Факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун кохи бузурги донишу хирад дар тарбия намудани ҳуқуқшиносони варзида ва кадрҳои баландихтисос нақши босазо дорад. Хурсандиовар аст, ки теъдоди устодони унвондор дар факулет рӯз аз рӯз ба маротиб зиёд гардида, онҳо пайваста бо унвонҳову дастовардҳои илмӣ сарфароз гардонида мешаванд ва ба ин васила хазинаи илмии мамлакатро бою ғанӣ мегардонанд.
Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат пайваста бо дарки баланди масъулият ва ифтихори ватандорӣ баҳри таҳкими волоияти қонун, иҷобати адолати иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ гомҳои устувор мегузоранд.
Дар асоси гуфтаҳои болозикр санаи 4-уми январи соли 2022 ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Азимова Зебоҷон Муродалиевна дар мавзӯи “Санадҳои корпоративӣ дар механизми танзими ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқи ҳуқуқии умуминазариявӣ” ва ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ Амренова Шогуна дар мавзўи “Проблемаҳои шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир ва бағоҷ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаҳои номзадии худро сарбаландона дифоъ намуданд.
Аз ин рӯ, садорат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ Азимова З.М ва Амренова Ш-ро ба ин дастовардашон аз самими қалб муборакбодӣ намуда, ба онҳо рӯзгори хушу осуда ва фатҳи қуллаҳои нави илмиву эҷодиро баҳри пешбари илми тоҷик таманно менамоянд.