Имрӯз (01.02.2023) дар заминаи ҷаласаи онлайнии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода, ки санаи 31.01.2023 бо роҳбарони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ доир гардид, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ вохӯрии Одиназода Рамазон Сафар - директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар оғоз ректори донишгоҳ оид ба нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Пешвои миллат, татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, беҳтар намудани идеологияи солими онҳо, саҳми донишҷӯён дар корҳои ободию созандагӣ, донистани таърих ва тамаддуни миллӣ, тарғиби фарҳанги миллї, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ байни ҷавонон суханронӣ намуда, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ Одиназода Рамазон Сафар - директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, нақши ҷавононро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини сулҳу суботи сиёсӣ муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки Пешвои миллат барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд доимо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷалби онҳоро барои таҳсил дар давлатҳои хориҷӣ муҳим арзёбӣ намудаанд.
Гуфта шуд, ки ҷалби донишҷӯёни лаёқатманд ва таҳсил намудани онҳо дар хориҷи кишвар тибқи стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули донишҷӯёну устодон бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.
Дар охир миёни иштирокчиён оид ба шаклҳои таҳсил дар хориҷи кишвар, имкониятҳо дар ин самт ва дигар масъалаҳои илмиву таҳқиқотӣ саволу ҷавоб сурат гирифтанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07