Ба таваљљўњи омўзгорон, донишљўён, аспирантон, унвонљўён, докторантони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ва дигар намояндагони љомеаи њуќуќшиносони Тољикистон расонида мешавад, ки ќабули «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020» рўзи 26 январи 2015 дар љаласаи Шўрои олимон дар назар дошта шудааст. Лоињаи Барномаи мазкур дар рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» пурра нашр шуда, њамзамон шакли электронии он низ дар сомона љойгир карда шудааст.
Дар шароити муосир бо назардошти таъсири амиќи омилњои љањонишавї дар соњаи илм ва фарњанг, тафовути фарњангї-тамаддунии олами шарќу ѓарб, проблемањои мувофиќкунонии андеша, назария ва арзишњои ѓарбгароёна ба муњити миллии фарњангї, зарурияти анљом додани корњои арзишманд ва бунёдии илмї-тадќиќотиро руйи кор меорад. Дар њоли њозир, талабот дар самти омода намудани кадрњои баландихтисоси соњаи њуќуќ ва раќобатпазири бозори мењнат, дорои донишњои баланди назариявї, малакаи касбї, сатњи баланди шуури њуќуќї ва дар руњияи ѓояњои адолат, накукорї, ростї тарбияёфта, беш аз пеш эњсос мегардад.
Аз ин рў, бо назардошти сањми муњим доштани факултети њуќуќшиносї дар инкишофу пешравии соњањои афзалиятноки хољагии халќи кишвар ва эъмори давлати демокративу њуќуќбунёд љињати њалли масъалањои ишорашуда, зарурияти тањия ва ќабули асосњои бунёдии рушду инкишофи факултети њуќуќшиносии ДМТ (Барнома) ба миён омад.
Мо умед дорем, ки таклифу пешнињодњо, андешаву тавсияњои муфид, асоснок ва судманди Шумо барои такмили минбаъдаи лоињаи Барнома мусоидат хоњанд кард.
Лоињаи «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020»
БАРНОМАИ
РУШДИ ФАКУЛТЕТИ ЊУЌУЌШИНОСИИ
ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН
(СОЛЊОИ 2015-2020)
Душанбе – 2015
ФАСЛИ I. МАЪЛУМОТИ УМУМЇ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТИ ЊУЌУЌШИНОСИИ ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН
Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон маркази асосї ва пешбари тањсилоти олии касбии њуќуќшиносї дар Љумњурии Тољикстон ба њисоб рафта, дар тайёр кардани мутахассисони соњаи њуќуќшиносї ва тадќиќу омўзиши пањлуњои гуногуни илмњои њуќуќшиносї маќоми аввалиндараљаро соњиб мебошад. Факултети њуќуќшиносї дар татбиќи сиёсати давлатии тайёр кардани кадрњо, иљроиши барномаву стандартњои давлатии њуќуќшиносї њамчун сохтори таркибии ДМТ фаъолият намуда, таъмини устувор ва босифати кадрњоро дар маќомоти њокимияти давлатї, идоракунии давлатї, маќомоти худидораи мањаллї, маќомоти судї, маќомоти њифзи њуќуќ, хадамоти њуќуќии корхонаву муассиса ва ташкилотњо, бонкњо, ташкилотњои молиявї ва ќарзї, макотиби олии љумњурї амалї месозад. Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонт аз замони таъсис то ба имрўз дар самти омода намудани мутахассисони болаёќати соњаи њуќуќ дар њамаи бахшњои фаъолияти њуќуќшиносї мавќеи пешсафро доро мебошад. Дар замони истиќлол бо афзун гардидани шумораи муассисањои тањсилоти олии касбї, ворид шудани Љумњурии Тољикистон ба фазои байналмилалии тањсилот, пайдо шудани раќобати хизматрасонињои тањсилотї, маќому мартабаи факултет коста нагардид, баръакс, тибќи арзишњои миллии давлатдорї, замони истиќлол, меъёрњои бозори байналмиллалии мењнат рушду нумуъ намуд.
Имрўз дар факултети њуќуќшиносии ДМТ 126 нафар устодон кору фаъолият менамоянд, ки аз онњо 2 нафар академики АИ ЉТ, 11 нафар докторњои илми њуќуќ, профессор, 55 нафар номзадони илми њуќуќ, дотсентон мебошанд. Пояи кадрї, илмї, зењнї ва моддї-техникии факултети њуќуќшиносии ДМТ имконият медињад, ки барои дар низоми тањсилоти олии њуќуќї ворид намудани усулњои нави таълим коркард ва ба роњ монда шавад.
