Таърихи 29-уми апрели соли 2022 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ бањри баланд бардоштани фарњангу маърифати њуќуќї, ормону њуввияти миллї, дуст доштани касбу њунар, ва арљ гузоштан ба калонсолон вохўрии судманди устодони аршаду солори факултет номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ямоқова Зумрад ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саторов Ғаффор бо донишҷӯёни факултет сурат гирифт.
Дар вохўрии мазкур омӯзгорон сарравал ќудуми њар як донишљўро ба толор хайрумаќдам хонда, сипас иброз доштанд, ки ҷавонон муаррифгари давлату миллатанд ва имрӯзу фардои ватан мањз аз онњо вобастагї дорад.
Ќайд гардид, ки љавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Агар ба саҳифаи 30-солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои муаззами миллат Эмомалї Рањмон бо такя ба ҷавонони саодатманд ва дигар ќишрњои ҷомеа ба даст омадааст.
Њамин тариќ онњо бо донишљўён як суњбати хубу хотирмон гузаронида, аз овони хурдсолї то ба давраи камолоти худ ќисса намуданд ва дар фарљом ба онњо рӯзгори хушу осуда ва фатҳи қуллаҳои илмиву эҷодиро баҳри пешбари илми тоҷик таманно намуданд.