “Ањамияти Конститутсия дар ташаккули давлати Тољикистон” баргузор гардид. Дар кори он роњбарияти донишгоњ ва факултети њуќуќшиносї, устодону кормандони факултет, олимону донишмандони соња, аспирантону унвонљўён, магистрњо ва намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд. Зимни ифтитоњи њамоиши илмї декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. ба муњиммият ва ањамияти мавзўњои баррасишаванда ишора намуда, гузаронидани чунин њамоишњои илмиро ба маќсад мувофиќ шумориданд ва барои баргузории чунин конфронси сатњи љумњуриявї ки метавонад дар таќвияти донишњои устодони љавон таъсиргузор бошад, изњори сипос намуданд..
Сипас аз рўйи барнома маърўзањои илмии иштирокчиён шунида шуданд. Маърўзачиён зимни баромад ањамият ва моњияти масъалањои баррасишавандаро шарњ дода, њамчунин мушкилот ва дурнамои онро низ пешбинї намуданд.
Дар фарљоми конфронси мазкур аз љониби иштирокчиён як зумра хулоса ва таклифу тавсияњои судманди илмї пешнињод шуданд.
"The role of the Constitution in the formation of the state of Tajikistan"
The Republican Theoretical Conference on “The Importance of the Constitution in the Formation of the State of Tajikistan” was held at the National University of Tajikistan.