Бо назардошти инкишофи муносибатњои љамъиятї ва ворид шудани Тољикистон њамчун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї ба фазои байналмилалї дар сохтори факултет якчанд ихтисосњои тахассусї оид ба омода намудани њуќуќшиносони байналмилалї, њуќуќшиносони бахши молия ва ќарз, њуќуќшиносони низоми муассисањои иљрои љазо, њуќуќшиносони соњаи идораи давлатї, эксперт-криминалистњо, њуќуќшиносон дар самти њифзи њуќуќи моликияти зењнї таъсис дода шуданд. Мувофиќи маълумотњои расмї то 01.01.2015 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ бо назардошти тамоми ихтисос ва шуъбањои амалкунанда дар маљмўъ 3190 нафар донишљўён тањсил менамоянд. Аз ин шумора 2315 нафар дар шуъбаи рўзона ва 875 нафар дар шуъбаи ѓоибона тањсил менамоянд. Аз шумораи 2315 нафари донишљўёни шуъбаи рўзона 1581 нафар дар ихтисоси 24010200 (њуќуќшиносї); 220 нафар дар ихтисоси - 24010100 (муносибатњои байналхалќї (њуќуќ); 201 нафар дар ихтисоси - 26010200 (идораи давлатї ва њуќуќ); 161 нафар дар ихтисоси - 93010100 (фаъолияти њифзи њуќуќ); 77 нафар дар ихтисоси - 240030201 (танзими њуќуќии молия ва ќарз); 55 нафар дар ихтисоси - 93010200 (экспертизаи судї), 20 нафар дар ихтисоси - 24010218 (њифзи њуќуќии моликияти зењнї) тањсил менамоянд. Аз шумораи 875 нафар донишљўёни шуъбаи ѓоибона 317 нафар дар ихтисоси 24010200- (њуќуќшиносї); 78 нафар дар ихтисоси - 26010200 (идораи давлатї ва њуќуќ); 27 нафар дар ихтисоси - 93010100 (фаъолияти њифзи њуќуќ); 18 нафар дар ихтисоси - 240030201 (танзими њуќуќии молия ва ќарз); 435 нафар дар ихтисоси 24010233 (њуќуќшиносї) тањсилоти 2-юми олї ба тањсил фаро гирифта шудаанд.
Дар сохтори факултет 10 кафедраи тахассусї ва 1 кафедраи забонњои хориљї амал мекунанд, ки масъулияти асосии пешбурди фаъолияти таълимї, илмї ва тарбиявиро ба зимма доранд. Кафедраи тахассусї инњоянд:
- кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ;
- кафедраи њуќуќи конститутсионї;
- кафедраи њуќуќи гражданї;
- кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї;
- кафедраи њуќуќи љиноятї;
- кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат;
- кафедраи њуќуќи байналхалќї;
- кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї;
- кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї;;
- кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї.
Айни замон таълим дар факултет аз рўйи ду низом: низоми тањсилоти анъанавї ва низоми тањсилоти кредитї ба роњ монда шудааст. Шурўъ аз соли тањсили 2014-2015 дар тамоми ихтисосњои амалкунандаи факултет бо назардошти шуъбањои рўзона ва ѓоибона тањсил аз рўи низоми тањсилоти кредитї пурра ба роњ монда шуд.
Бо назардошти сањми муњим доштани факултети њуќуќшиносї дар инкишофу пешравии соњањои афзалиятноки хољагии халќи кишвар ва эъмори давлати демокративу њуќуќбунёд њамоно зарурияти тањия, коркард ва ќабули асосњои бунёдии рушду инкишофи факултети њуќуќшиносии ДМТ љой дорад.
Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дорои маљаллаи илмии «Њаёти њуќуќї», њафтаномаи «Минбари њуќуќшинос» буда, њамзамон дар шабакаи умумиљањонии Интернет тавассути сомонаи худ аз њаёти таълимї, илмї, тарбиявї ва фарњангии факултет иттилоъ манзур месозад.
II. ЊАДАФ, МАЌСАД ВА ВАЗИФАЊОИ ТАЊИЯИ БАРНОМА
Асосњои бунёдии рушду инкишофи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон аз Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки соли 1994 бо роњи раъйпурсии умумихалќї ќабул шудааст, сарчашма мегирад, зеро дар ќонуни асосии кишвар муњимтарин ќоидањои асосї ва падидањо аз ќабили бунёди давлати иљтимої ва њуќуќбунёд, арзиши олї эътироф шудани инсон ва њуќуќу озодињои ў, дурнамои инкишофи низоми иљтимої-иќтисодї, сиёсї ва њуќуќии давлат, институтњои алоњидаи њокимияти давлатї ва љомеаи шањрвандї мустањкам шудаанд.
Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон, ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» (22.07.2013, №1004), «Дар бораи илм ва сиёсати давлатї оид ба илму техника» (21.05.1998, №597), «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї» (19.05.2009, №531), «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон боназардошти талаботи бозори мењнат» (01.08.2012, №895), «Дар бораи масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011) санадњои байналмиллалии эътирофнамудаи Тољикистон инчунин Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон (Ќарори Њукумати ЉТ аз 03.02.2006, №94, Стратегия дар соњаи илм ва технология барои солњои 2011-2015, Барномаи омода намудани кадрњои илмї дар Љумњурии Тољикистон, Самтњои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015-2020, Оинномаи Донишгоњи миллии Тољикистон, Низомномаи тайёр кардани кадрњои илмї ва илмию педагогї дар Љумњурии Тољикистон, Низомномаи ќабули санљишу имтињонњо дар Донишгоњи миллии Тољикистон дигар санадњои меъёрї-њуќуќии танзимкунандаи соњаи маориф ва тањсилоти олии касбї тањия карда шудааст.
Ба даст овардани соњибихтиёрии давлатї ва ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар маљмўъ, ки боиси дар Тољикистон пайдо шудани низоми нави њуќуќии пасошўравї, таѓйирёбии соњањои њуќуќи анъанавї, пайдо шудани соња ва институтњои нави њуќуќ, ташаккули низоми ќонунгузории муосир, ки ба ислоњоти асосњои њуќуќии њаёти давлатї-њуќуќї ва љамъиятї асос ёфтаанд, заминањои боэътимоди њуќуќию ташкилиро рўйи кор овард. Њамзамон омилњои мазкур боиси ба вуљуд омадани самтњои нави илмї-тадќиќотї ва фанњои нави таълимї гардиданд.
Дар шароити муосир бо назардошти таъсири амиќи омилњои љањонишавї дар соњаи илм ва фарњанг, тафовути фарњангї-тамаддунии олами шарќу ѓарб, проблемањои мувофиќкунонии андеша, назария ва арзишњои ѓарбгароёна ба муњити миллии фарњангї, зарурияти анљом додани корњои арзишманд ва бунёдии илмї-тадќиќотиро руйи кор меорад.
Дар њоли њозир талабот дар самти омода намудани кадрњои баландихтисоси соњаи њуќуќ ва раќобатпазири бозори мењнат, дорои донишњои баланди назариявї, малакаи касбї, сатњи баланди шуури њуќуќї ва дар руњияи ѓояњои адолат, накукорї, ростї тарбияёфта беш аз пеш эњсос мегардад.
Њамаи омилњо нисбат ба касби њуќуќшинос талаботњои навро пешнињод менамоянд. Аз сатњ ва сифати тањсилоти њуќуќї аз бисёр љињат омода намудани њуќуќшиносони лаёќатманд, ки фаъолияти онњо ба тамоми соњањои њаёти љомеа нигаронида мешаванд, вобастагї дорад. Дар шароити эъмори давлати њуќуќбунёд талабот оид ба њуќуќшиносоне, ки дар соњаи њуќуќэљодкунї, ќонунэљодкунї, маќомоти судї ва маќомоти њифзи њуќуќ, маќомоти идоракунии сатњи гуногун, фаъолияти адвокатї ва нотариалї, мушовири њуќуќии корхонаву муассиса ва ташкилотњо ва њуќуќшиносоне, ки фаъолияти илмї-омўзгориро анљом медињанд, меафзояд.
Њуќуќшиносон њамчун ќишри муњими љомеа, ки дар худ ѓоя, андеша ва арзишњои њуќуќиро таљассум менамоянд, дар маљмуъ бояд ба баланд бардоштани донишњои њуќуќї, шуури њуќуќї ва фарњанги њуќукии ањолї мусоидат намоянд. Дар маљмўъ њалли мусбї ва муваффаќонаи масъалањои зикршуда дар самти эъмори давлати њуќуќбунёд ва љомеаи шањрвандї заминањои боэътимод мегузоранд.
Дар шароити кунунии рушди давлатдорї бо назардошти омилњои гуногун зарурияти омода намудани њуќуќшиносони насли муосир, ки њаматарафа аз донишњои њуќуќї бархурдор буда, дар рўњияи ватандўстї, хештаншиносї, арљгузорї ба муќаддасоти миллї, пос доштани арзишу суннатњои миллї, њифзи манфиатњои давлат, гиромидошти тамомияти арзї ва якпорчагии Тољикистон тарбия ёфтаанд, ба миён меояд.
Њуќуќшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки љињати таъмини адолат, тањкими ќонуният, тартиботи њуќуќї ва таъмини амният дар кишвар љидду љањд дошта бошанд.
Дар шароити гузариш ба иќтисоди бозоргонї ва пешбурди фаъолияти гуногуни хољагидорї тањсилоти њуќуќшиносї бояд рисолати худро дар самти таъмини талаботи бозори мењнат бо кадрњои раќобатпазир иљро карда тавонад.
Масъалаи боло бурдани сифати таълим дар муассисањои тањсилоти олии кишвар, омода намудани муттахассисони болаёќат ва раќобатпазири бозори мењнат, боло бурдани сатњи саводнокии донишљўён, тарбияи донишљўён дар рўњияи мењанпарастї ва арљгузории арзишњои миллї дар маркази таваљљуњи њамешагии роњбарияти давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор доранд.
Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон дар аксар вохурињову баромадњои хеш зимни мулоќот бо намояндагони ќишрњои гуногуни љомеа ва намояндагони њокимияти давлатї ва идоракунии давлатї дар хусуси тарбияи кадрњои миллии баландихтисос ва љавобгў ба стандартњои байналмилалї масъалагузорї намуда, ба масъулин љињати иљрои ин вазифањо дастур ва супоришњои мушаххас медињад. Аз љумла, рўзи 1-уми сентябри соли 2014 Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї чунин таъкид намуда буданд: «Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё љанбаи муњим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба њамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро њамеша дар мадди назар дошта бошад. Мањз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медињад. Вале, тавре ки аз тањлилњо бармеояд, сифати таълим ва омодагии касбии шогирдони донишгоњ њанӯз талаботи замонаи пешрафтаро ќонеъ карда наметавонад. Љавобан ба ѓамхориву дастгирињои доимии давлат ва Њукумати мамлакат шумо, устодону омўзгорон ва масъулону кормандони донишгоњ, вазифадор њастед, ки тамоми донишу таљриба ва мањорату малакаи худро љињати љиддан баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли навраси кишвар дар рӯҳияи худшиносиву худогоњӣ, арљгузорї ба арзишњои миллї ва ахлоќу одоби њамида равона созед».
