Пас аз пош хўрдани Иттињоди Шўравї Тољикистон дар радифи дигар давлатњои собиќ роњ ба сўи мустаќилиятро гирифта, санаи 9 сентябри соли 1991 истиќлолияти комили худро ба даст овард ва њамчун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї пазируфта шуд. Халќи шарафманду фарњангсолори тољик пас аз њазор соли бедавлатї имрўз соњиби давлат, забон, фарњанг ва арзишњои муњими давлатдорї буда, маскани он дар шинохт ва пазироии арсаи байналмилалї ба пуррагї муайян аст. Дар ин бобат, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон иброз доштаанд, ки «Агар ба шикасти давлати бузурги Сомониён парокандагии миллат сабаб гардида бошад, пас ба парокандагии баъдинаи он набудани давлат сабаб шудааст». Пас аз соњибистиќлол гардидани Љумњурии Тољикистон роњи кишвари азизи мо ба сўи оянда боз њам дурахшонтар гардид. Дар ин давра, халќи шарафманди мо тавонист ба дастовардњои зиёде ноил гардад, ки яке аз онњо ин ќабули Конститутсия мебошад. Ин санади басоњам муњиму таќдирсози миллат муайянкунанда ва кафолатдињандаи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба њисоб рафта, муаррифгари мо дар сатњи љомеаи љањонї мањсуб меёбад. Агар ба таърихи ќабули Конститутсия (6 ноябри 1994) назар афканем пас хотирнишон бояд сохт, ки ин бахтномаи миллат ба осонї ва сабукї ба мо даст надодааст. Дар он замонњои тазод ва љонбозињо барои пурра ва воќеан ҳам њимоя намудани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва манфиатњои давлат њуљљате лозим буд, ки дар асл таъмингари ин њуќуќњо шуда тавонад. Барои ќабули Конститутсия чанд маротиба лоиҳаи он таҳия гардида буд, вале бо сабабҳои гуногун то ба интиҳои кор омада нарасид. Вале баъдтар, Тоҷикистони азиз бо кўшишу заҳматҳои фарзандони нобиѓаи худ тавонист ин лоиҳаро таҳия намуда то умќи кор бурда расонад. Барои тањияи лоињаи Конститутсия ва ќабули он Эъломияи истиќлолияти ЉШС Тољикистон (24 августи соли 1990) асос гардида буд. Мутобиќи моддаи 5 Эъломияи мазкур «Дар њудуди РСС Тољикистон њукмравоии Конститутсияи РСС Тољикистон ва ќонунњои РСС Тољикистон» муќаррар гардида буд. Замоне, ки зарурияти тањияи лоињаи Конститутсия ва ќабули он ба миён омад, комиссияи конститусионї бо роњбарии Эмомалї Рањмон таъсис дода шуд, ки эшон дар он ваќт ба њайси Раиси Шўрои Олї фаъолият менамуданд. Ин комиссия лоињаи Конститутсияро тањия намуда, барои муњокимаи умумихалќї пешнињод намуд. Лоиња дар рўзномањои љумњуриявї ва мањаллї ба нашр расида аз љониби шањрвандон мавриди муњокима ќарор гирифт. Ќобили зикри хос аст, ки дар Иљлосияи XVI-ум дар шањри Хуљанд баргузор гардида институти президентї аз Конститутсия хориљ гардида буд. Баъзењо дар он аќида буданд, ки барои кишвари мо љумњурии президентї бештар хос аст. Дигар ќисмати мардум бошад љонибдори љумњурии парламентї буданд. Њамин тариќ, њангоми тањияи лоињаи Конститутсия муќобилони институти президентї чунин ибрози андеша намуданд, ки Тољикистон бояд љумњурии парламентї бошад ва аз диди худ чунин аќидаро ба ќавле дастгирї ва асоснок мекарданд. Дар натиља, бо дарназардошти бањсу музокирањо 2 лоиња, яке лоињаи Конститутсияи љумњурии парламентї ва дигаре лоињаи Конститутсияи љумњурии президентї тањия гардид. Вале барои овоз додану љонибдорї кардан аз љониби халќ танњо лоињаи љумњурии президентї пешнињод гардид ва дар Комиссияи конститутсионї љумњурии президентї аксарияти овозњоро соњиб гардида дониста шуд. Њангоми муњокимаи лоињаи Конститутсия онњо барои ЉТ пурра зарур будани љумњурии президентиро бо асосу далелњои даќиќ исбот намуда, иброз доштанд, ки барои мо танњо ва танњо институти президентї зарур аст. Њанўз дар иљлосияи 19-уми Шўрои Олии ЉТ Пешвои миллат ќайд намуда буданд, ки «Шакли мувофиќ ва боэътимоде, ки имрўз ба шароити мушаххаси ЉТ љавоб медињад, љумњурии президентї мебошад» ва њамин тавр низ шуд. Конститутсияе, ки њоло амал мекунад дар моддаи 1 ќисми 2 пешбини менамояд, ки шакли идораи ЉТ президентї мебошад. Њамин тариќ, 20 июли соли 1994 «Ќонун дар бораи ислоњоти конститутсионї» ќабул гардид ва дар ин ќонун тарзи омода намудани лоиња ва ќабулу интишори Конститутсия муайян гардида буд. Билохира, 6 ноябри соли 1994 бо роњи райъпурсии умумихалќї Конститутсияи ЉТ ќабул гардид. Мањз њамин Конститутсия ифодагар ва эъмори давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона гардида, муайян намуд, ки дар ЉТ халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї мебошад. Бояд тазаккур дод, ки ҳанўз дар моддаи 1 Эъломияи истиќлолияти ЉШС Тољикистон давлати соњибихтиёр, демократї ва њуќуќбунёд будани Тољикистон ќайд гардида буд, вале ин меъёр он ќадар таъминагари ин гуфтањо шуда наметавонист. Вале пас аз ќабули Конститутсияи соли 1994 ин меъёрњо ба таври расмї эълон гардида, дар моддаи 1 мустањкам гардонида шуд. Дар партави Конститутсияи соли 1994 мамлакат дорои як ќатор ќонунњои наву сарнавиштсоз гардид, ки муњимтарин муносибатњои љамъиятиро танзим менамоянд. Баъди оне ки Конститутсия дар тарҳи нав соли 1994 ќабул гардид, Пешвои миллат иброз доштанд, ки рўзи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи ЉТ як воќеаи бузург ба вуќўъ пайваст. Халќи тољик дар таърихи чандинњазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи комили хешро ќабул намуд. Њар як моддаву меъёри он бањри њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, густурдатар гардонидани пояњои давлатдорї ва муњайё намудани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои њар як инсон бахшида шудаст.
