Тањти ин унвон нимаи аввали рўзи 6-уми октябри соли 2022 дар заминаи кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон конференсияи љумњуриявии илмию назариявї дар мавзўи «Рушди фаъолияти њифзи њуќуќ дар Љумњурии Тољикистон» бахшида ба 30-солагии Иљлосияи таќдирсози ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид.
Дар кори он роњбарияти донишгоњ, факултет, устодону кормандон, олимони соња, намояндагони маќомоти њокимияти давлатї, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, аспирантону унвонљўён ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Ќурбонализода Н.Ш. зимни ироаи аввалсухани худ нахуст њузури мубораки мењмонон ва ањли нишастро хайру маќдам гуфта, сипас ба ањамият ва зарурияти мавзўи матрањшаванда, ки оид ба «Рушди фаъолияти њифзи њуќуќ дар Љумњурии Тољикистон» бахшида ба 30-солагии Иљлосияи таќдирсози ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон равона гардида буд, ишора намуданд ва ба масъулин барои гузаронидани чунин њамоиши илмии сатњи баланд изњори сипосу миннатдорї намуданд.
Мавсуф иброз доштанд, ки иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкунандаи тақдири фардои миллати тоҷик гардид. Ин иҷлосия бо талошу заҳматҳои шахсияти баруманди миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз намуда, масъалаи аввале, ки мавриди барассї ќарор гирифт сулҳу субот ва истиқлолияти комили давлати тоза соҳибистиқлоли тоҷикон буд. Бояд иброз дошт, ки иҷлосияи мазкур дар ҳаёти кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим бозид ва минбаъд тантанаи қонунро дар мамлакат таъмин намуда, дар роҳи бо тарзи конститутсионӣ ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа мусоидат намуд.
Сипас аз рўйи барномаи кории њамоиши илмии мазкур баромадкунандањо оид ба пањлуњои гуногуни мавзуъњои худ маърўзањо ќироат карданд. Маърўзачиён зимни баромади худ ба ањамият ва мубрамияти мавзўи баррасишаванда андешањои судманд баён намуда, дурнамои онро барои чанд соли дар пеш истода муайян намуданд.
Њамин тариќ дар кори конфронси фавќуззикр табодули афкори судманд миёни маърўзачиён ва ањли нишаст доир гашта, таклифу тавсияњо ва пешнињодњои судманд љињати такмили ќонунгузории кишвар дар соњањои мухталиф ба миён гузошта шуд ва дар нињояти кор ќатънома ќабул карда шуд.
Изњори умед карда шуд, ки натиљањои ин њамоиши илмї барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07