Бо амри таърих миллати сарбаланду тамаддунофар ва фарњангсолору бунёдкори тољик дар интињои садсолаи гузашта рўзи 9-уми сентябри соли 1991 арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарват – Истиќлолияти давлатиро ба даст овард, ки ин санаи муќаддас дар таърихи навини рушди давлатдории миллї абадан бо њарфњои заррин њаккокї хоњад шуд.
Истиќлолият њамчун воќеаи фарањбахши таърихї ва њодисаи муњиму сарнавиштсоз ба тољикон озодиву соњибихтиёриро њадя намуда, боис гардид, ки дар харитаи сиёсии љањон давлати нав бо номи Тољикистон бо тамоми унсурњои давлатдории миллї арзи њастї намояд ва њамчун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї аз љониби давлатњо ва созмону ташкилотњои бонуфузи байналмилалї расман шинохта шавад.
Њодисаву воќеањо ва таѓйироту тањаввулотњои босуръати солњои аввали истиќлолияти давлатї мардуми тољикро дар роњи њифзу нигањдошти ин сарвати бебањо ба душвориву мушкилињои сангин мувољењ кард. Аз њама нангинаш он буд, ки бо айби гуруњу њизбњо, афроди ноогоњ, бетаљрибагии сиёсї ва дахолати бевоситаи аљнабиён Тољикистон ба коми оташи љанги тањмилии шањрвандї кашида шуд. Дар натиља ба хољагии халќи мамлакат талафоти зиёди молї ва љуброннопазири маънавї расонида шуда, њазорон шахсони бегуноњ љони худро аз даст доданд. Дар чунин шароити њассоси таърихї давлати тоза ба истиќлол расидаи тољикон ва миллати фарњангсолори тољик дар чорсўйи таќдир дар њолати яъсу навмедї ќарор гирифта, роњу равиши минбаъда ва дурнамои пешрафти он зери суол ќарор гирифта буд. Вазъияти баамаломада зарурати ољилан андешидани тадбирњои заруриро љињати хомўш кардани љанги шањрвандї, ба њам овардани миллати пароканда, таъмини оромию субот ва ба суйи њаёти муътадил рањнамун кардани мардуми тољикро таќозо менамуд.
Дар чунин шароити њассоси таърихї баргузории иљлосияи таќдирсози 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистонро моњи ноябри соли 1992 дар шањри бостонии Хуљанд метавон аз дастовардњои беназири халќи тољик дар оѓози солњои соњибихтиёрї эътироф намуд. Ин иљлосия заминањои мусоиди њуќуќиву сиёсиро барои таъсиси њукумати конститутсионї, расидан ба сулњу субот, ба вуќўъ пайвастани дигаргунї ва пешравињои азимро дар љомеаи Тољикистон фароњам оварда, дар ќалби њар як тољику Тољикистонї шўълаи умедро ба сўйи фардои неки давлатдории миллї, таъмини рўзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурузон намуд. Дар иљлосия 74 санади меъёрии њуќуќї, аз љумла 15 ќонун, 52 ќарор, 6 фармон ва 1 изњорот ќабул карда шуданд, ки сањми онњо дар ташаккули минбаъдаи низоми њуќуќї, устувории њаёти сиёсии кишвар, эњёи давлатдории миллї, њалли низоъи дохилии тољикон ва хомўш кардани алангаи љанги тањмилии шањрвандї беназиранд.
Бузургтарин дастоварди ин иљлосияи таќдирсоз ин бо амри Парвардигор бозёфти фарзанди бонангу номус, ќавииродаву ватандўст, далеру љасур, покзамиру нексиришт ва ѓурури баланди миллидошта Эмомалї Рањмон њамчун Сарвари Давлат буд. Ё ин ки ба нигоштаи бамавриди шоири ширинкалом:
Аз пушти њазор соли навмедињо,
Сомонии нав ба тахти Сомон омад.
