Санаи 12 майи соли 2023 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бо иштироки васеи намояндагони маќомоти давлатї таќсимоти давлатии хатмкунандагон баргузор гардид. Дар љамъомади мазкур намояндагони њама нињодњои муњими кишвар аз ќабили Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди конститутсионии ЉТ, Суди Олии иќтисодии ЉТ, Прокуратураи Генералии ЉТ, Вазорати рушди иќтисод ва савдо, Вазорати корњои дохилии ЉТ, Вазорати адлияи ЉТ, Кумитаи давлатии амнияти миллї, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи ЉТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ЉТ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва дигарон иштирок намуданд.
Дар маросими мазкур декани факултети њуќуќшиносї, н.и.њ., дотсент Мирзозода П.З. зимни аввалсухани худ њозиринро барои пазируфтани даъват ва ќадам ранља намуданашон ба ин боргоњи муќаддас изњори сипосу миннатдорї баён намуданд.
Сипас тибќи талаботи муќарраршуда, хатмкунандагони факултет, ки донандаи забонњои гуногуни хориљї ва номзад ба гирифтани дипломи аъло ва муќаррарї буданд ба њозирин муаррифї гардида, барои ба кор љалб шудан дар маќомоти гуногуни давлатї роњхат гирифтанд.
Њамзамон аз њама намояндагони нињодњои давлатї хоњиш ба амал оварда шуд, ки аз фурсати муносиб истифода намуда, кадрњои воќеан арзанда ва лаёќатмандро, ки метавонанд барои рушд ва пешрафти ватани азизамон сањмгузор бошанд интихоб ва ба кор сафарбар намоянд.
Дар фарљом бори дигар ба мењмонон сипосу миннатдорї баён гардида, ба эшон сарбаландї, хонаободї ва саодати рузгорро таманно намуданд.