То ќабули Конститутсияи соли 1994 Тољикистон дар доираи Конститутсияи даврони Шўравї фаъолият менамуд. Имрўз њама маќомотњои давлатї, шахсони мансабдор ва дигар шањрвандони оддї аз доираи муќаррар намудаи Конститутсия берун намебароянд ва фаъолияти онњо мањз аз ин Ќонуни асосии давлат сарчашма мегирад. Агар ба таърихи ворид гардидани мафњуми Конститутсия ба Тољикистон назар андозем, пас донистан зарур аст, ки ин мафњум бори аввал пас аз Инќилоби октябр соли 1917 дар Россия ва барќарор гаштани њокимияти Шўравї дар Осиёи марказї ворид гардидааст. Тољикистон њамчун узви соњибихтиёри Шўравии сотсиалистї Конститутсияи аввалини худро соли 1929 ќабул кардааст. Пас аз оне ки Тољикистон аз Љумњурии мухтор ба Љумњурии Иттифоќи Шўравии Сотсиалистї мубаддал гардид 25 феврали соли 1931 Конститутсияи Љумњурии Иттифоќи Шўравии Сотсиалистии Тољикистон ќабул гардид, ки ин як заминаи муњими эљоди ќонунгузории нав мањсуб меёфт. Конститутсияи соли 1937 бошад давраи гузаришро аз сохти кўҳна ба сохти сотсиалистї ба охир расида эълон намуд ва асосҳои ҷамъияти сотсиалистиро муќаррар намуд. Тибќи он ҳокимияти давлатї ба халќ таалуќ дошт ва баъзе аз ҳуќуќу озодиҳои позитивии шаҳрвандон низ эълон гардида буд, вале бояд гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра поймол гардидани ҳуќуќу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва иљро нагардидани ќонуният ба чашм мерасид. Бо вуҷуди ин ҳама костагї Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон (соли 1937) ташаккули асосҳои нави сиёсї, иќтисодї ва иҷтимоиро муќаррар намуд. Бар ивази низоми мураккаби маќомоти намояндагии ҳокимияти давлатї низоми нави нисбатан содда ва ошкоро ташкил гардид. Низоми ќайдгардида дар Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 бе таѓйир боќї монд.
Њамин тариќ, пас аз соњибихтиёру соњибистиќлол гардидани ЉТ ќонуният хусусияти конститутсионї гирифта, иҷроиши он ба тадриҷ устувор гардид ва мавќеву манзалати худро дар ҷомеа пайдо намуд. Конститутсияи айни замон амалкунанда дар моддаи 10 пешбини менамояд, ки давлат ва ҳамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шањрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо уҳдадоранд Конститутсия ва дигар ќонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Аз ин рў, ҳар ќадар солҳо моро аз ќабули ин санади таќдирсоз дур бубарад ҳамон ќадар аҳамияти он дар замони муосир мазмуну моҳияти навро касб менамояд ва ҳамчун ифодагари азму ирода ва нияту оромонҳои неки инсонї ва равшангари роҳи пешрафти њаёти ҷомеа мегардад. Дар воќеъ, ин Конститутсия аз Конститутсияҳои замони Шўравї ба куллї фарќ дошта, дар он рукнҳои давлатдорї, таҳкими волоияти ќонун, раванди демократикунонї, самтҳои фаъолияти давлат, баланд бардоштани шууру маърифати ҳуќуќии ҳар як шаҳрванд таљассум гардидааст. Ин ќонуни асосии давлат дар ќисмати муќаддимавї зикр менамояд, ки халќи Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонї ба ҳисоб рафта, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул медонад ва баҳри соҳибихтиёрї ва рушду нумўи ин давлат фаъолият менамояд, зеро ин вазифаи муќаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Конститутсия санаде мебошад, ки дурнамои инкишофи давлатро муайян мекунад ва он барои садсолаҳо ќабул гардида дар он вазифа, маќсад ва пешрафти ҷомеа барои ояндаи дур муќаррар карда мешавад. Ќисмати муќаддимавии Конститутсияро ба инобат гирифта, риоя ва иҷрои меъёрҳои ин ќонуни асосии давлатро сарманшаи кори худ ќарор медињем ва авлавияти онро дар баландтарин кохи њушёрї пиндошта, сарсупурдаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз мегардем ва бори дигар ба ҷаҳониён собит менамоем, ки рисолати таърихии ин миллат созандагист.
Собиров М.Ш. - ассистенти кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07