Тањти ин унвон нимаи аввали рўзи 11-уми майи соли 2023 дар заминаи кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодабарии сарватњои табиии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон семинари илмї-назариявии устодони љавони кафедра дар мавзўи «Масъалањои мубрами њуќуќи замин, кишоварзї, экологї ва наќлиёт» баргузор гардид.
Дар кори он роњбарияти факултет, устодону кормандон, олимони соња, ва аспирантону унвонљўён иштирок доштанд.
Декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Мирзозода П.З. зимни ироаи аввалсухани худ нахуст њузури мубораки мењмонон ва ањли нишастро хайру маќдам гуфта, сипас ба ањамият ва зарурияти мавзўи матрањшаванда, ки оид ба масъалањои мубрами њуќуќи замин, кишоварзї, экологї ва наќлиёт равона гардида буд, ишора намуданд ва ба масъулин барои гузаронидани чунин њамоиши илмии сатњи баланд изњори сипосу миннатдорї намуданд.
Сипас аз рўйи барномаи кории њамоиши илмии мазкур баромадкунандањо оид ба пањлуњои гуногуни мавзуъњои худ маърўзањо ќироат карданд. Маърўзачиён зимни баромади худ ба ањамият ва мубрамияти мавзўи баррасишаванда андешањои судманд баён намуда, дурнамои онро барои чанд соли дар пеш истода муайян намуданд.
Њамин тариќ дар кори семинари фавќуззикр табодули афкори судманд миёни маърўзачиён ва ањли нишаст доир гашта, таклифу тавсияњо ва пешнињодњои судманд љињати такмили ќонунгузории кишвар дар соњањои мухталиф ба миён гузошта шуд ва дар нињояти кор ќатънома ќабул карда шуд.
Изњори умед карда шуд, ки натиљањои ин њамоиши илмї барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд.