Имрӯз (30 августи соли 2023) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Боиси хушнудист, ки мудири кафедраи криминалистика ва экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносӣ, д.и.ҳ., профессор Назаров Аваз Қувватович бо мукофоти давлатии "Медали хизмати шоиста" ва мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ, н.и.ҳ., дотсент Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника барои олимони ҷавон дар соли 2023 сарфароз гардонида шуданд.
Аз номи кулли устодон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ устодони азизро бо ин руйдоди фараҳбахш табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию омузгориашон бурдбориҳо хоҳонем.