Таърихи 11-уми январи соли 2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он аз натиҷаи фаъолияти яксолаи донишгоҳ ва устодону кормандони ин боргоҳи донишу хирад ба ҳозирин њисобот манзур карда шуд.
Дар кори он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Н.М. ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ доктори илмњои иќтисодї профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар аввалсухани худ аз натиҷаи фаъолияти яксолаи донишгоҳ ва устодону кормандони он ба аҳли нишаст хисобот дода, дар маҷмуъ соли 2021-ро барои донишгоҳ соли бобарор ва аз ҳар ҷиҳат муфид эълом дошт.
Дар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар масъалаҳои зарурӣ, ҳамчунин тибқи фармоиши ректори донишгоҳ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулиҳо тақдим карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки дар озмуни болозикр аз факултети ҳуқуқшиносӣ ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ Рустамзода Шукрона (љойи 3) ва донишҷӯи соли 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ (ҳуқуқ)-и факултети ҳуқуқшиносӣ Ҳафиззода Насиба (љойи 2) иштирок намуда, ѓолиб омаданд.
Дар ин баробар бояд изҳор дошт, ки соли 2021 дар ДМТ «Соли рушди сифати таҳсилот» ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад аз ҷониби Шуъбаи назорати сифати таҳсилот озмун аз рӯи 4 номинатсия – «Факултети беҳтарин», «Кафедраи беҳтарин», «Омӯзгори беҳтарин» ва «Донишҷӯи сол» эълон гардида буд.
Пас аз натиҷагирӣ ба сифати «факултети беҳтарин» – факултети ҳуқуқшиносӣ ва ба сифати «Донишҷӯи сол» – Забиров Шоҳрух донишҷӯи соли 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ эълон гардиданд.
Расидан ба ин дастоварди беназир қабл аз ҳама самараи заҳмату талошҳои шабонарӯзиву бесобиқаи устодону кормандони факултет зери роҳбарии декани факултет доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Раҳмон Д.С. ба ҳисоб меравад.
Дарвоқеъ, имрӯз факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун кохи бузурги донишу хирад дар тарбия намудани ҳуқуқшиносони варзида ва кадрҳои баландихтисос нақши босазо дорад.
Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат пайваста бо дарки баланди масъулият ва ифтихори ватандорӣ баҳри таҳкими волоияти қонун, иҷобати адолати иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ гомҳои устувор мегузоранд.
Дар ҷаласаи мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иброз намуданд, ки раёсати донишгоҳ минбаъд низ чунин озмунҳоро дар байни сохторҳои мухталиф ба роҳ мемонад, ки мақсад аз он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, беҳтар намудани сифати таҳсилот ва рушди илми ватанӣ ба ҳисоб меравад.
Пирӯзӣ ва муваффақияти навбатӣ мояи шарафмандӣ буда, онро ба устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ сидқан шодбош гуфта, умед менамоем, ки факултети ҳуқуқшиносии ДМТ нуфуз ва манзалати худро садсолаҳои оянда низ побарҷо нигоҳ медорад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07