Бо ибтикори Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон 23 май њамчун Рўзи љавонон дар кишвар эълон гашт. Имрўзњо дар саросари кишварамон ба таљлили ин рўзи фарањбахш як ќатор чорабинињо, вохўриву љамъомадњо баргузор мегарданд. Дар факултети њуќуќшиносии ДМТ низ бо ташаббуси кафедраи забонњои хориљї ба муносибати Рўзи љавонон бо намояндагони Раёсати донишгоњ, аз он љумла бо иштироки муовини ректор оид ба робитањои байналмилалї Х.М.Ѓафуров ва мудири шуъбаи робитањои байналмилалии ДМТ И.Н. Мањмадиев бо донишљўёни курсњои якум ва дуюми факултети њуќуќшиносї вохўрии судманд баргузор гардид. Њадаф аз баргузории вохўрї пешнињод намудани имкониятњои тањсилоти донишљўёни факултет дар хориљи кишвар мебошад. Дар мулоќот ба донишљўён оид ба шарт ва шароити тањсил кардан дар хориљи кишвар, рољеъ ба њамкории ДМТ бо донишгоњњои давлатњои Олмон, Булѓористон, Маљористон, Лањистон, Дания, Руминия, Хитой, Беларус, Арманистон, Ќирѓизистон, Ўзбекистон ва ѓайра ба тафсил ироа карда шуд. Ќайд карда шуд, ки ягона шарти тањсилот дар хориљи кишвар донистани забони хориљї мебошад.
Дар интињои мулоќот мудири кафедраи забонњои хориљї дотсент З.А. Назарова донишљўёнро водор сохт, ки аз њар гуна кирдорњои номатлуб худдорї намуда, бањри баланд бардоштани њисси мењандўстї ва худшиносии миллї талош варзида, ваќти пурќиммати хешро бањри донишандўзї, аз он љумла барои омўзиши забонњои хориљї сарф намоянд. Зеро забони хориљї калиди ќулфњои бастаи ояндаи дурахшони њар шахс мебошад.