Таърихи 20-уми ноябри соли 2021 дар бинои ТСО-и шањраки донишљўён вохўрии ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои иќтисодї, профессор Хушвахтзода Ќ.Х. бо њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносї сурат гирифт.
Дар оѓозсухани худ ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, профессор Хушвахтзода Ќ.Х. њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносиро ба муносибати 30-юмин солгарди љашни муќаддаси миллї – Истиќлолияти давлатї, љашнњои сипаришудаи Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон, Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олї ва љашни ќарибулвуќўи Рўзи парчами давлатии Љумњурии Тољикистон самимона табрику шодбош намуда, ба њар як иштирокчї саломативу сарбаландї ва муваффаќияту комёбї бањри иљрои софдилонаву содиќонаи масъулияти касбиву илмї ва ба хотири пешрафти Тољикистони азиз орзу намуданд.
Ректори донишгоњ бо ќаноатмандї иброз намуданд, ки факултети њуќуќшиносї дар масири фаъолияти пурсамари худ тавонист мутахассисони соњибтаљрибаро омода намояд, ки онњо имрўз дар вазифањои масъулиятноки давлатї содиќона ба нафъи давлату миллати тољик хизмат намуда истодаанд. Инчунин, њайати устодону кормандони факултет сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро сармашќи фаъолияти кории худ карда, њамеша дар талоши амалї намудани њадафњои пешбининамудаи давлату Њукумати кишвар мебошанд. Факултети њуќуќшиносї њамчун боргоњи муњташами илму маърифат нуфуз ва манзалати худро аз даст надода, талош менамояд то дар раванди зудтаѓйирёбандаи љомеаи муосир мутахассисони љабовгў ба талаботи бозори мењнат ва содиќ ба халќу миллатро омода намояд.
Сипас, профессор Хушвахтзода Ќ.Х. љараёни фаъолияти факултетро дар самтњои таълиму тарбия, илм, робитањои байналмилалї ва хољагидорї мавриди баррасии амиќ ќарор дода, иброз намуданд, ки дар баробари муваффаќиятњои шоён, њамзамон баъзе камбудињое љой доранд, ки њалли онњо масъулияти сариваќтиро таќозо менамоянд. Махсусан, дуруст ба роњ мондани раванди таълим ва тарбия, чопи рисолањои илмї ва маќолањои илмї дар хориљи кишвар, иштирок дар олимпиадањои байналмилалї ва таќвият додани њамкорињо бо донишгоњу донишкадањои хориљи кишвар аз љумлаи масъалањое мебошанд, ки бояд ба онњо таваљљўњи махсус зоњир карда шавад.
Баъдан, декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. баромад намуда, иќдоми пешгирифтаи ректори донишгоњро шоёни тањсин хонданд ва иброз намуданд, ки факултети њуќуќшиносї чун кохи боњашами илму маърифат минбаъд низ масъулияти худро дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси касбї ва содиќ ба халќу миллат бо сарбаландї анљом дода, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллатро њамаљониба дар амал татбиќ менамояд.
Дар фарљоми љаласа ќарори Шўрои олимони факултети њуќуќшиносї љињати сарфароз гардонидани ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои иќтисодї, профессор Хушвахтзода Ќ.Х. бо «Сипоснома»-и факултети њуќуќшиносї ироа карда шуд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07