Дар заминаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон санаи 15-уми апрели соли равон, дар асоси наќша-чорабинињои факултети њуќуќшиносии ДМТ љињати иљрои бандњои дахлдори «Стратегияи миллии муќовимат бо коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020» вохурї бо донишљуёни факултети њуќуќшиносї, ки соли љорї донишгоњро хатм мекунанд, баргузор гардид.
Боиси хушнудист, ки дар кори љаласа муовини сардори раёсати пешгирии Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон Турсунзода Шодком, устодону кормандони факултети њуќуќшиносї ва тамоми донишљуёни соли 5-уми факултет, ки имсол Донишгоњро хатм мекунанд, иштирок намуданд. Кори љаласа бо оѓозсухани декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. ифтитоњ ёфта, сипас суханронии намояндаи Агентї шунида шуд.
Зимни ироаи сухани ифтитоњии хеш декани факултети њуќуќшиносї Рањмон Д.С. њузури мубораки њамаи иштирокчиёнро ба кори љаласа хайру маќдам гуфта, ба Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон барои мусоидат, дастгирї ва ташкил намудани чунин як чорабинии сатњи баланд изњори сипос намуд. Њамзамон мавсуф зикр намуд, ки коррупсия яке аз зуњуроти хавфноки љомеа буда, дар миќёси љањонї њамчун љинояти вазнин ва яке аз унсурњои тањдидкунанда ба амнияти миллии як ќатор давлатњо ва халалдоркунандаи рушду суботи иљтимоию иќтисодии онњо эътироф гаштааст. Бо маќсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чорањои зарурї дар сатњи миллї маљмўи санадњои меъёрии њуќуќї ќабул гардида, доктринаи миллии њуќуќї дар ин соња ташаккул дода шуд. Дарёфти роњи пурсамар ва такмилёфта дар самти мубориза ба муќобили коррупсия ба болоравии обрў ва нуфузи давлат ва маќомотњои он мусоидат менамояд. Њамаи мо бояд кушиш ба харљ дињем, то бо ин вабои љомеа муборизаи беамон бурда, сањми арзандаи худро дар пешгирии коррупсия гузорем.
Баъдан вобаста ба тартиби ќабули имтињони давлатї, декани факултети њуќуќшиносї дахл намуда иброз доштанд, ки љараёни ин чорабинии муњим бояд шаффоф ва одилона сурат гирад. Аз ин рў, хатмкунандагонро зарур аст, ки ба имтињони давлатї тайёрии љиддї дида, бо дониши баланд ба он њозир шаванд. Барои муташаккилона баргузор намудани имтињоноти давлатї садорати факултет тамоми чорабинињоро амалї сохта истодааст. Аз љумла, тамоми саволномањои имтињоноти давлатї дар тахтањои эълонњои назди кафедрањои факултет љойгир карда шуда, хатмкунандагон метавонанд озодона аз онњо истифода намоянд. Ба ѓайр аз ин, пеш аз оѓози имтињоноти давлатї лексияњои машваратї пешбинї гардидааст, ки дар онњо оид ба пањлуњои гуногуни фанњои имтињонї суолу љавоб аз љониби устодони факултет баргузор мегардад. Дар баробари ин, хатмкунандагонро зарур аст, ки сариваќт мутобиќи рељаи муќарраршуда ба имтињоноти давлатї њозир шуда, ба амалњои фассод дар ин замина даст назанад.
Дар баромади худ намояндаи Агентї Турсунзода Шодком миннатдорї ва самимияти бепоёни хешро љињати ташкил ва баргузории чунин як чорабинии муњим иброз намуда, таъкид карданд, ки Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ изњор намуданд, ки коррупсия ба пешрафти иќтисодиёт халал мерасонад, бунёди љомеаи демократиро заиф месозад, ба рушди демократия таъсири манфї мерасонад. Гузашта аз ин коррупсия дар љомеа ба риоя нашудани њуќуќњои конститутсионии шањрвандон замина фароњам меорад ва ба пояи ахлоќ зарба мезанад. Пешгирї ва мубориза бо коррупсия дар оянда низ яке аз самтњои аввалиндараљаи сиёсати њуќуќии давлат боќї мемонад.
Мавсуф аз оќибатњои ногувори коррупсия мисолњои мушаххас оварда, ќайд намуд, ки коррупсия ба монанди терроризм ва экстремизм ба љомеаи мо хатарафзо гаштааст. Таъкид карда шуда, ки хатмкунандагони факултети њуќуќшиносї дар тамоми шохањои њокимияти давлатї кору фаъолияти софдилона намуда, дар ташаккули давлатдории соњибистиќлоли Тољикистон сањми бориз мегузоранд. Хатмкунандагони имрўза бояд чун пешгузаштагони касби њуќуќшиносї таъминкунандаи адолат, озодї, баробарї ва поквиљдонї буда, даст ба содир намудани амалњои коррупсионї назанад.
Зимни музокирањо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарљом изњори умед карда шуд, ки хатмкунандагони имсолаи факултети њуќукшиносї бо як сари баланд имтињоноти давлатиро супорида, чун фарзанди баору номуси ин миллату давлат барои рушди кишвари азизамон сањмгузор мегарданд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07