Ин фарзанди фарзонаи миллат љон дар каф бо як далериву љасорати бемисл масъулияти баланди роњбариро ба душ гирифта ба наљоти миллату давлати тољикон бархост. Сарвари давлат такя ба хиради азалии мардуми тољик роњи ягонаи њалли низоъи дохилии тољиконро танњо аз тариќи музокироту гуфтушунид пеша намуда, барои расидан ба сулњи деринтизор камари њиммат баст.
Барои амалисозии шоњкорињои азим, ислоњотњои иќтисодиву иљтимоии таъминкунандаи зиндагонии арзандаи сокинони мамлакат ва ба роњ мондани њамкорињои муфиди байналмилалї љанги шањрвандї монеањои љиддї эљод мекард. Аз ин рў, яке аз вазифањои аввалиндараљаи роњбарияти Давлату Њукумати мамлакатро дар он шабу рўз њарчи тезтар хомуш кардани љанги шањрвандї, таъмини сулњу салоњ, ба њам овардани миллати тољик, ба по мондани низоми нави њуќуќии кишвар ва баланд бардоштани эътимоду боварии шањрвандони Тољикистонро ба фардои ояндаи дурахшони ин сарзамини таърихї ташкил медод. Амалисозии ин иќдому тадбирњо танњо дар асоси заминањои боэътимоди њуќуќиву конститутсионї имконпазир буд.
Дар ин замина, 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст аз тариќи раъйпурсии умумихалќї бо дастгирии аксарияти шањрвандони кишвар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ќабул гардид, ки он дурнамои пешрафти Тољикистонро њамчун давлати демокративу њуќуќбунёд муайян карда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагонии босаодати ҳар фард заминаи мусоидро фароњам овард. Гузашта аз ин, дар њамин рўз чорабинии дигари муњими сиёсї – Интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, ки сокинони шарафманди мамлакат Эмомалї Рањмонро якдилона ба мансаби Президенти Тољикистон интихоб намуданд. Њанўз 27-сол муќаддам, рўзи 16-ноябри соли 1994 Эмомалї Рањмон дар маросими расман шурўъ кардан ба иљрои вазифаи Президенти Љумњурии Тољикистон ба халќи Тољикистон савганд ёд карда, ваъда дода буданд, ки тамоми кушишу њастиву хешро бањри сарсабзию хуррамї ва пешрафти давлату миллати тољик равон хоњанд кард.
Бояд љавонмардона эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозї дар љойи хушку холї, бе заминањои муайяни устувори молиявию моддї, иќтисодиёти фалаљгашта сањлу осон набуд. Танњо нафаре метавонист ба ин корњо дастболо шавад, ки бо дарки ѓуруру њуввияти баланди миллї тамоми њастиву вуљуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.
Дар натиљаи азму талош, кушишу пайкорњои бемисл ва хизмату зањматњои арзандаи шабонарўзии ин шахсияти барљастаи таърихї такя ба дастгирии сокинони сарбаланди мамлакат дар як муддати кутоњи таърихї барои хомўш кардани алангаи љанги шањрвандї, рафъи хатари парокандашавии миллат ва заволёбии давлати тољикон тадбирњои муассир андешида шуданд. Миллати тољик дар симои Эмомалї Рањмон - шахси хирадманду дурандеш, роњбари оќилу тавоно, ќањрамони асил ва Пешвои њаќиќии хешро пайдо намуд.
Дар заминаи ќабули ќарорњои таърихию таќдирсоз, роњандозї намудани ташаббусњои созандаву сиёсати њадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирњои маќсадноки фарзанди содиќу вафодори миллат - Сарвари мањбуби тољикон Эмомалї Рањмон дар тамоми соњањои њаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва њуќуќии кишвар дигаргунињои куллї ба вуќуъ пайваста заминањои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллї гузошта шуд. Љумњурии Тољикистон роњи бунёди давлати њуќуќбунёд, соњибихтиёр, демократї, дунявї ва ягонаро пеш гирифта дар як муњлати кутоњи таърихї соњиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллї, ќуввањои мусаллањ, асъори миллї ва тамоми рукнњои давлатдории миллї гашт.