Аз ин рў, факултети њуќуќшиносии ДМТ бо назардошти омилњои дар боло зикршуда тањия ва ќабули Барномаи рушди факултетро зарур шуморида, љињати ба миён овардани тањаввулотњои љиддї дар њаёти таълимї, илмї-тадќиќотї ва тарбиявї барои солњои 2015-2020 ба маќсад мувофиќ мењисобад.
Ин иќдом дар маљмўъ барои баланд бардоштани сатњ ва сифати таълим, масъулияти омўзгорон дар таълим ва тарбияи донишљўён, боло бурдани саводнокии донишљўён, тарбияи онњо дар рўњияи мењанпарастї, дарк ва њифзи манфиатњои миллї нигаронида шудааст.
Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї њуљчати барномавии илман асосноке ба њисоб меравад, ки дар худ наќшаи дурнамо, маќсад, самтњои афзалиятноки инкишофи илми њуќуќшиносї, омилњои баланд бардоштани сатњу сифати таълим, љорї намудани усулњои фаъол ва инноватсионї, технологияи иттилоотию иртиботии муосир дар раванди таълим ва тарбияро фаро мегирад.
Њадафњои асосии барнома инњоянд:
- андешидани тадбирњои муассир ва амалисозии чорабинињои маќсаднок љињати нигоњ доштани нуфузу эътибори факултети њуќуќшиносї дар самти омода намудани кадрњои баландихтисос ва маркази омодасозии кадрњои илмї, маркази хизматрасонињои илмї ва таълимї;
- андешидани тадбирњои мушаххас бањри таъмини бозори дохилии мењнат бо кадрњои болаёќат, донишманд ва раќобатпазир;
- таъмини иштироки фаъолонаи устодони факултет дар самти тањия ва муњокимаи муњимтарин барномањо, консепсияњо, стратегияњои давлатї, лоињањои ќонуну кодексњо ва дигар санадњои меъёрї-њуќуќї;
- мусоидат намудан ба таќвияти њамкорињои мутаќобилан судманди корї бо маќомоти њокимияти давлатї, аз љумла бо маќомоти идоракунии давлатї, маќомоти судї, маќомоти њифзи њуќуќ, сохторњои давлатии њуќуќмуњофизавї ва дигар нињоду сохторњои љомеаи шањрвандї;
- боло бурдани наќши кафедрањои амалкунандаи факултет дар самти истифодаи усулњои нави фаъол ва инноватсионї дар раванди таълим, боло бурдани сатњу сифати донишандўзии донишљўён;
- анљом додани корњои арзишманди илмї дар иртибот ба самтњои афзалиятноки корњои илмї-тадќиќотї;
- истифодаи самараноки натиљањои корњои илмї-тадќиќотї дар раванди таълим ва истењсолот;
- мусоидат ба масъалаи ба роњ мондани бозомўзї ва такмили тахассуси устодони факултет дар марказњои бонуфузи илмї-таълимии ватанї ва хориљї;
- тарбияи донишљўён дар рўњияи худшиносии миллї, ифтихори ватандорї, ќадр намудани шаъну шарафи шањрвандї;
- ба роњ мондани тадќиќотњои самараноки илмї дар самти њифз ва пос доштани арзишњои миллї, ахлоќї, фарњангї, илмї ва анъанањои кишвар;
- вусъат додани корњои тарбиявї;
- ќонеъ гардонидани талаботи шахс ба инкишофи зењнї, фарњангї ва арзишњои маънавї бо роњи дарёфти тањсилоти олии касбї ва ё тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї;
- таъмини шароити мусоид барои таљрибаомўзии истењсолї ва омўзгории донишљўёну магистрњо;
- баланд бардоштани сатњи гузаштани дарсњои лексионї ва амалї;
- фаъолгардонии сањми устодони љавон дар љараёни таълим, корњои илмї-тадќиќотї ва тарбиявї;
- фароњам овардани шароити мусоид барои дарёфти грантњо, бурсияњо ва дигар сарчашмањои иловагии молиявї љињати омода кардани кадрњои илмию омўзгорї, муљањњаз гардонидани раванди таълим бо технологияи иттилоотию иртиботї;
- таъмини њуќуќ ва манфиатњои иљтимоии устодон, донишљўён, магистрњо, аспирантон ва докторантњо;
Маќсади асосии тањия ва ќабули Барномаро таъмин намудани тањсилоти њуќуќии замонавии мувофиќ ба стандартњои байналмилалї ва талаботњои рушди Тољикистон - њамчун ќисми људонопазири љомеаи љањонї ва узви комилњуќуќи муносибатњои байналмилалї, ташкил менамояд. Њамзамон таъсис намудани низоми устувори рушди инноватсионии факултети њуќуќшиносї бањри амалї намудани имконияти илмї-таълимии факултет дар самти таъмини мутахассисон ва кадрњои илмї дар Тољикистон дар назар дошта мешавад.
