Аз санаи 29-уми июн то 1-уми июли соли 2022 дар шањри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия 5-умин Форуми байналмилалии њуќуќшиносї баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони 28 давлати љањон иштирок намуданд. Аз Тољикистон дар ќатори дигар иштирокчиён профессори кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї Сафарзода Бахтовар Амиралї иштирок ва суханронї намуданд.
Форуми мазкур њамасола доир гардида, дар он њуќуќшиносони ихтисосњои гуногун аз тамоми мамолики љањон ширкат меварзанд ва масъалањои умдатарини самти њуќуќро, ки метавонанд барои инкишоф ва дурнамои илм ва амалияи њуќуќшиносї таъсири мусбати худро гузоранд, мавриди тањлилу баррасї ќарор медињанд.
Тазаккур бояд дод, ки дар њамоиши илмии мазкур 6 мавзуи асосї, ки ба масъалањои мубрами љањони муосир дар самти њуќуќи инсон бахшида шуда буд, мавриди баррасї ќарор гирифтанд. Њамчунин дар Форуми мазкур масъалаи азнавсозии њуќуќро дар шароити љањонишавї мавриди бањсу мунозира ќарор доданд.