Субњи имрўз (29.04.2022) дар шањраки донишљўёни ДМТ, бинои (ТСО) маросими сафарбар намудани ихтиёрии беш аз 230 нафар хатмкунандагони курсњои 4-уми факултети њуќуќшиносии ДМТ ба сафи Ќуввањои Мусаллањи ЉТ баргузор гардид.
Декани факултети њуќуќшиносї доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Мирзозода П.З. њамаи он нафаронеро, ки тоза ба сафи Ќуввањои Мусаллањи ЉТ ворид мешаванд, барои ин азми љавонмардонаашон изњори сипосу миннатдорї намуда, иброз доштанд, ки љавононе, ки имрўз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат менамоянд, онҳо ҳамчун ҷавонони баркамол ва мардони ҳақиқӣ ба њисоб мераванд, зеро хизмат ба Ватан ин хизмат ба Модар, посдории муќаддасоти миллӣ ва арзишҳои суннатии миллати куҳанбунёди мо тоҷикон ба шумор меравад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рў, њар яки моро зарур аст, ки ба масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намоем.
Њамчунин зимни суханронии худ декани факулет аз тамоюли зиёдшавии сафарбарии ихтиёрии љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањ нисбат ба солњои гузашта ќайд намуда, чунин амали мардонагиро бањри рушду нумуи кишвар аз њар љињат манфиатовар шуморид ва ба донишљўёни бо нангу номус, ки ихтиёрона рў ба хизмати њарбї оварданд як ќатор имтиёзњоро, ба монанди мусоидат ба имтињони давлатии хатм ва ѓ. муќаррар намуд.
Дар охир изњори умед карда шуд, ки дастпарварони ин боргоњи илму маърифат бо назардошти вазъи мураккаби љамъиятию сиёсии љомеаи љањонї, таъсири паёмадњои ногувори раванди љањонишавї ва тањаввулотњои босуръат таѓйирёбандаи замони муосир беш аз њар ваќти дигар атрофи сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат муттањид гашта, бо маќсади баланд бардоштани ќобилияти мудофиавии мамлакат ва њимояи марзу буми он сарбаландона ќарзи шањрвандї ва вазифаи муќаддаси худро анљом медињанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07