Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

160.jpg

Боздид аз осорхонаи миллии бостонии Тољикистон

Миллати тољик аз умќи таърих то ба њол дорои фарњанги пурѓановат ва оламшумул буда, бо ин соњибтамаддунии худ имрўз дар сатњи байналмилалї пазируфта шудааст. Гиромидошти арзишҳои таърихиву фарњангї, ки хоси миллати тољик мебошанд, вазифаи муќаддаси њар як шањрванд ба њисоб рафта, дар меъёрњои Конститутсияи ЉТ инъикоси худро пайдо намудаанд. Дар моддаи 44 Конститутсияи ЉТ пешбинї гардидааст, ки њифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангї вазифаи ҳар як шахс ба њисоб меравад. Аз ин рў, огоњии насли љавон, хусусан донишљўён аз таърихи гузаштаи миллати соњибтамаддуни худ, њисси миллї, хештаншиносї ва ватандўстии онњоро баланд бардошта, ифтихор аз арзишњои беназари таърихи миллати тољикро дар ботини онњо дучанд мегардонад.

Маҳз бо дарназардошти арҷгузорӣ ба арзишњои таърихї ва фарњангии миллати тоҷик садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ташаббус гирифтааст то донишҷўёнро бо ганљинаи бузурги таърихи гузаштаи миллат, ки дар осорорхонањои миллии кишвари азизамон – Тољикистони соњибистиќлол љойгир шудаанд, ошно созад. Бо ин назардошт, санаи 1 декабри соли 2021 донишҷўёни соли 4-уми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ (ҳуқуқ) аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Њангоми боздид аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон маълум гардид, ки ин фарњангистони љавњари таърихи миллат соли 2001 аз љониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои ЉТ ифтитоҳ гардидааст.  Ҳамзамон, маълум гардид, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат ба осорхонаи мазкур асарҳои нодиру гаронбањо, ки инъикоскунандаи таърихи оламгири миллати тољик ба њисоб рафта, дар як давраи муайяни таърихї дар њоли нестшавї ќарор доштанд аз гўшаҳои гуногуни кишвар ва берун аз он гирдоварӣ карда шудаанд.

Мањз бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин арзишњои таърихии миллати тољик, аз љумла ёдгории Саразм соли 2010 ба рӯйхати «Мероси умумиҷаҳонӣ»-и ЮНЕСКО  ворид гардидааст ва кашфиётњои нодири таърихї аз ин макони сароѓози таърих пайдогардида дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон нигањдорї мешаванд.

Дар баробари эњёи арзишњои таърихии миллати тољик наќши  Пешвои миллат дар нигањдошти мероси таърихи умумиљањонї беназир њисобида мешавад. Њангоми боздиди донишљўён аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон онњо бо нодиртарин муљассамаи таърихи инсоният – «Буддо дар ҳолати нирвана», ки тақрибан  13 метр андоза дошта,  аз гил  сохта шудаааст, вохўрданд. Њангоми муаррифии муљассамаи «Буддо дар ҳолати нирвана» роњбалади осорхона ќайд намуд, ки аз ин макон сайёњон аз Чин, Корея, Љопон ва дигар кишварњои хориљї бештар дидан мекунанд. Дар як маврид, ќайд намудан мумкин аст, ки шањрвандони баъзе аз кишварњои љањон, ки эътиќод ба дини буддої доранд, барои анљом додани расму оинњои динї ба ин макон меоянд. Аз ин рў, нигањдошт ва њифзи кашфиётњои нодири ин осорхона на танњо барои миллати тољик ва мардуми Тољикистон балки барои мардумони кишварњои хориљї низ зарурият дорад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша дар талоши он аст, ки ёдгорињои таърихиву фарњангї, ки гузаштаи таърихи миллати тољикро дар худ инъикос менамоянд дар вуҷуди насли наврас ҳисси ватандўстӣ ва худшиносиро бедор намуда, онҳоро барои бунёди давлатдории миллӣ омода месозад.

Дар умум, намоишгоҳҳои осорхонаро маҷмӯи бозёфтҳои намоишии он, ки беш аз панҷ ҳазор номгӯйро ташкил медињанд, дар бар мегирад.

Пас аз боздиди Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон донишҷўён таассуроти нек бардошта,  бо як ҷаҳон болидарўҳӣ њиссиёти худро дар мавриди зарурияти њифзу нигањдошти арзишњои таърихиву фарњангї ба ҳам иброз менамуданд.

Хурсандибахш аст, ки насли љавони ин Ватан дар симои Пешвои миллат посдори таърихи бебањои дирўзу имрўз ва ояндаи дурахшони миллати тољик ва мардуми Тољикистонро мебинанд.

Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ тасмим гирифтааст, ки минбаъд донишҷўёни дигари гурўҳҳои академиро барои боздид аз Осорхонаи миллӣ ва маконњои таърихии миллати тоҷик сафарбар намояд.

 
Visit the National Museum
 

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Хабарњо
  • Боздид аз осорхонаи миллии бостонии Тољикистон

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол