Боиси ифтихору сарбаландист, ки давоми солњои Истиќлоли давлатї Донишгоњи миллии Тољикистон ба як маркази бонуфузи омодасозии кадрњои лаёќатманд ва њайати роњбарикунанда табдил ёфтааст. Дастпарварони ин боргоњи муќаддас имрўз дар вазифањои гуногуни давлатї кору фаъолият намуда, барои пешрафти соњањои мухталифи њаёти давлативу љамъиятї хизмати содиќонаву софдилона намуда истодаанд.
Дар њамин асно дар асоси Амри Президенти Љумњурии Тољикистон №АП-116 таърихи 2-юми ноябри соли 2021 мудири кафедраи њуќуќи љиноятї ва муќовимат бо коррупсия, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Сафарзода Анвар Ислом муовини сардори Раёсати маориф, фарњанг ва иттилооти Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон таъйин гардид.
Аз ин рў, садорат, њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносї Сафарзода Анвар Исломро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ин вазифаи пурмасъул самимона табрику шодбош намуда, ба эшон саломативу сарбаландї, пирўзиву хушнудї ва фатњи ќуллањои баланди касбиро орзу менамоянд.
Рўзгоре барои ибрат
Сафарзода Анвар Ислом 26-уми августи соли 1985 дар ноњияи Фархор ба дунё омадааст. Соли 2002 ба факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) дохил шуда, соли 2007 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солњои 2007-2009 ассистенти кафедраи њуќуќи љиноятї, солњои 2009-2012 аспиранти шуъбаи рўзона, солњои 2012-2015 дотсенти кафедраи мазкур буд. Аз соли 2015 то кунун њамчун мудири кафедраи њуќуќи љиноятї ва муќовимат бо коррупсия фаъолият мекунад. Соњиби унвони илмии дотсент аз рўйи ихтисоси 12.00.08 - њуќуќи љиноятї ва криминалогия; њуќуќи иљрои љазои љиноятї ва дараљаи илмии доктори илмњои њуќуќшиносї мебошад. Мавсуф муњаќќиќи масъалањои сиёсати њуќуќии љиноятї, муќовимат ба љиноятњои иќтисодї ва коррупсия буда, соли 2011 дар шањри Москва рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Љавобгарии љиноятї барои ќонунигардонии (расмикунонии) маблаѓњои пулї ё молу мулке, ки ѓайриќонунї ба даст оварда шудаанд (аз рўйи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон)» ва соли 2019 дар шањри Душанбе рисолаи докториашро дар мавзўи «Њифзи њуќуќии љиноятии фаъолияти соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон» њимоя намудааст. Сафарзода А.И. ба донишљўён аз фанњои њуќуќи љиноятї, њуќуќи иљрои љазои љиноятї ва курсњои махсуси «Сиёсати њуќуќии љиноятї» ва «Муќовимат ба љиноятњои иќтисодї ва коррупсия» дарс гуфта, муаллифи беш аз 100 асари илмию тањќиќотї ва таълимию методї дар дохил ва хориљи кишвар мебошад. Њамчун муњаќќиќи масоили љиноятњои иќтисодї ва коррупсия дар конференсияњои бонуфузи илмии сатњи љумњуриявї ва байналмилалї ширкат намуда, борњо ба Федератсияи Россия, Иёлоти Муттањидаи Амрико, Ќазоќистон, Булѓористон сафар карда, аз такмили ихтисос гузаштааст. Њамчун узви гурўњи корї дар тањияи лоињањои Кодекси иљрои љазои љиноятї ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи муќовимат бо коррупсия» иштирок намудааст. Соли 2016 барои нашри як силсила асарњои илмї дар робита ба мавзўи љиноятњои иќтисодї ва коррупсия бо Љоизаи ба номи Исмоили Сомонї барои олимони љавон дар соњаи илмњои гуманитарї сарфароз гардонида шудааст. 12 сол собиќаи кори илмию омўзгорї дошта, оиладор, соњиби чор фарзанд аст.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07