Арљ гузоштан ба таъриху фарњанг, арзишњои миллї ва бузургони гузашта аз љумлаи волотарин амалњои инсонї ба њисоб меравад, ки он дар маљмўъ масъулияти конститутсионии шахсро дар назди наслњои гузашта анљом медињад. Аз ин рў, давлату Њукумати кишвар њамеша дар талоши он аст то дар вуљуди насли наврас њисси ватандўстї ва хештаншиносиро бедор намуда, онњоро барои бунёди давлати миллї омода намояд.
Мањз бо дарназардошти арљгузорї ба хизматњои шоистаи шахсиятњои бузурги таърихи миллати тољик садорати факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ташаббус гирифтааст то донишљўёнро бо корнамоињои фарзандони фарзонаи миллат аз наздик ошно намояд. Бо ин назардошт, таърихи 30-юми ноябри соли 2021 донишљўёни соли якуми ихтисоси муносибатњои байналмилалї (њуќуќ) ва санљиши судї аз осорхонаи ќањрамонњои миллати тољик – Садриддин Айнї ва Мирзо Турсунзода боздид ба амал оварданд.
Дар раванди боздид аз осорхонаи Айнї иттилоъ доданд, ки дар ин ганљинаи бузурги таърихї шахсияти нодири таърихи миллати тољик, фарзанди барўманд ва љонфидои миллат Садриддин Айнї кору фаъолият намудааст. Дар замони соњибистиќлолї Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо дарназардошти хизматњои шоистаи ин абармарди таърих соли 1997 бо фармони худ Садриддин Айниро бо унвони «Ќањрамони Тољикистон» мушарраф гардониданд, ки хотираи нек ва руњи устоди миллатро шод намуданд. Инчунин, мањз бо ташаббуси Пешвои миллат номи шањру дењањо, боѓу гулгаштњо ва кўчаву хиёбонњои Ватани азизамон ба номи Садриддин Айнї гузошта шуд, ки ин низ гувоњ аз арљгузорї ба хизматњои хастанопазири фарзандони хирадпешаву матиниродаи тољикро ифода менамояд. Њамзамон, маълум гардид, ки дар замони Истиќлоли давлатї осорхонаи Айнї мавриди бозсозї ќарор гирифта, асарњои нодири мавсуф аз гўшањои гуногуни кишвар ва берун аз он гирдоварї карда шудаанд.
Баъдан, донишљўёни факултети њуќуќшиносї аз осорхонаи Мирзо Турсунзода дидан намуда, доир ба њаёт ва шахсияти ин шахсияти нодири таърихї маълумоти зарурї ба даст оварданд. Дар мадди аввал маълумот дода шуд, ки хизматњои шоистаи Мирзо Турсунзодаро Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќадрдонї намуда, ўро соли 2001 бо унвони «Ќањрамони Тољикистон» сарфароз намуданд. Тазаккур дода шуд, ки Мирзо Турсунзода дар муаррифии давлату миллати тољик ва дўстии халќњои Шарќу Ѓарб хизмати шоиста анљом дода, тавонистааст то миллати тољикро дар соѓари ќалбњои ањолии минтаќањои гуногуни дунё љой намояд.
Пас аз боздид намудани осорхонаи ќањрамонњои миллати тољик – Садриддин Айнї ва Мирзо Турсунзода донишљўён бо як љањон болидарўњї берун омада, таассуроти худро ба њам иброз менамуданд. Зикр карда шуд, ки чунин боздиднамої метавонад барои баланд бардоштани њисси ватандўстї, хештаншиносї ва арљгузорї дар вуљуди донишљўён замина гузошта, онњоро дар роњи дурусти зиндагї њидоят намояд. Садорати факултети њуќуќшиносї тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ донишљўёни дигари гурўњњои академиро барои боздид аз Осорхонаи миллї ва осорхонањои шахсиятњои таърихии миллати тољик сафарбар намояд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07