Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

56.jpg

Њуќуќи инсон дар раванди љањонишавї

Санаи 7-уми декабри соли 2021 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ бахшида ба таљлили рўзи њуќуќи инсон конференсияи љумњуриявии илмию назариявї баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон доир карда шуд.

Ректори ДМТ, доктори имлњои иќтисодї, профессор Хушвахтзода Ќобилљон Хушвахт зимни ироаи сухани ифтитоњии хеш њозиринро ба муносибати рўзи њуќуќи инсон табрику шодбош намуда, иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабинињои сатњи баланди илмї дар инкишофи низоми њуќуќии кишвар ва боло бурдани маърифати њуќуќии ањолї наќши боризи худро мегузорад. Мавсуф  наќш ва мавќеи миллати тољикро дар масири таърих дар роњи шинохти њуќуќи инсон ва эњтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбї намуд. Зикр гардид, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст њуќуќњои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд бањри ќабул намудани санадњои дигар дар самти њуќуќи инсон заминаи асосиро гузоштааст.

Пас аз ироаи аввалсухан ректори ДМТ Хушвахтзода Ќ.Х. декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С.-ро бахшида ба рўзи њуќуќи инсон бо ифтихорномаи Донишгоњии миллии Тољикистон ќадрдонї намуданд.

Сипас, декани факултети њуќуќшиносї профессор Рањмон Д.С. бо сухани шодбошї баромад намуда, сараввал ба ректори ДМТ профессор Хушвахтзода Ќ.Х. барои њусни таваљљуњ зоњир карданашон нисбати эшон изњори хушнудиву сипосмандї намуданд. Баъдан мавсуф зимни ироаи сухани шодбошї ќайд намуд, ки ЉТ дар самти њуќуќи инсон ба дастовардњои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор сањми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти ЉТ, муњтарам Эмомалї Рањмон хеле бузург аст. Таъсиси маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Ваколатдор оид ба њуќуќи кўдак ва дигар сохторњое, ки бевосита ба њуќуќи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусњои Пешвои миллат дар бахши тањкими маќому манзалати инсон ва њуќуќу озодињои њар фард мебошанд. Бинобар њамин, баргузории конференсияи мазкурро идомаи сиёсати давлатии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти ЉТ, муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти њуќуќи инсон унвон намуданд ва ба њозирин дар кори конференсия барору комёбї таманно карданд.

Дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориљї, намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ, Маљлиси Олии ЉТ, кормандони маќомоти судї, прокуратура, намояндагон аз вазоратњои адлия, корњои дохилї ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар, ВАО ва нињодњои љомеаи шањрвандї, инчунин устодону кормандони факултети њуќуќшиносї иштирок намуданд.

Дар љаласаи пленарии конференсия зиёда аз 19 маърўза дар мавзўъњои гуногуни њуќуќї, ба мисли дурнамои рушди њуќуќи инсон дар Тољикистон; озодї ва њуќуќи инсон; инкишофи технологияњои муосир ва баъзе аз масъалањои амалишавии њуќуќњои корпоративї; таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар раванди тафтиши љиноят; њуќуќи инсон дар њошияи амалисозии њадафњои рушди устувори СММ; мулоњизоте чанд доир ба эътирофнамої ва амалисозии њуќуќи инсон; љанбањои њуќуќї ва иљтимоии зўроварї дар оила; њамкорињои дуљонибаи Љумњурии Тољикистон дар самти њимояи њуќуќи муњољирони мењнатї бо давлатњои иштирокчии Иттињоди Давлатњои Мустаќил; эњтимолияти бегуноњї ва баъзе мушкилоти он дар самти њуќуќи инсон; њифзи шаъну шарафи инсон аз туњмат ва тањќир дар Љумњурии Тољикистон; тањлили њуќуќї-конститутсионии њуќуќу озодињои сиёсї; њуќуќи инсон ба мењнат; масъалаи риояи њуќуќи шахс њангоми дастгиркунї дар мурофиаи љиноятї; њуќуќи инсон дар афкори башар ва ѓ. пешнињод ва мавриди баррасї ќарор гирифтанд.

Конференсия кори худро дар се бахш ба роњ монда, дар он зиёда аз 60 маърўза бо забонњои тољикї ва русї дар шакли бевосита ва ѓоибона пешнињод гардиданд. Маърўзањои мавриди баррасї ќароргирифта фарогири масъалањои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї, њуќуќи байналмилалї, ҳуқуқи конститутсионӣ; гражданї, љиноятї, маъмурї, механизмњои миллї ва байналмилалии њимояи њуќуќи инсон буданд.

Зимни баррасии мавзўъњои зикргардида аз љониби олимон пешнињодњо оид ба инкишофи соњањои мухталифи њуќуќ ва мукаммал намудани ќонунгузории миллї ироа карда шуд. Ќайд гардид, ки Конститутсияи ЉТ њуќуќу озодињои инсонро арзиши олї эълон кардааст. Аз ин рў, риояи њуќуќу озодињои инсон бояд мењвари фаъолияти маќомоти давлатї, корхонаву муассиса, шахсони воќеї ва њуќуќиро ташкил дињад.

Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатњи баландро нишон аз Вањдати миллї, тинљиву амонї ва самараи Истиќлоли давлатї арзёбї намуда, таъкид карданд, ки арзиши олї эълон шудани инсон ва њуќуќу озодињои ў мањз самараи даврони соњибихтиёрї аст.

Дар фарљоми конференсияи љумњуриявї иштирокчиён ќатънома ќабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешнињодњо ва натиљањои конференсия барои такмили ќонунгузорї ва рушди низоми њуќуќии кишвар ба маќомоти дахлдори давлатї дастрас карда мешаванд.

Изњори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар баланд бардоштани сатњи донишњои њуќуќии мутахассисони соња, инкишофи соњањои гуногуни њуќуќ ва тањкими ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар самти њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши арзандаи худро хоњад гузошт. Иштирокчиён таъкид доштанд, ки новобаста аз гуногунии миллату халќиятњо, дину мазњаб, ранги пуст ва дигар аломатњои иљтимої миллати ягона, дину мазњаби ягона сокинони сайёраро бо њам мепайвандад, ки он њуќуќи инсон аст.

 
Under this title
 

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Хабарњо
  • Њуќуќи инсон дар раванди љањонишавї

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол