Бо ќаноатмандї ва изњори хушнудї мужда медињем, ки се тан аз омўзгорони факултети њуќуќшиносї ба њайси номзад ба вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва як нафар ба сифати номзад ба вакилии маљлиси мањалии вакилони халќ пешбарї шудаанд. Лозим ба ёддоварист, ки профессори кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї Холиќзода Абдурањим аз рўйи рўйхати њизбї аз Њизби халќии демократии Тољикистон дар њавзаи ягонаи умумиљумњуриявии интихоботї аз љониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон; Сафаров Бахтовар Амиралиевич, номзади илмњои њукуќ, дотсент, мудири кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї дар асоси ќарори конференсияи ноњиявии Њизби халќии демократии Тољикистон аз њавзаи њудудии якмандатии интихоботии Вахш № 32; Муртазоќулов Љамшед Сайдалиевич, профессори кафедраи њуќуќи гражданї дар асоси ќарори конференсияи ноњиявии Њизби халќии демократии Тољикистон аз њавзаи њудудии якмандатии интихоботии Вањдат № 10 аз љониби комиссияњои њавзавии интихобот ба ќайд гирифта шуданд. Њамзамон, мудири кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Сангинов Дониёр Шомањмадович аз љониби конференсияи ноњиявии Њизби халќии демократии Тољикистон њамчун номзад ба вакилии маљлиси мањалли вакилони халќ ба њавзаи интихоботии № 11 (љамоати дењоти Варзоб-Ќалъа) ноњияи Варзоб пешбарї шудааст. Мо итминон дорем, ки устодони мо дар маъракаи сиёсии интихоботии 2015 пирўз гашта, ба њайси вакилони Маљлиси намояндагон ва маљлисњои мањалии вакилони халќ дар самти тањия ва ќабули ќонуну ќарорњо, такмили минбаъдаи ќонунгузории кишвар мусоидат хоњанд кард.