Санаи 23-юми июни соли 2022 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ семинари љумњуриявии илмию назариявї дар мавзўи «Наќши Вањдати миллї дар рушди низоми њуќуќии Тољикистон» бо иштироки доираи васеи омўзгорону аспирантон, олимон ва кормандони сохторњои гуногун баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоњї муовини декани факултети њуќуќшиносї н.и.њ., дотсент, Мирзозода П.З. њусни оѓоз бахшида, сараввал њозиринро ба рўзи Вањдати миллї, ки таљаллии ормонњои миллии њар фарди кишвар аст табрику муборакбод намуда, сипас ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории семинари мазкур гузориш доданд.
Сипас, аз рўйи барномаи тањиягардида, маърўзањои устодони факултет, ки бештаран ба Вањдати миллї њамчун бозёфти арзишмандтарин равона гардида буд шунида шуданд. Баромадкунандагон зимни баромад мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, дар хусуси мушкилот ва дурнамои он таклифу андешањои судманд баён намуданд.
Ќайд гардид, ки Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон новобаста ба давраҳои таърихӣ ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми мубориз, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти мо ба шумор мерафт.
Ин падидаҳои бемислу хуҷастаи замони Истиқлолият, ки ба ҳам тавъам мебошанд ва якдигарро пурра мекунанд, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро тақвият мебахшанд.
Њамин тариќ дар кори семинари илмии мазкур табодули афкори судманд миёни маърўзачиён ва ањли нишаст доир гашта, таклифу тавсияњо ва пешнињодњои судманд ба миён гузошта шуд ва дар нињояти кор ќатънома ќабул гардид.
Изњори умед карда шуд, ки натиљањои ин њамоиши илмї барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07