28-уми майи соли 2022 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бо иштироки васеи намояндагони маќомоти давлатї таќсимоти давлатии хатмкунандагон баргузор гардид. Дар кори он намояндагони нињодњои муњими кишвар аз ќабили Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди конститутсионии ЉТ, Суди Олии иќтисодии ЉТ, Прокуратураи Генералии ЉТ, Вазорати рушди иќтисод ва савдо, Вазорати корњои дохилии ЉТ, Вазорати адлияи ЉТ, Кумитаи давлатии амнияти миллї, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи ЉТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ЉТ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва дигарон иштирок доштанд.
Маросими мазкурро декани факултети њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, њозиринро барои пазируфтани даъват ва ќадам ранља намуданашон ба ин боргоњи илму адаб изњори сипосу миннатдорї намуданд.
Ректори Донишгоњи миллии Тољикистон профессор Хушвахтзода Ќ.Х. низ зимни баромади худ сараввал њузури мубораки мењмононро ба Донишгоњ хайрумаќдам гуфта, иброз доштанд, ки ДМТ ҳамчун кохи бузурги донишу хирад дар тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар њама самт нақши босазо дорад. Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат пайваста бо дарки баланди масъулият ва ифтихори ватандорӣ баҳри таҳкими волоияти қонун, иҷобати адолати иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ гомҳои устувор гузошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалї мањсуб меёбанд.
Сипас тибќи талаботи муќарраргардида, хатмкунандагони факултет, ки донандаи забонњои гуногуни хориљї ва номзад ба гирифтани дипломи аъло ва муќаррарї буданд ба њозирин муаррифї гардида, барои ба кор љалб шудан дар маќомоти гуногуни давлатї роњхат гирифтанд.
Њамзамон аз њама намояндагони нињодњои давлатї хоњиш ба амал оварда шуд, ки аз фурсати муносиб истифода намуда, кадрњои воќеан арзанда ва лаёќатмандро, ки метавонанд барои пешрафти ватани азизамон Тољикистони њамешабањор сањмгузор бошанд интихоб ва ба кор сафарбар намоянд.
Дар фарљом бори дигар ба мењмонон сипосу миннатдорї баён гардида, ба эшон сарбаландї, хонаободї ва саодати рузгорро таманно намуданд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07