Имрўз (24.11.21) дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон чорабинии илмї бахшида ба рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид.
Дар он роњбарияти факултет, устодону кормандон, олимону донишмандон, намояндагони васоити ахбори омма, аспирантону унвонљўён, магистрњо ва њамчунин намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.
Дар оѓозсухан декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. њозиринро ба муносибати рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон самимона табрику шодбош намуда, иброз доштанд, ки Парчами давлатї рамзи сулњу субот, вањдату ягонагї ва таљассумгари ормонњои миллии халќамон мањсуб меёбад ва он бояд, ки њамчун шўълаи имон ва оташи виљдони њар як фарди мамлакат то абад парафшон бошад.
Сипас аз рўи барнома маърўзањо шунида шуданд. Маърўзачиён зимни баромадњои худ ба ањамият ва зарурияти ин санаи фарањбахш андешаронї намуда, ќайд намуданд, ки Парчами давлатї барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, ҳувияти миллї ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори миллї ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон ба њисоб меравад.
Дар фарљом бори дигар тамоми мардуми шарифи Тољикистонро ба рўзи Парчами давлатї табрику муборакбод намуда, ба онњо саломативу сарбаландї ва ба Тољикистони азизамон осмони софу беѓубор орзу намуданд.
Бигзор парчами давлатии Љумњурии Тољикистон њамчун муќаддасоти бебадали миллї дар баландтарин кохи њушёрї њифзу нигањдорї карда шавад.
of the Republic of Tajikistan.