Бањри амалї гардидани ин маќсадњо иљро намудани вазифањои зерин ногузир аст:
- нигоњ доштани нуфуз ва мавќеи факултет ба њайси маркази асосї ва пешсафи омодасозии кадрњои баландихтисоси соњаи њуќуќ дар Тољикистон;
- ба вуљуд овардани низоми самарабахши кор дар бахши таълим ва тарбияи донишљўён;
- тањким бахшидани нерўи аќлонии факултет дар коркарди масоилњои афзалиятнок ва муњими илмї, ки аз тарафи Шўрои олимон ва Раёсати донишгоњ муайян карда мешавад;
- татбиќ намудани натиљањои тадќиќотњои илмии анљомдода дар љараёни таълим;
- кор карда баромадани механизми истифодаи таклифу пешнињодњои илми њуќуќшиносї дар самти рушди њаёти иљтимої, иќтисодї, маданї ва њуќуќии кишвар;
- таќвият бахшидан ба њамкорињои байналмилалї;
- кор карда баромадани низоми шаффоф ва натиљабахши бањогузории мењнати њайати устодону кормандони факултет бо маќсади бењтар намудани музди маош ва таъмини кафолатњои иљтимоии онњо;
- такмил бахшидан ба базаи моддї-техникї, таълимї-методї ва илмї-тадќиќотї бо маќсади таъмини њалли вазифањои афзалиятноки факултет, мувофиќ намудани он бо талаботњои замони муосир;
- ба вуљуд овардани фазои мусоид ва солими корї миёни коллективи устодону кормандони факултет;
- ба вуљуд овардани фазои эътимоду боварї, њурмату эњтироми њамдигарї, тањким бахшидан ба ѓояњои некхоњї ва накўкорї, масъулияту дастгирии њамдигар.
III. БАХШИ ТАЪЛИМ
Бахши таълим ќисмати муњим ва афзалиятноки Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї ба њисоб рафта, бо назардошти самтњои асосии рушди муассисањои тањсилоти олии кишвар, аз љумла тадќиќ намудани самтњои афзалиятноки илм дар шароити муосир, њамбастагии илм ва амалия, моњияти илмї доштани раванди таълим, ворид намудани шаклњо, усулњо ва технологияи муосир дар раванди таълим, баланд бардоштани масъулияти устодон дар раванди таълим ва дараљаи донишандўзии донишљўён, алоќамандии таълим ва тарбия, бењтар намудани шароити иљтимоии устодону донишљўён, рушди истеъдод ва ќобилияти донишљў, баланд бардоштани нуфузи Донишгоњи миллии Тољикистон мутобиќ ба талаботњои муќарраршуда, тањия шудааст.
Дар чањорчўбаи самти ишорашуда маќсади Барномаи рушди факултети њуќуќшиносиро боло бурдани сатњи донишандўзї ва таълим, ислоњот ва такмил додани љараёни таълиму тадрис, омода намудани њуќуќшиносони сатњи баланди касбидошта ва раќобатпазири бозори мењнат, ки аз донишњои мукаммали њуќуќї бархурдоранд, ташкил медињад.
Бањри ноил шудан ба њадафњои муайянгардида, омўзгорони факултетро њамчун субъектони асосии амалисозандаи Барномаи мазкур лозим аст, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва тадрис як ќатор корњоро анљом дињанд, зеро, то замоне ки устод маќсад ва натиљаи фаъолияти худро мањз дар самти боло бурдани дониш ва маънавиёти њуќуќии донишљў дарк насозад ва ба он љидду љањд накунад, натиљабахшии фаъолияти омўзгории ў назаррас намегардад. Донишљўён бояд эњсос намоянд, ки устодони онњо дар воќеъ азму ният ва хоњиши босавод кардани онњоро доранд. Аз ин рў, њайати устодону кормандони факултетро лозим меояд, ки бањри анљом додани корњои зерин сафарбар шаванд:
1. Дар самти таъмини сатњи баланди сифати таълим, устувор намудани мавќеи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар бозори хизматрасонии таълимї ва илмии Тољикистон ва байналмилалї, иљро намудани вазифањои зерин талаб карда мешавад:
- то оѓози соли тањсил (нимсолаи соли тањсил) омода намудани матни лексияњо, саволномањои фаннї, саволномањои тестї, слайдњо, наќшањо ва дастрас намудани нусхаи электронї ва ё чопии он ба донишљўён;
- бањри таъмин намудани раванди таълим тањия ва кор карда баромадани корњои илмї, таълимї ва методии босифат ва хусусияти инноватсионидошта;
- ворид намудани усулњои фаъол ва технологияи муосир дар раванди таълим;
- таъмини иттилоотии раванди таълим;