Дар робита ба ин масъала яке аз сањифањои муњиму дурахшони таърихи навини давлати љавони Тољикистонро ин ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ташкил медињад. Пас аз баргузории чандин даври музокирот ва гуфтушуниди сулњи тољикон дар шањрњои Алмаато, Ашќобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машњад, Москва, Тењрон ва Њусдењи Афѓонистон миёни намояндагони Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Иттињоди нерўњои мухолифини тољик тањти сарпарастии нозирони байналмилалї 27 июни соли 1997 дар шањри Москваи Федератсияи Россия созишномаи мазкур ба имзо расонида шуд. Воќеан санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тољикистони соњибистиќлол абадан бо њарфњои заррин сабт хоњад шуд. Ба имзо расидани созишномаи мазкур як гардиши куллиеро дар роњи расидан ба вањдати сартосарї, таъмини сулњи деринтизор ва амалисозии ислоњотњои низоми давлатдорї рўйи кор овард.
Мањз бо шарофати хизматњои барљаставу арзандаи таърихии ин абармарди бузурги сањнаи сиёсат дар самти таъмини сулњу вањдати миллї, хомўш кардани оташи љанги шањрвандї ва рафъи хатари парокандашавиии миллату заволёбии давлат бо дастгириву ташаббусњои бевоситаи халќи Тољикистон якдилона бо ќалби саршор аз мењру муњаббат ба ў маќоми Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат лоиќ дониста шуда, аз тариќи ќонун танзими њуќуќї пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муњташами сулњи тољикон, ки бевосита бо дастони ин чењраи сиёсии эътирофшудаи сатњи байналмилалї бунёд шудааст, њазорсолањо бегазанд хоњад монд. Бовар дорем, ки таљрибаи бузурги сулњоварї ва давлату миллатсозии Пешвои муаззами тољикони љањон садсолањо мавриди омўзиш, пазириш ва таваљљуњи њамешагии давлатњои олам ва ањли башар ќарор хоњанд гирифт.
Дар натиљаи амалисозии сиёсати сулњљўёна ва бомароми хориљии Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бо назардошти манфиатњои миллї Љумњурии Тољикистон њамчун ќисмати људонопазири љомеаи љањонї имрўз аз љониби 178 давлатњои дунё ба расмият шинохта шуда, бо онњо робитањои устувори дипломатї ба роњ мондааст. Бо азму талошњои пайгиронаи Сарвари мањбуби Ватанамон Тољикистон дар дунё њамчун давлати ташаббускори њалли як ќатор масъалањои хусусияти глобалидошта эътироф шудааст. Бо шарофати зањматњои хастанопазири ин абармарди сањнаи сиёсат Тољикистонро љањон шинохт, миллати тољик дар дунё муаррифї гашт, овози тољик ба гўши ањли башар расид ва садои тољик аз минбарњои баланди созмону ташкилотњои бонуфузи байналмилалї танинандоз гашт. Љойи фахр аст, ки аксарияти ташаббусњои Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба њалли масъалањои глобалии сайёра, хосатан оид ба оби тоза, таъмини амният ва дигар мушкилоти экологї аз љониби Созмони Миллали Муттањид бо ќаноатмандї ќабул шудаанд. Давлати Тољикистон муаллифи чор ташаббуси бузург дар соњаи об, аз љумла «Соли байналмилалии оби тоза 2003», «Дањсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои њаёт» солњои 2005-2015», «Соли байналмилалии њамкорињо дар соњаи об, соли 2013», «Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солњои 2018-2028» мебошад, ки имрўз дар сатњи чањонї пазируфта ва амалї шуда истодааст. Роњбари давлати тољикон бо туфайли фаъолияти густурдаи сиёсати хориљї ва ташаббусњои созандаи сатњи байналмилалї дар арсаи байнамилалї, хосатан миёни роњбарони кишварњои пешрафтаи љањон ва минтаќа нуфузу эътибори баландро соњиб буда, барои кушишу талошњои босамар бо мукофотњои байналмилалии сатњи баланд ќадршиносї гардидааст. Тавре иттилоъ дорем, санаи 6-августи соли 2021 дар шањри Туркманбошии Љумњурии Туркманистон дар вохўрии машваратии сарони давлатњои Осиёи Марказї Президенти Туркманистон муњтарам Гурбонгулї Бердимуњаммадов бо ќарори муштараки сарони давлатњои Осиёи Марказї барои хизматњои шоиста дар рушди муносибатњои дустї, њамсоягии нек, њамдигарфањмї ва њамкории давлатњои Осиёи Марказї, тањкими сулњу амният дар минтаќа, пешбурди манфиатњо ва ташаббусњои муштараки кишварњои минтаќа дар арсаи байналмилалї нахусин мукофоти олї – “Нишони фахрии сарони давлатњои Осиёи Марказї”-ро дар вазъияти тантанавї ба Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон таќдим намуданд. Гузашта аз ин Тољикистон давоми солњои соњибихтиёрї ба як макони баргузории чорабинињо ва њаммоишњои гуногуни сатњи баланди сарони давлату њукуматњои хориљ табдил ёфтааст. Аз љумла, соли равон Тољикистон раёсати ду созмони бонуфузи байналмилалї – Созмони Њамкории Шанхай ва Созмони Ањдномаи Амнияти Дастаљамъиро ба зимма дошт, ки онњо дар сатњи баланди ташкилї баргузор шуда, барои боз њам боло рафтани мавќеъ ва нуфузи Тољикистон дар арсаи байналмилалї мусоидат менамоянд.
Хизматњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат - Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти эњё ва эњтироми суннату арзишњои миллї, зинда гардонидани номи шахсиятњои барљастаи таърихї, муттафакирони оламшумули тољику форс, чењрањои шинохтаи динї ва ањли илму адаб беназиранд. Иќдомњои амалинамудаи Пешвои миллат дар ин љода беихтиёр ба шинохт ва эътирофу эњтироми дастовардњои таърихии миллати тољик, гиромидошти мероси бою пурѓановати ниёгонамон, густариши њуввияти миллї ва боло рафтани ѓуруру нангу номуси мењанпарастї мусоидат намуданд.
Дар умум, бояд эътироф намуд, ки бо шарофати Истиќлолият давоми се дањсолаи охир тањти њидояту роњнамоињои њамешагии Сарвари давлат дар тамоми самтњои фаъолияти давлатї ва љамъиятии кишвари мањбубамон тањаввулотњои азим ва дигаргунињои куллї ба вуќуъ пайваста, дар самти пешрафти њама соњањои хољагии халќи мамлакат як љањиши бузург ба миён омад. Бо шукргузорї аз самараву баракати Истиќлоли давлатї, дар натиљаи ибтикороти пайвастаи Њукумати мамлакат дар роҳи эъмори давлати демокративу њуќуќбунёд, тањкими давлатдории миллї, таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, сулњу вањдати комил, боло бурдани сатњи некуањволии мардум, таъмини рушди устувори соњањои њаёти иќтисодиву иљтимої, амалишавии њадафњои стратегии кишвар - таъмини истиќлолияти энергетикї, таъмини амнияти озуќаворї, рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва саноатикунонии босуръати иќтисодиёти мамлакат, бунёди љомеаи адолатпарвар ва боло бурдани маќому манзалати Тољикистон дар арсаи байналмилалї корњои бузург амалї шуда истодаанд. Бунёду таъмир ва ба истифода додани роњу наќбњои нав барои рањої аз бунбасти коммуникатсионї мусоидат намуда, имкон фароњам оварандд, ки дар чор фасли сол миёни тамоми минтаќањои кишвар рафту омади сокинони он таъмин карда шавад. Бунёди роњњои байналмилалї барои пайвастшавии бемайлони Тољикистон ба кишварњои дунё ва бозори љањонї заминањои мусоид фароњам овард.
