Таърихи 2-юми апрели соли 2022 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ љаласаи падару модарони донишљўёни курси 4 баргузор гардид.
Љаласаро декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин барои ташриф оварданашон ба ин даргоњи муќаддас изњори сипосу миннатдорї намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити кунунии рушди давлатдорї бо назардошти омилњои гуногун зарурати омода намудани њуќуќшиносони насли муосир, ки њаматарафа аз донишњои њуќуќї бархурдор буда, дар рўњияи ватандўстї, хештаншиносї, арљгузорї ба муќаддасоти миллї, пос доштани арзишу суннатњои миллї, њифзи манфиатњои давлат, гиромидошти тамомияти арзї ва якпорчагии Тољикистон тарбия ёфтаанд, ба миён омадааст. Њуќуќшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки љињати таъмини адолат, тањкими ќонуният, тартиботи њуќуќї ва амнияти кишвар љидду љањд дошта бошанд. Аз ин рў, баргузории љаласаи падару модарон ин масъулиятро дучанд гардонида, ба раванди тањсили донишљўён низ таъсири мусбат мерасонад.
Ќайд гардид, ки факултети њуќуќшиносии ДМТ њамчун боргоњи бузурги илму маърифат дар омода намудани муттахассисони баландихтисос наќши муассир дошта, шароитњои дараљаи баланди тањсилро ба донишљўён муњайё намудааст.
Дар љаласа масъалањои мухталиф, аз ќабили раванди баргузории имтињонњои давлатии хатм ва имтињонњои љорї, ба зинаи магистратура љалб намудани донишљўён пас аз хатми факултет, таќсимоти давлатии донишљўён, масъалањои мубрами марбут ба хизмати њарбї, инчунин раванди таълиму тарбия ва ѓ. мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Аз љумла ќайд карда шуд, ки садорати факултети њуќукшиносї шароит фароњам овардааст, то падару модарони донишљўёне, ки дар шањру ноњияњои дурдасти кишвар истиќомат менамоянд, бо тариќи телефонї, суроѓаи электронии факултет ва љадвали электронии вазъи хониши донишљўён аз ањволи фарзандони худ бохабар бошанд.
Инчунин, дар љаласа садорати факултет диќќати волидайнро ба мазмуни Ќонунњои ЉТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар ЉТ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисањои олии таълимї» ва ѓ. љалб намуда, иљрои бечунучарои ќонунњои кишварро дар ин самт талаб намуданд.
Дар интињо, садорати факултети њуќуќшиносї љињати њавасмандгардонї ва арљ гузоштан ба зањмати падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандони худ ба як ќатор волидайн, ки фарзандонашон давоми чор сол бо бањои хубу аъло тањсил намуда, дар озмунњои гуногуни сатњи љумњуриявию байналмилалї фаъолона иштирок кардаанд, бо «Сипоснома»-и факултети њуќуќшиносии ДМТ ќадрдонї намуд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07