- омода кардани китобњои дарсї, воситањои таълимї оид ба тамоми фанњои дар наќшаи таълимии ихтисосњои амалкунандаи факултет пешбинишуда;
- истифодаи босамари унсурњои миллї ва байналмилалї дар раванди таълим;
- андешидани тадбирњо дар самти риояи ќатъии интизоми мењнат дар раванди таълим аз љониби омўзгорон;
- андешидани тадбирњо љињати комилан аз байн бурдани дарсшиканї;
- пешгирї ва роњ надодан ба њама гуна омилњои худсарона даст доштан ба ивази беасос ва бемавриди дарсњо;
2) Ташкил, муљањњаз сохтан ва маќсаднок истифода намудани синфхонањои нав дар раванди таълим
- Муљањњаз сохтан ва маќсаднок истифода намудани толори таълимии маљлиси судї, синфхонаи лингафонї ва дигар синфхонањои таълимии ихтисосї;
- Муљањњаз сохтани синфхонањои таълимї ба воситањои техникии муосир (компютер, микрофон, видеопроектор, тахтањои электронї ва ѓайра);
- Ташкил намудани лабораторияи криминалистї ва љињозонидани он бо техникањои муосири криминалистї;
- Ташкил намудани лабораторияи баллистикї ва љињозонидани он бо техникањои муосири криминалистї;
- Ташкил намудани лабораторияи дактилоскопї (пайи ангушт) ва љињозонидани он бо техникањои муосири криминалистї;
- Ташкил намудани лабораторияи хатшиносї ва тадќиќи криминалистии њуљљатњо ва љињозонидани он бо техникањои муосири криминалистї;
- Таъсис додани полигони (майдони) дарсї барои гузаронидани дарсњои амалї-криминалистї ва мурофиаи љиноятї;
- Ташкил намудани китобхонаи электронї;
3) Ворид намудани технологияи нави таълимии љавобгў ба талаботи стандарти байналмилалии сифати таълим.
- Таќвият бахшидан ба низоми омода намудани мутахассисони сатњи байналмилалї дар асоси барномањои фардии таълимї ва фарогирии доираи васеи донишљўён;
- Бо истифода аз усулњои фаъоли омўзиш баланд намудани њиссаи азхудкунии фанњои таълимї аз љониби донишљўён;
- Таќвият бахшидан ба истифодаи воситањои иттилоотию иртиботї дар раванди дарсњои лексионї ва амалї;
- Тањия ва чоп намудани воситањои нави таълимию методї барои амалї намудани барномањои таълимї.
- Бознигарї ва аз нав тањия намудани барномањои таълимї ва силлабусњо бо назардошти самтњои афзалиятноки мавзўъњои илмї ва тадќиќотї.
- Андешидани тадбирњои муассир љињати тадриљан пайвастани низоми тањсилоти илми њуќуќшиносї ба низоми тањсилоти болонї.
Бањри мукаммал гардонидани љараёни таълим дар доираи модели таълимии бефосила вобаста ба самти афзалиятноки рушди фаъолияти илмию тадќиќотї ва инноватсионии факултети њуќуќшиносї ба сомон расонидани чунин корњо мувофиќи маќсад мебошад:
2. Таъсис намудани самтњои нави тайёр намудани магистрњо дар назди кафедрањои тахассусї;
3. Ташкили бозомўзии мутахассисон дар соњањои нав вобаста ба талаботи замон;
4. Бо назардошти инкишофи муносибатњои љамъиятї ва зарурияти омода намудани кадрњои њуќуќшинос дар соњањои алоњидаи фаъолияти њуќуќї таъсиси ихтисосњои нави таълимї;
5. Таъсиси Маркази таълимии адвокатњо, Маркази омўзиш ва пешнињод ба лоињањои санадњои меъёрї-њуќуќї (пеш аз њама лоињаи ќонунњо, кодексњо), Маркази омўзиши њуќуќи инсон, Маркази таълимии соњибкорон ва дигар марказњо дар назди факултети њуќуќшиносии ДМТ;
6. Роњандозї намудан ва амалї сохтани барномањои таълимї дар њамкорї бо иттињодияњои касбї ва корфармоён;
7. Мусоидат ба фаъолияти Клиникаи њуќуќї њамчун шакли таълим ва усули омода намудани кадрњои баландихтисос.
8. Мусоидат намудан ба боло бурдани фарњанги њуќуќии ањолии Тољикистон тавассути љалб намудани хатмкардагони донишгоњњои дигар ва кормандони ташкилоту муассисањо барои фаро гирифтан ба тањсилоти олии њуќуќї.
9. Дар иртибот ба талаботњои таѓйирёбандаи бозори мењнат, инчунин бо маќсади таъмини раќобатпазири факултет дар сатњи дохилї ва байналмилалї андешидани чорањои маќсаднок бањри густариши мањорати созгории донишљўён ва устодон.
Дар раванди боло бурдани сифати таълим ва сатњи донишандўзии донишљўён истифода намудани усулњои нави таълим мувофиќи маќсад мебошад. Ин усулњо барои омода намудани њуќуќшиносон дар иртибот ба талабот ва дархости љомеаи имрўза кўмак менамоянд. Маќсад аз истифодаи навгонињо ин модернизатсияи раванди таълим љињати омода намудани њуќуќшиносони дорои донишњои сатњи баланди назариявї ва илмї, раќобатпазирии онњо дар бозори мењнат, муоширати баланди касбї ,мањсуб меёбад.
Усулњои нави таълим бо назардошти љараён ва тамоюли рушди раванди таълим, аз ќабили пайваста таљдиди назар намудани маводњои таълимї, мазмун ва мундариљаи фанњои тадрисшаванда, ворид намудани фанњои нави таълимї, тавъам намудани таълим ва тарбия, алоќаи ногусастании таълим ва шахсият, дар як замон ба роњ мондани таълим ва ташаккули шахсият, ташаккули донишњои њуќуќї ва арзишњои ахлоќї, њуќуќ ва ахлоќ њамчун танзимкунандагони рафтори одамон дар асоси мустањкамкунии њуќуќии принсипњо ва талаботњои ахлоќї, мустаќилона арзи њастї намудани онњо дар намуди кодексњо ќоидањо, принсипњои рафтори ахлоќї, ворид карда мешавад.
Ворид намудани усулњои замонавии таълим амалї намудани чунин чорањоро таќозо менамояд:
- мунтазам ташкил ва гузаронидани дарсњои кушод аз љониби устодони пешбар ва собиќадори факултет бањри намоиш додан ва омўзонидани устодони љавон бо усулњои беҳтарини таълим ва тахассус;
- ба роњ мондани низоми роҳнамої ва додани машварат аз љониби профессорон ва олимони барљастаи факултет ба омўзгорони љавон дар самти ба наќшагирии машғулиятҳои дарсї, истифодаи усулњои таълим, интихоб ва татбиқи технологияњои муосир;
- мунтазам ташкил намудани љараёни иштироки мудирони кафедрањо ва устодони собиќадор дар машѓулиятњои лексионї ва амалии омўзгорони љавон, аз љумла ташкил намудани воридшавї ба дарсњо дар доираи байни кафедрањои њамљавор;
- даъват намудани олимони маъруфи донишгоҳҳо ва муассисањои илмї, кормандони амалия барои гузаронидани машѓулияти лексионї ва амалї марбут ба масъалаҳои мубрами тахассусњо, инчунин марбут ба масъалањои истифодаи усулҳои таълиму тадрис, равоншиносї, фарҳанг ва санъати сухан, ахлоќи касбї ва ѓайра;
- пайваста такмил додани усулњои замонавии омўзиши раванди таълим;
- дар раванди таълим ворид намудани усулњои интерактивии омўзиш: тренингњо, бозињо, усули Суќрот, формулаи МАМН (мавќеъ, асосноккунї, мисоловарї, натиља), њуљуми аќлї, манбаи ќарорњо, кор бо гурўњњои хурд, њалли масъала, пурсиши муттаќобила ва ѓ.
- истифодаи самараноки усулњои маъмул ва интерактивии таълим;
- модернизатсияи низоми омода намудани њуќуќшиносњои касбї бо роњи маќсаднок баргузор намудани машѓулиятњои назариявї ва амалї, истифодаи шаклу усулњои иловагї ва инфиродии боло бурдани сатњу сифати таълим (дарсњои факултативї, мањфилњои донишљўён ва ѓ.);
- таъсиси низоми кор бо донишљўёни соњибистеъдод тавассути ташкил намудани чорабинињо, озмунњо, гурўњњои омўзиши фарохтари барномањои таълимї ва њавасманд намудани донишљўёни соњибистеъдод барои кор аз рўи тахассус пас аз хатми донишгоњ, љалб намудани онњо дар корњои илмї;
- вусъат бахшидан ба низоми омўзиши забонњои хориљї, васеъ намудани амалияи истифодаи забони хориљї аз љониби донишљўён, махсусан дар самти татбиќи меъёр ва принсипњои њуќуќи байналмилалї;
- бозомўзї ва такмили ихтисоси њайати устодону кормандон дар самти усули истифодаи технологияи муосир ва воситањои муосири иттилоотї-иртиботии раванди таълим;
- ташкил намудани семинарњо, мизњои мудаввар ва конфаронсњо марбут ба истифодаи усулњои муосири таълим;
- ба роњ мондани мониторинги доимии сифати таълим тавассути низоми ягонаи рейтинги давомот, ташкил намудани амалияи гузаронидани имтињонњои мустаќил, назорати сифати таълим тавассути гузаронидани пурсишномањо (анкета):
- ворид намудани воситањои иттилоотї-иртиботии таълим, љадвали дарсњои электронї, низоми китобхонаи электронї, дар шабакаи Интернет љойгир намудани рисолањои дипломї, магистрї, номзадї ва докторї, нашрияњои электронї ва ѓ.
Муњимтарин масъалањои пешбурди њаёти таълими факултет дар маќоми олии машваратї-идоракунии факултет Шўрои олимон мавриди баррасї ќарор дода шуда, оид ба онњо ќарорњои дахлдор ќабул карда мешаванд, ки иљроиши онњо барои тамоми кафедрањои тахассусї ва субъектони раванди таълим њатмї мебошад.
