Нимаи аввали рўзи 3 марти соли 2022 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бо ташаббуси Созмони љавонони факултети њуќуќшиносї ва Љамъияти илмии донишљўён семинари илмї-назариявї бахшида ба рўзи байналмилалии занон тањти унвони «Тарбияи њуќуќии занон ва баланд бардоштани мавќеи онњо дар љомеа» баргузор гардид.
Дар семинари фавќуззикр доираи васеи шахсон аз ќабили роњбарияти факултет, устодону кормандон, олимону донишмандон, аспирантону унвонљўён ва магистрњо иштирок доштанд.
Зимни ифтитоњи чорабинии мазкур сараввал декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. њамагонро ба муносибати рўзи байналмилалии занон самимона табрику шодбош намуда, сипас изњор доштанд, ки дар оянда низ чунин семинарњо, ки дар он донишљўён метавонанд завқи китобхониву донишандўзї, санъати суханварї, тақвияти неруи зеҳнӣ ва њамчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии худро баланд бардоранд, гузаронида шавад.
Баъдан аз рўи барнома маърўзањо шунида шуданд. Маърўзачиён зимни баромадњои худ сараввал ба ањамият ва зарурияти баргузоршавии иди модарон андешаронї намуда, сипас пањлуњои муњимми маърузањои худро, ки метавонанд ба рушди илми кишвар таъсиргузор бошанд ба њозирин ироа намуданд.
Дар фарљом бори дигар тамоми мардуми шарафманди Тољикистонро ба рўзи модарон табрику муборакбод намуда, ба онњо саломативу сарбаландї ва ба Тољикистони азизамон осмони софу беѓубор орзу намуданд.