Бо њамин ном маќолаи Мунаввари Сафар дар рўзномаи «Љумњурият» аз 23.01.2015 №16 (22578) рўйи чоп омад. Дар маќола муњтавои љаласаи васеи њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносї аз 27.12.2014 дар мавриди боло бурдани савияи дониш ва фарњанги њуќуќии донишљуён, такмил додани сатњу сифати таълим, ворид намудани усулњои фаъол дар раванди таълим ба ќалам дода шудааст. Мавсуф бо натиљагирї аз кори љаласа ва суханронии устодони ин боргоњи илму маърифат, азму талош ва кўшишњои устодони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро дар самти омода намудани мутахассисони болаёќат, раќобатпазири бозори мењнат, љавобгўй ба стандартњои байналмилалї ва ватандўсту худогоњ тадбири сариваќтї ва амри нек мењисобад.
Барои пайдо намудани маълумоти муфассал хонандагони арљманд метавонанд аз нашрияи расмии Љумњурии Тољикистон «Љумњурият» ё тариќи cомонаи интернетии www.jumhuriyat.tj истифода намоянд.