Тањти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соли сеюм аст, ки озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної китоб аст» баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва њамчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мањсуб меёбад.
Дар озмуни имсола иштирокчиён аз рўи 5 номинатсия, яъне хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоњї, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ иштирок намуданд.
Дар озмун аз њисоби дастаи донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистон дар баробари дигар иштирокчиён, њамчунин ассистенти кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї Рустамзода Шукрона ва донишљўи соли 2-юми ихтисоси муносибатњои байналмилалї (њуќуќ)-и факултети њуќуќшиносї Њафиззода Насиба низ фаъолона иштирок намуда, бо зањмату талошњои худ шурўъ аз даври донишгоњї ва ноњиявї то ба даври шањрї омада расиданд ва сазовори љойњои ифтихорї гардида, роњхат ба даври љумњуриявї гирифтанд.
Дар марњилаи мазкур Рустамзода Шукрона аз рўи номинатсияи сеюм – хондану аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоњї иштирок намуда, сазовори љойи 3-юм гардид. Њафиззода Насиба бошад аз рўи номинатсияи 4-ум - хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ иштирок намуда, сазовори љойи 2-юм гардид.
Аз ин рў, садорат, њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ, Рустамзода Шукрона ва Њафиззода Насиба-ро барои ѓолиб омаданашон дар ин озмун самимона табрику шодбош намуда, ба онњо тањсину офарин мехонанд ва дар ин баробар саломативу сарбаландї, пирўзиву хушнудї, ва фатњи ќуллањои баланди илмиву эљодиро орзу менамоянд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07