Њамасола дар Донишгоњи миллии Тољикистон дар доираи «њафтаи илм» Конференсияи љумњуриявии илмию назариявии њайати устодону кормандон ва донишљўёни ДМТ баргузор мегардад. Имсола конференсияи љумњуриявии илмї - назариявии њайати устодону кормандон ва донишљўёни ДМТ ба як ќатор љашн ва чорабинињои муњими давлатї аз он љумла Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028», «Соли рушди саёњї ва њунарњои мардумї», «140-солагии зодрўзи Ќањрамони Тољикистон Садриддин Айнї» ва «70-солагии Донишгоњи миллии Тољикистон» рост омад.
Конференсияи љумњуриявии илмї - назариявии њайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028», «Соли рушди саёњї ва њунарњои мардумї», «140-солагии зодрўзи Ќањрамони Тољикистон Садриддин Айнї» ва «70-солагии Донишгоњи миллии Тољикистон» кори худро аз 20-ум то 27-уми апрели соли 2018 идома дод. Мувофиќи барнома дар факултети њуќуќшиносии ДМТ дар 11 бахш аз 150 маърўзаи аз тарафи устодону кормандон пешнињод шуда, 150 маърўза мутобиќи наќша 12 маърўзаи иловагї шунида шуд.
Дар муќоиса бо соли гузашта дар 11 бахш аз 131 маърўзаи аз тарафи устодон пешнињод шуда, 121 маърўза тибќи барнома ва 4 маърўзаи иловагї шунида шуда буд.
Дар конференсияи имсола масъалањои рўзмарраи њуќуќї ба монанди: таъмини амнияти озуќаворї њамчун њадафи Тољикистон, моњият ва принсипњои асосии сиёсати њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон, масъалаи масъунияти созмонњои байналмилалї, танзими њуќуќии ташкили истењсолоти молњои њунарњои мардумї дар Љумњурии Тољикистон, масоили иљрои уњдадорињои байналмилалии марбут ба њуќуќи инсон ва таъмини нигоњдошти асолати фарњанги њуќуќи миллї, вижагињои наќш ва маќоми шаъну шарафи инсонї дар афкори мутафаккирони форсу тољик (дар асрњои миёна), проблемањои актуалии ќонунгузории экологї ва роњњои њалли онњо, танзими њуќуќии њалли бањсњои замин, бавуљудої ва рушди ќонунгузории соњибкорї, њамкорињои байналмилалии маќомоти прокуратураи Тољикистон, консепсияи супоридани шахс дар доираи њамкорињои байналмилалї оид ба парвандаи љиноятї, пенализатсия ва депенализатсия њамчун шакли амалигардонии сиёсати њуќуќи љиноятї дар соњаи фаъолияти соњибкорї, тафовути маъної ва услубии муродифоти феълї ва тарљумаи он ба забони англисї ва ѓайрањо баррасї карда шудаанд.
Асосан аз маърўзањои устодони факултет бар меояд, ки маќсади гузаронидани конференсияи илмї-назариявї ин баррасї намудани љињатњои актуалї ва њалли муаммоњои њалталаби соњањои њуќуќ ба њисоб меравад.
Хурсандибахш аст, ки зиёда аз 100 нафар устодони факултети њуќуќшиносї фишурдањои маърўзањои худро омода намуда, барои чоп намудан дар Маводи Конференсияи љумњуриявии илмию назариявиии њайати устодону кормандон бахшида ба Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028», «Соли рушди саёњї ва њунарњои мардумї», «140-солагии зодрўзи Ќањрамони Тољикистон Садриддин Айнї» ва «70-солагии Донишгоњи миллии Тољикистон» пешнињод намуданд.
Ќисми дигари фаъолиятї илмї дар њафтаи илм ин баргузор гардидани Конференсияи љумњуриявии илмї - назариявии њайати донишљўёни ДМТ бахшида ба Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028», «Соли рушди саёњї ва њунарњои мардумї», «140-солагии зодрўзи Ќањрамони Тољикистон Садриддин Айнї» ва «70-солагии Донишгоњи миллии Тољикистон» мебошад. Мувофиќи барнома дар 11 бахш 251 маърўзањои донишљўён пешбинї шуда буд, ки аз ин 249 марўъзаи донишљуён шунида шуд. Имсол бо сабабњои узрноку ѓайриузрнок тибќи барнома 2 нафар донишљўён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз наќшаи барнома 74 нафар дар конференсия маърўза карданд. Дар муќоиса ба соли гузашта дар 11 бахш 199 маърўзањои донишљўён пешбинї шуда буд, ки аз ин 193 марўъзаи донишљуён шунида шуда, бо сабабњои узрноку ѓайриузрнок тибќи барнома 6 нафар донишљўён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз наќша 52 нафар дар конференсия маърўза карда буданд.
Аз маърўзањои донишљўён бар меояд, ки маќсади конференсияи илмї-назариявї ин кушодан ва баррасї намудани љињатњои актуалї ва масъалаву муаммоњои њалталаби соњањои њуќуќ мебошад. Дар конференсия донишљўён бо се забон тољикї, русї, англисї баромад намуданд. Дар љараёни конфренсия аз воситањои технологию иртиботї ва воситањои аёнї ба таври васеъ истифода карда шуд. Дар сатњи баланд баргузор гардидани Конференсияи љумњуриявии илмї - назариявии њайати донишљўёни факултети њуќушиносии ДМТ ин самараи фаъолияти бо низом ва мунтазами мањфилњои илмии назди кафедрањои факултети њуќушиносї ба њисоб меравад, ки дар як моњ њар як мањфил аз 2 то 4 љаласањои худро баргузор менамуданд.
Бояд ќайд намуд, ки конференсияи имсола дар сатњи хеле хуб гузаронида шуд. Пешкаши мавзўњо тариќи слайд бо воситаи тахтањои электронї яке аз пешравињо дар кори конференсияи имсола ба њисоб меравад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07