Тањти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соли сеюм аст, ки озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної китоб аст» баргузор мегардад.
Маќсад аз озмуни мазкур баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва њамчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мањсуб меёбад. Дар он иштирокчиён аз рўи 5 номинатсия, яъне хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоњї, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ иштирок намуданд.
Дар озмуни имсола аз њисоби дастаи донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистон ассистенти кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносї Рустамзода Шукрона фаъолона иштирок намуда, бо зањмату талошњои худ шурўъ аз даври донишгоњї ва ноњиявї то ба даври шањрї омада расид ва дар натиља аз рўи номинатсияи 3-юм – хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоњї сазовори љойи 2-юм гардида, бо маблаѓи 15 њазор сомонї ќадрдонї карда шуд ва роњхат ба даври љумњуриявї гирифт.
Њамчунин дар озмуни мазкур донишљўи соли 2-юми ихтисоси њуќуќи байналњалќї Њафиззода Насиба аз рўи номинатсияи 2-юм - хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ иштирок намуда, сазовори љойи 3-юм гардид.
Аз ин рў, садорат, њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ, Рустамзода Шукрона ва Њафиззода Насиба-ро барои ѓолиб омаданашон дар ин озмун самимона табрику шодбош намуда, ба онњо тањсину офарин мехонанд ва дар ин баробар саломативу сарбаландї, пирўзиву хушнудї, ва фатњи ќуллањои баланди илмиро орзу менамоянд.
.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07