Чанде ќабл (30.04.2022) дар шањраки донишљўёни ДМТ, маросими сафарбар намудани ихтиёрии 109 нафар хатмкунандагони курсњои 4-уми факултети њуќуќшиносї ба сафи Ќуввањои Мусаллањи ЉТ баргузор гардида буд.
Ин шумора њадди нињої ва охирин набуда, дар њоли афзоиш ќарор дорад. Хатмкунандагон бо дарки баланди масъулият ва ќарзи шањрвандї рисолати мардонагии худро иљобат намуда, ба таври ихтиёрї ба хизмати њарбї сафарбар мегарданд.
Дар таќвияту перомуни гуфтањои боло субњи имрўз (5.05.2022) дар факултети њуќуќшиносї маросими гуселонидани боз 20 нафар хатмкунандагони курсњои 4-ум баргузор гардид.
Декани факултети њуќуќшиносї доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. њамаи он нафаронеро, ки тоза ба сафи Ќуввањои Мусаллањи ЉТ ворид мешаванд, барои ин азми љавонмардонаашон изњори сипосу миннатдорї намуда, иброз доштанд, ки љавононе, ки имрўз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат менамоянд, онҳо ҳамчун ҷавонони баркамол ва мардони ҳақиқӣ ба њисоб мераванд, зеро хизмат ба Ватан ин хизмат ба Модар, посдории муќаддасоти миллӣ ва арзишҳои суннатии миллати кӯҳанбунёди мо тоҷикон ба шумор меравад.
Дар охир ба њамаи ин љавонони ба ору номус, боғайрат ва қавииродаву ҷасур, ки эњсоси баланди масъулиятшиносї зоњир намуда, ихтиёран ба хизмати њарбї сафарбар гардиданд, роњи сафед, барору комёбї ва хизмати софдилонаву поквиљдононаро бањри њифозати марзу буми Ватани мањбубамон орзу намуданд.