Субњи имрўз (30.04.2022) дар шањраки донишљўёни ДМТ, бинои (ТСО) маросими сафарбар намудани ихтиёрии хатмкунандагони курсњои 4-уми ДМТ ба сафи Ќуввањои Мусаллањи ЉТ баргузор гардид, ки 109 нафарашонро донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ ташкил медињанд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони маќомоти њифзи њуќуќ, роњбарияти донишгоњ ва падару модарони донишљўён иштирок доштанд.
Муовини вазири маориф ва илми ЉТ Лутфия Абдухолиќзода аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иќтибос оварда, иброз доштанд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рў, њар яки моро зарур аст, ки ба масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намоем.
Њамчунин, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Ќ.Х. дар рафти суханронии хеш аз тамоюли зиёдшавии сафарбарии ихтиёрии љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањ нисбат ба солњои гузашта ќайд намуда, чунин амали мардонагиро бањри рушду нумуи кишвар аз њар љињат манфиатовар шуморид ва ба донишљўёни бо нангу номус, ки ихтиёрона рў ба хизмати њарбї оварданд як ќатор имтиёзњоро, ба монанди мусоидат ба имтињони давлатии хатм, бе навбат ќабул шудан ба шуъбаи магистратура ва ѓ. муќаррар намуд.
Дарвоќеъ, хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07