Субњи имрўз (14.04.2022) дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бо иштироки зиёда аз 15 нафар донишљўёни фаъоли факултет, ки ба шеъру ѓазал шавќу раѓбати зиёд доранд даври факултетии озмуни “Мавлонохонї” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмун пеш аз њама баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвару сухандон, омода намудани онњо ба озмуни љумњуриявии “Фуруѓи субњи доної китоб аст” ва њамчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мањсуб меёбад.
Марњилаи мазкурро доктори илмњои филологї, профессор Солењ Мирзо, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Дониёр Сангинов ва ассистенти кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносї Миралї Собиров њакамї намуда, ба донишљўёне, ки ба даври донишгоњї роњхат гирифтанд бо маќсади боз њам баланд бардоштани шавќу њаваси омўзиши мероси адабї, шиносоии бештари онњо ба осори гаронбањои бузургон, ташаккули тафаккури мантиќии онњо ва бедор намудани њисси ватандустиву ватанпарварї тавсияњову пешнињодњои судманд баён намуданд.
Њамчунин дар кори озмун муовини декан оид ба илм ва робитањои байналмилалї Куканов Айниддин ва магистри соли 1-уми факултет Пирова Гулафзо, ки роњбарии озмуни мазкурро ба зимма доштанд иштирок намуданд.
Озмуни мазкур аз шартњои зерин иборат буд:
- Ќироати ифоданоки ѓазал;
- Дарёфти вожањои калидї;
- Шарњи ѓазал аз дидгоњи гуногун;
- Љузъиёти њунарии ѓазал;
- Ањамияти эстетикї ва бадеии ѓазал ва ѓайра.
Дар охир ба донишљўёне, ки онњоро моњи сентябри соли равон даври донишгоњии озмун интизор аст барору комёбї ва пирўзиву сарбаландї орзу намуданд.