Бо ќаноатмандї изњор медорем, ки дар дарозои си соли сипаришуда Љумњурии Тољикистон њамчун давлати демокративу њуќуќбунёд роњи пуршебу фароз ва басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду мењнатќарин, ватандўсту ободкори кишвар бо дастгирї ва пуштибонии амиќ аз сиёсати њадафмандонаву бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба дастовардњои бузурги мењнатї ва истењсолї ноил гаштаанд. Дар воќеъ таърихи навини давлатдории тољиконро бе зањмату талош, хизматњои арзандаву шоистаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон тассавур кардан имконнопазир аст. Мардонавор бояд иќрор шуд, ки тамоми дастовардњои Ватани мањбубамон дар масири 30-соли Истиќлоли давлатї дар тамоми самтњои фаъолияти давлативу љамъиятї бевосита ба хизматњои арзандаву беназир ва кушишу талошњои хастанопазири Пешвои муаззами миллат иртибот доранд.
Таъмини сулњ, вањдати сартосарї, ризоияти миллї, сарљамъии миллат, оромию субот дар љомеа, хомўш кардани љанги шањрвандї, баргардонидани тамоми гурезагони иљборї, аз вартаи нестї ва парокандагї наљот додани давлату миллати тољик, эњёи давлатдории миллї, муаррифии миллати тамаддунофару фарњангсолори тољик ба љањониён, аз бузургтарин ва беназиртарин хизматњои таќдирсозеанд, ки Сарвари давлат барои давлату миллати тољик анљом додаанд.
Њамзамон, мавриди зикри хос аст, ки дар замони соњибихтиёрии давлатї тањти њидоятњои бевоситаи Пешвои миллат дар њаёти њуќуќии кишвар дигаргунињои куллї ба вуќуъ пайвастанд, ки ба назари мо баргузории иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олї; ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон; ба имзо расидани Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї; амалисозии ислоњоти конститутсионї; ислоњоти судї-њуќуќї дар Тољикистон; такмили фаъолияти њуќуќэљодкунї; ќабули ќонунњои миллї; таъсиси заминањои њуќуќиву институтсионалии њифзи њуќуќи инсон; ќабули Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2018 аз барљастатарин намунаи ин дастовардњост.
Боиси сарфарозию шодмонист, ки мо дар арафаи таљлили љашни шукўњманди Рузи Президенти Љумњурии Тољикистон ќарор дорем. Ин санаи муќаддас дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи рўзњои ид” санаи 16-уми ноябр таљлил карда мешавад. Љашни иди Рузи Президенти Љумњурии Тољикистон рамзи садоќату вафодорї ба Президент, Ватани мањбуб, миллати тољик ба њисоб рафта омили муњими иттињод, сарљамъї ва ягонагии халќи тољик ба њисоб меравад. Дар асл таърих гувоњ аст, инсоният шоњид аст, ки Эмомалї Рањмон њамчун Президенти Љумњурии Тољикистон тавонист, ки киштии умеди мардуми тољикро ба соњилњои мурод расонад. Гузашти солњо собитќадамона собит намуданд, ки њар он чизеро ки Сарвари Давлат ба миллати хеш ваъда карда буданд, фаррохтар ва бештар аз он иљро намуда истодаанд.
Дустони азиз. Пас биёд дар чунин марњилаи њассоси таърихї бо назардошти вазъи зудтаѓйирёбандаи љањони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шањрвандї, ифтихори волои ватандорї, њисси баланди миллї атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон муттањид шуда, њамчун рамзи садоќат ба Тољикистони азиз, Пешвои муаззами миллат барои тањкими вањдати миллї ва ободию пешрафти кишварамон содиќонаву софдилона хизмат намоем.
Дар чунин лањзањои фарањбахш бо камоли эњтирому сарфарозї ва ќалби лабрез аз фарању шодї таљлили иди Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистонро ба кули њамватанони азиз фархунда гуфта, ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон саломативу сарбаландї, саодатмандию пирўзї, иќболи баланду барор кор ва ба Тољикистони азиз пешрафту инкишофро орзумандам.
Мањмудов И.Т. – мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07