Тањти ин унвон субњи имрўз (6.12.2021) бо ибтикори кафедраи њуќуќи граждании факултети њуќуќшиносии ДМТ семинари илмї-назариявї бо иштироки доираи васеи омўзгорону аспирантон, олимон ва кормандони сохторњои гуногун баргузор гардид.
Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї д.и.њ., профессор Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории семинари мазкур гузориш доданд. Мавсуф иброз доштанд, ки дар љомеаи имрўза муносибатњо дар соњаи гражданї рўз то рўз мазмуну моњияти навро касб намуда, проблемањои гуногунро ба вуљуд меоранд. Аз ин рў, онњо зарурати тадќиќи алоњидаро таќозо менамоянд, ки ин ба рушду такмили ќонунгузории гражданї мутаасир мебошад.
Сипас, аз рўйи барномаи тањиягардида, маърўзањои устодони факултет шунида шуданд. Баромадкунандагон зимни баромад мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, дар хусуси мушкилот ва дурнамои он таклифу андешањои судманд баён намуданд.
Да охир оид ба маърўзањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањо сурат гирифтанд.