Тоҷикон ҳанӯз аз бомдоди таърих ҳамчун халқи асилу соҳибватан ва ягона халқи ориёинажод дар қаламрави Осиёи Миёна бо тамаддуну фарҳанги баланд зиндагонӣ намуда, дар ҳар заминае ба рушди маънавӣ ва моддии башарият нақши арзандаву боризи худро гузоштанд. Ниёгони мо аз қадим давлатсозу фарҳангсолор буда, арзишҳои давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва рамзҳои давлатиро дар баландтарин кохи ҳушёрӣ ниҳода, дар ҳар давру замон барои поянда нигоҳ доштани парчами озодӣ гомҳои устувор гузоштанд.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше буд, ки мавҷудияти давлатро ифода намуда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ арзи вуҷуд дошт, ки он – Дирафши Ковиёнӣ буд ва онро Ахтари Ковиёнӣ низ меномиданд. Вожаҳои Дирафш ва Ахтар дар замонҳои пеш ба маънои парчам ва нишон фаҳмида мешуданд. Ахтар ба маънои ситора, яъне ситораи бахту иқбол, сарнавишту толеъ ва дирафш бошад, ба маънои нур, дурахшидан, рӯшноӣ додан ва ё тобидан омада буд, ки он ҳамчун парчам маҳсуб меёфт. Ба ин минвол аввалин парчами таърихии тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешуд. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатӣ буд. Дар даврони Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болоии он таҷассуми парандаи заррин – мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд. Чунончи, дар асари безаволи Устод Фирдавсӣ «Шоҳнома» омадааст: “Ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодони мо дирафши хоси худро доштаанд”. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисориҳо кардаанд.
Мутаассифона, дар замони мо маълумоту маъхазҳои таърихӣ дар бораи парчамҳои давлатҳои асри миёнагии тоҷикон чун давлати Сомониён вуҷуд надорад.
Асри ХХ барои миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик асри талошу муборизаҳо барои эҳёи давлати миллӣ ва умуман асри бедории миллат буд. Маҳз дар ин айём ба миллати тоҷик ташкили давлат, қабули рамзҳои давлатӣ, муаррифии як кишвар бо номи миллии тоҷикон – Тоҷикистон муяссар гардид.
Ба монанди ном, Парчам ва Нишони давлатӣ дар шинохти ҳар кишвар нақши муҳим дошта, нишондиҳандаи ангезаҳо, ормонҳо, чигунагии нигариши сиёсию фалсафаи миллатҳо ва баёнкунандаи шароити чуғрофию фарҳангӣ ва ҳаводиси сарнавиштсоз дар таърихи ҳар як миллат аст.
Дар замони Шӯравӣ то қабули парчами кунунӣ Тоҷикистон борҳо парчамҳои худро иваз намуд, ки ин ба омилоти таърихиву сиёсии кишвар тавъманд аст. Воқеан ҳам соҳиби парчам будан барои ҳар халқу миллат мояи ифтихор ва шарафмандист. Ҳар давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр соҳиби парчам ва нишон аст ва маҳз тавассути онҳо арзишҳои миллии худ аз қабили таърих, фарҳанг, забон ва тамаддунашро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Шоёни зикр аст, ки Парчами Тоҷикистони Шӯравӣ чандин маротиба мавриди тағйирот қарор гирифта буд, чунки Тоҷикистон дар аввал ҳамчун ҷумҳурии мухтор ва баъдан ҳамчун ҷумҳурии алоҳидаи Шӯравӣ таъсис ёфт.
Аз соли 1924 то соли 1992 бо пешрафту дигаргун шудани вазъияти сиёсии давлат парчамҳои он низ иваз гардид. Баъди оне ки Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ аз хайати ҶШС Узбекистон баромад ба ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт ва ба ҳайати ИҶШС дохил гардид ва аввалин парчами худро 23 феврали соли 1929 қабул намуд. Бо гузашти 2 соли он, яъне соли 1931 дар замоне, ки Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон қабул гардид, зарурат ба иваз намудани парчами он ба миён омад ва дар натиҷа парчам иваз карда шуд. Парчами зикргардида муддати 5 сол, яъне аз соли 1931 то соли 1935 амал намуда, бинобар сабаби номувофиқ буданаш ба талаботи замон боз зарурати қабули парчами нав ба миён омад. Ҳамин тариқ, 4 июли соли 1935 парчам дигарбора иваз гардид ва дар он номи ҷумҳурӣ бо забони русӣ навишта шуд ва он то соли 1940 амал намуд. Аз соли 1940 то соли 1946 парчам боз иваз карда шуд. Замоне ки соли 1928 алифбои тоҷикӣ аз форсӣ ба лотинӣ табдил ёфт ин ба парчам низ бе асар намонд ва дар он бо ҳарфҳои лотинӣ “RSS Tojikiston” ва русӣ “Таджикская ССР” навишта шуд, ҳамчунин дар болои он нишонаи досу болғаро нигоштанд. Баъди оне ки алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ иваз гардид парчам боз дигар карда шуд. Яъне дар он номи ҷумҳурӣ бо ҳарфҳои кирилии тоҷикӣ “РСС Тоҷикистон” ва русӣ “Таджикская ССР” навишта шуд ва ин парчам то соли 1953 Тоҷикистонро муаррифгар буд. Аз соли 1953 то соли 1991 парчами Тоҷикистон як матои росткунҷаи сурх буда, дар он рахи сафед ва сабз тасвир гардида буд, ки рахи сафеди он назар ба рахи сабз як маротиба калонтар буд ва дар болои он нишонаи досу болға гузошта шуда буд. Аз соли 1991 то соли 1992 бошад Тоҷикистон парчами замони шӯравиашро бо андак таҳаввулот, яъне бе нишонаи досу болға истифода мебурд. Моҳияту мақсади парчам ин якдилӣ ватандустӣ муттаҳидии мардум баҳри озодӣ ва мустақилият мебошад.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани ҶТ яке аз дастовардҳои беназири он ин қабули Парчами давлатӣ дар тарҳи нав буд, ки 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои олии ҶТ қабул гардид ва мавриди амал қарор гирифт. Яъне санаи 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ бо тарҳи нав қабул гардид, ки баъдтар бо қабули Конститутсия бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ он хусусияти конститутсионӣ гирифт. Нишони давлатӣ бошад, ба таъхир 28 декабри соли 1993 қабул гардид ва то қабули он ҳамон нишони даврони шӯравӣ, ки дар байни он рамзи шер тасвир гардида буд, амал мекард.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар иборат аст. Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Парафшонии Парчам нишон аз ҳокимият дар қаламрави муайян, рамзи пирӯзӣ ва муаррифгари миллату давлатҳои алоҳида ба шумор меравад. Маҳз Парчам ва Нишони давлатӣ аст, ки Истиқлоли давлат комил мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки таърихи 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи даврони истиқлолият қабул гардид ва дар моддаи 3-и он рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муқаррар гардид.
Имрӯз воқеан ҳам боиси сарфарозист, ки кишвари мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва парчами мо дар радифи парчамҳои давлатҳои абарқудрат дар бонуфузтарин созмонҳову ташкилотҳои ҷаҳонӣ парафшон аст ва инро гиромӣ бояд дошт.
Вобаста ба азизу муътабар будани Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намудаанд: «мардуми шарифи кишвар таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкорӣ ва созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд ва ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона заҳмат кашида истодаанд».
Ҳамин тариқ, 11 декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд ва дар қисми якуми он қайд гардид, ки Парчами давлатии ҶТ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Пас аз қабули Низомнома 12 майи соли 2007 Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ» қабул карда шуд, ки мутобиқи Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозии он, моҳият ва тартиби истифодабарии он муқаррар гардидааст. Ҳамчунин мутобиқи Қонуни болозикр эҳтироми хосса нисбати он вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад ва дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тарзе муносибат намуд, ки беэҳтиромӣ нисбати он зоҳир нагардад, зеро ҳангоми беэҳтиромиву беэътиноӣ ва дигар кирдорҳои ношоям нисбати ин намоди муқаддаси миллат ҷавобгарӣ низ муқаррар гардидааст.
Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориаш ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намудаанд, ки аз ҷониби Маҷлиси Олии ҶТ қабул ва ҷонибдорӣ карда шуд. Мувофиқи ҳамин Қонун дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз як санаи хотирмоне барои ҳамаи тоҷикистониён илова гардид, ки ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии ҶТ ҷашн гирифта мешавад.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддас танҳо дар ҷойҳои махсус, ки қонунгузории ҶТ муқаррар намудааст, афрохта мешавад. Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ» парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти ҶТ, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Ҳукумати ҶТ, судҳои ҶТ, мақомоти прокуратураи ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии ҶТ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои ҶТ дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дигар ҷойҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, афрохта мешавад.
Ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатии ҶТ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии ҶТ бо баландии 30 метр ва паҳноии 60 метр дар пояи 165 метр, ки яке аз баландтарин Парчам дар ҷаҳон мебошад, парафшон гардид.
Ҳамин тариқ, парчам ин нангу номус, ифтихор ва шарафи ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб рафта, симои сиёсии ҳар як давлатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян менамояд. Парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон буда, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат мебошад ва ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон неруву қудрати созандагӣ мебахшад.
Азимљон Љураев
ассистенти кафедра њуќуќи гражданї
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07