Ман намегўям, ки ў аз дори дунё рафтааст,
Љойи ў дар дида буд, акнун ба дилњо рафтааст.
Сахт гарон аст навиштани вопасин њарфњо барои рењлати як марди худогоњу Худоогоњ. Нафаре, ки тамоми умри пурбаракати худро мутеи донишандўзии донишљўён ва тарбияи насли наврас намудаву дар ин роњи пуршараф љон ба љонофарин супорид.
Аз садои шикасти дил, аз фарёди бефарёдраси дарду њасрат, аз умеду орзуњои рафта бо селоби ашки ѓаму оњ менависем, ки устоди хирадманду оянданигор, нубуѓи илми тољик, мураббии бегазанд, номзади илмњои њуќуќшиносї, профессор, Абдуллоев Неъмат Абдуллоевич аз дори фано ба олами баќо пайваст.
Ин хабари шум ва санаи номуборак њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносиро сахт андуњгин намуд, ки ин андуњи гарони мо дар иборањо намеѓунљад.
Ин ќофилаи умр аљаб мегузарад… Бале њикмати зиндагї њамин аст! Чи тавон кард, ки таќдир чунин будааст. Њељ нафаре дар ин дунё абадї нест ва ин дунё ба касе вафо нахоњад кард. Муътаќидем оламе, ки рахти сафар бастаї рушану гарм аст ва анвору сафо онљо бароят танин мегардад, зеро худ њамчун офтоби зиндагии шогирдон будї. Офтобе, ки доимо њамчун булур барои тадриси шогирдон ва ба камол расидани онњо медурахшидї. Бе шак метавон гуфт, ки дар он корвони сафари олами абадї тушае аз некињову хубињот, ки барои мо шогирдон кардаї бурдї.
Сад афсус рафтанат барои мо шогирдон як олам дарду доѓи беохир монд, ки бо ин дарди љонсузу љонгудоз мо то абад њамхонаем. Дасти дуои мо барои Шумо доимо побарљову, муњаббати бемисолат барои њамешагї дар ќалби мо боќї хоњад монд.
Алвидоъ!
Алвидоъ!
Алвидоъ!