Боиси ифтихору сарбаландист, ки давоми солњои Истиќлоли давлатї Донишгоњи миллии Тољикистон ба як маркази бонуфузи омодасозии кадрњои лаёќатманд ва њайати роњбарикунанда табдил ёфтааст. Дастпарварони ин боргоњи муќаддас имрўз дар вазифањои гуногуни давлатї кору фаъолият намуда, барои пешрафти соњањои мухталифи њаёти давлативу љамъиятї хизмати содиќонаву софдилона намуда истодаанд.
Дар њамин асно дар асоси Амри Раиси Маљлиси миллии Маљлиси олии ЉТ таърихи 5-уми ноябри соли 2022 муаллими калони кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї, номзади илмњои њуќуќшиносї, Давлатов Диловар Давлатович мудири шуъбаи њуќуќи Дастгоњи Маљлиси миллии Маљлиси олии ЉТ таъйин гардид.
Аз ин рў, садорат, њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносї Давлатов Диловарро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ин вазифаи пурмасъул самимона табрику шодбош намуда, ба эшон саломативу сарбаландї, пирўзиву хушнудї ва фатњи ќуллањои баланди касбиро орзу менамоянд.