Санањои 8-ум ва 15-уми апрели соли 2017 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон љаласаи падару модарони донишљўёни курсњои чорум ва сеюми шуъбаи рўзонаи умумї, гурўњњои низоми тањсилоти кредитї ва муносибати байналхалќї (њуќуќ) баргузор гардид. Љаласањоро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, таъкид намуд, ки дар шароити кунунии рушди давлатдорї бо назардошти омилњои гуногун зарурияти омода намудани њуќуќшиносони насли муосир, ки њаматарафа аз донишњои њуќуќї бархурдор буда, дар рўњияи ватандўстї, хештаншиносї, арљгузорї ба муќаддасоти миллї, пос доштани арзишу суннатњои миллї, њифзи манфиатњои давлат, гиромидошти тамомияти арзї ва якпорчагии Тољикистон тарбия ёфтаанд, ба миён меояд. Њуќуќшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки љињати таъмини адолат, тањкими ќонуният, тартиботи њуќуќї ва таъмини амният дар кишвар љидду љањд дошта бошанд.
Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми солонаашон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ишора ба љавонон намуда, чунин иброз доштанд: «Љавонон бояд аз ҳама ќишрњои љомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатї, муқаддасоти миллї ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иљтимоии Тољикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби љаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». Бо дарназардошти ин ва њамчун эътимод ба ин насли кишвар Пешвои миллат соли 2017-ро Соли љавонон эълон намуданд.
Бањри ноил шудан ба њадафњои соли мазкур, омўзгорони факултет кўшиш менамоянд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия намудани љавонони лаёќатманду љавобгў ба талаботи бозори мењнат беш аз пеш саъю талош намоянд. «Волидайни мўњтарам! Мо аз Шумо самимона хоњиш менамоем, ки нисбат ба таќдири фарзандони худ бепарвогї зоњир накарда, оид ба пањлўњои гуногуни таълиму тарбияи фарзандатон ба факултет њозир шавед. Њамзамон дар робита ба ин масъала бо сарпарастони гурўњњои академї ва дигар шахсони масъули садорат дар тамос шавед. Мо њама гуна андешањое, ки дар ростойи баланд бардоштани сатњу сифати таълим ва такмили фаъолияти факултет аз љониби Шумо волидайни муњтарам иброз мегарданд, ќабул хоњем дошт» – иброз намуданд, декани факултет Рањмон Д.С.
Њамзамон зимни љаласањо муовинони декан оид ба тарбия дар шуъбаи рўзонаи умумї Ќурбонализода Н.Ш. ва низоми тањсилоти кредитї ва муносибати байналхалќї (њуќуќ) Шарифзода И.М. падару модарони донишљўёнро хайрамаќдам гуфтанд. Онњо ба њозирин дар хусуси вазъи кунунии њаёти талимї ва риояи ќоидањои тартиботи дохилї ахбор манзур намуданд. Аз љумла, таъкид намуданд, ки боло бардоштани сатњу сифати дониши донишљўён ва сифати таълиму тарбия яке аз самтњои афзалиятноки фаъолияти факултет ба њисоб рафта, њайати профессорону омўзгорони ин муассисаи таълимї тамому кўшишу фаъолияти хешро бањри ноил гаштан ба ин њадафњои нек равона кардаанд. Њамзамон волидайнро ба мазмуну моњияти санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои зерќонунии танзимкунандаи пањлуњои гуногуни фаъолияти донишљў шинос намуда, аз онњо даъват ба амал оварданд, ки дар боби назорати рафтору одоби фарзандонашон бо дарки масъулияти баланд муносибат намоянд.
Инчунин аз љониби муовинони декан оид ба тарбия дар шуъбањои дахлдор вазъи иштироки донишљўёни ихтисосњои зикршуда ба дарс, шурўъ аз оѓози моњи феврал то кунун, асосњои њуќуќии ба љавобгарии интизомї кашидани донишљўён бо истифода аз слайдњо маълумоти муфассал пешнињод карда шуд.
Садорати факултети њуќукшиносї њамчунин шароит фароњам овардааст, ки падару модарони донишљўёне, ки дар шањру ноњияњои дурдасттарини кишвар истиќомат менамоянд бо тариќи телефонї ва суроѓаи электронии факултет (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) аз ањволи фарзандони худ бохабар бошанд.
P.S.: Садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ тасмим гирифтааст, ки минбаъд баргузории љаласањои падару модаронро љоннок гардонад. Аз ин рў, санаи 22-юми апрел соати 14:00 љаласаи падару модарони донишљўёни курси 1-ум ва санаи 29-уми апрели соли 2017 соати 14:00 љаласаи падару модарони донишљўёни курси 2-юми њамаи ихтисосњо дар назар дошта шудааст.
Бинобар њамин аз тамоми падару модарон ва намояндагони ќонунии донишљўён хоњиш карда мешавад, ки дар ваќти муайянгардида ба факултети њуќуќшиносї њозир шаванд. Танњо дар якљоягї мо метавонем љавонони соњибистеъдод, ватандўст, худогоњу худшинос ва мутахассиси ояндаро ба камол расонем.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07