Дар асоси фармоиши ректори ДМТ аз 12 марти соли 2018, №95-6 «Оид ба таќсимоти хатмкунандагони шуъбаи рўзонаи гурўњњои буљавии хатми соли 2017-2018» рўзи 30 апрели соли љорї ба маќсади таъмин намудани ташкилоту идорањои љумњурї бо мутахассисони љавон, дар факултети њуќуќшиносии донишгоњ таќсимоти давлатии хатмкунандагони гурўњњои буљавии шуъбаи рўзона баргузор гардид. Дар робита бо ин, ба унвонии беш аз 30 роњбарони маќомоти њокимияти давлатї, вазоратњо, кумитањои давлатї, идорањои ЉТ, судњо, сохторњои њифзи њуќуќ ва муассисањои таълимї дар хусуси замон ва макони баргузории таќсимоти хатмкунандагон мактуби расмї ирсол шуда буд. Дар рўзи таќсимот намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї ва Олии иќтисодии ЉТ, Прокуратураи генералї, Вазорати адлия, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмњои ЉТ, Кумитаи давлатии амнияти миллї, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи ЉТ, Кумитаи андози назди Њукумати ЉТ, Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати ЉТ, Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросими миллии назди Њукумати ЉТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ЉТ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти сав- дои назди Њукумати ЉТ, Сарраёсати иљрои љазои вазорати адлияи ЉТ, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти ЉТ, ЉСК «Ориёнбонк» иштирок доштанд. Ба маќсади дар сатњи баланди ташкилї доир шудани таќсимоти хатмкунандагон аз љониби Раёсати донишгоњ ва садорати факултети њуќуќшиносї тамоми чорањои дахлдор андешида шуданд. Ба ин хотир рўйхати тамоми хатмкунандагони гурўњњои буљавии шуъбаи рўзона ва њамзамон донишљўёни гурўњњои шартномавие, ки давоми панљ сол бо бањои аъло тањсил намуда, номзад барои гирифтани дипломи «аъло» мебошанд, дар асоси љадвалњои пешнињоднамудаи донишгоњ омода ва ба комиссия пешнињод шуда буд. Дар маљмўъ 230 нафар хатмкунандагон барои иштирок дар кори комиссияи таќсимот тавсия шуда буданд. Аз ин шумора 36 нафар номзад ба гирифтани дипломи «аъло» ба њисоб мерафтанд, ки нисбати онњо рўйхати алоњида ба комиссия пешнињод шуда буд. Дар натиљаи кори комиссия теъдоди муайяни хатмкунандагон ба маќомоту сохторњои зерин тавсия шуданд: Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон – 3 нафар, Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон – 8 нафар, Кумитаи андози назди Њукумати ЉТ– 24 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллии ЉТ– 13 нафар, Маќомоти суд – 4 нафар, Прокуратури генералї – 6 нафар, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи ЉТ– 12 нафар, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ЉТ– 1 нафар, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти ЉТ- 1 нафар, Вазорати адлия - 3 нафар, Донишгоњи миллии Тољикистон – 1 нафар. Шумораи бештари хатмкунандагон барои интихоби озод тавсия шуданд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07