Санаи 16-уми феврали соли 2022 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бо ташаббуси кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї конференсияи љумњуриявии илмию амалї дар мавзўи «Рушди фаъолияти оперативї-љустуљўї дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.
Дар кори он роњбарияти донишгоњ, факултет, устодону кормандон, олимони соња, намояндагони маќомоти њокимияти давлатї, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, аспирантону унвонљўён ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. зимни ироаи аввалсухани худ нахуст њузури мубораки мењмонон ва ањли нишастро хайру маќдам гуфта, сипас ба ањамият ва зарурияти мавзўи матрањшаванда, ки ба рушди фаъолияти оперативї-љустуљўї дар Љумњурии Тољикистон равона гардида буд, ишора намуданд ва ба масъулин барои гузаронидани чунин њамоиши илмии сатњи баланд изњори сипосу миннатдорї намуданд.
Сипас аз рўйи барномаи кории конференсия баромадкунандањо оид ба пањлуњои гуногуни мавзуъњои худ маърўзањо ќироат карданд. Маърўзачиён зимни баромадњои худ ба ањамият ва мубрамияти мавзўи баррасишаванда андешањои судманд баён намуда, дурнамои онро барои чанд соли дар пеш истода муайян намуданд.
Њамин тариќ дар њамоиши илмии мазкур табодули афкори судманд миёни маърўзачиён ва ањли нишаст доир гашта, таклифу тавсияњо ва пешнињодњои судманд ба миён гузошта шуд ва дар нињояти кор ќатънома ќабул карда шуд.
Изњори умед карда шуд, ки натиљањои ин њамоиши илмї барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07