Шўрои методии факултетро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти таъмини раванди таълим бо тавсияњои судманди методї чорањои дахлдор андешида, барномањои таълимї, барномањои корї, силлабусњо, билетњои имтињонї, саволномањои тестї, саволномањои санљишї, матни лексияњоро бознигарї ва таљдиди назар намуда, дар маљмўъ бањри боло рафтани мазмуну мундариљаи машѓулиятњои лексионї ва амалї чорањои мушаххас андешад.
Садорати факултет фаъолияти кафедрањои тахассусї ва дигар сохторњои таркибии факултетро дар самти амалишавии вазифањо оид ба боло бурдани сатњ ва сифати таълим њамоњанг сохта, дар хусуси роњандозї намудани тадбирњои иловагї дар ин самт масъалагузорї менамояд.
IV. БАХШИ ИЛМ.
Яке аз самтњои афзалиятноки рушди фаъолияти факултетро анљом додани корњои илмї-тадќиќотї ташкил менамояд.
Корњои илмї-тадќиќотї дар кафедрањои тахассусии факултет бо ба инобат гирифтани муњимияти масъалаи тадќиќшаванда дар рушди давлатдории миллї, рўзмарра будани онњо дар шароити эъмори давлати њуќуќбунёд анљом дода мешаванд, ки дар наќшаи илмї-тадќиќотии њар як кафедра онњо вобаста ба самт, масоил ва мавзўъ муайян ва тасдиќ карда мешавад.
Ба њайси вазифаҳои асосии факултети ҳуқуқшиносї дар соњаи илм баромад мекунанд:
- ошкоро будани фаъолияти факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар соҳаи илм;
- мутобиқ намудани фаъолияти илмии устодон ва донишљўён ба талаботи илмии замони муосир;
- фароњам овардани шароити мусоид бањри анљом додани корњои илмї-тадқиқотї;
- дар мувофиќа бо Раёсати Донишгоњ андешидани тадбирњо љињати дастгирии иловагии молиявии устодон барои эљод намудани асарњои илмї ва таълимї;
- баланд бардоштани самаранокии донишњои илмї;
- густариши њамкорињои байналмилалї дар соҳаи илм;
- ташкил ва анљом додани тадқиқоти илмии бунёдї (фундаменталї);
- боло бурдани дараљаи камолоти илмї-омўзгории њайати устодони факултет, таъмин намудани омўзиши онњо дар самти усулњои муосири таълим.
Ба сифати самтњои афзалиятноки рушди илм дар факултети њуќуќшиносї баромад мекунанд:
1. Боло бурдани сатњи касбии њайати устодони факултет.
Њамчун шаклњои бартаридошта дар боло бурдани сатњи касбї баромад мекунанд:
- бозомўзї ва такмили таљрибаомўзии назариявї ва амалии устодони факултет дар муассисањои илмї-таълимии бонуфузи ватанї ва хориљї;
- омўзиши амалияи ташкилоту муассисањо, маќомоти судї, маќомоти ҳифзи ҳуқуқ, маќомоти њокимияти давлатї ва идоракунии давлатї, мақомоти маҳаллї, муассисањои молиявї, корхонањо ва ѓ.;
- андешидани чорањо оид ба такмили минбаъдаи китобхонаи илмии факултет ва таъмин намудани он бо адабиётњои навини илмии олимони ватанї ва хориљї, нашрияњои расмии маќомоти ќонунгузори кишвар, рўзномањо ва дигар маљаллањои бонуфузи илмї-назариявии соњавї;
- Андешидани чорањо бањри сариваќт омода ва дифоъ намудани рисолањо барои дарёфти унвони илмии доктор ва номзади илми њуќуќшиносї. Ба маќсад мувофиќ аст, ки таваљљуњ ба омода намудани кадрњои дараљаи илмидошта дар риштањое, ки дар Тољикистон нодиранд, нигаронида шавад;
- Тањия ва ќабули наќшаи корњои илмї-тадќиќотии кафедрањои факултет барои солњои 2016-2020 бо назардошти дастовардњои навини илми муосир ва талаботи рўзафзуни љомеа;
- Ташаккули мактабҳои илмии кафедраҳои тахассусии факултет. Дар ин самт таќвият бахшидан ба фаъолияти устодони факултет дар самти ширкат ва маърўза намудан дар конфронсҳои илмї-амалї ва илмї-назариявии сатњи љумҳуриявї ва байналмилалидошта. Дар сурати ширкат намудан дар чорабинињои илмї дар хориљи кишвар устодони факултетро лозим аст, то мувофиќ будани мавзўи чорабиниро бо мавзўи тадќиќоти илмии худ ва ё самти илмии раѓбатдошта ба инобат гиранд;
- Дар доираи самтњои афзалиятноки корњои илмї-тадќиќотї ба наќша гирифтан ва баргузор намудани Форуми байналмиллаии њуќуќшиносон, конфаронсњои илмї-амалии љумњуриявї ва байналмилалї, мизњои мудаввар, семинарњо, интернет-конфронсњо, конфронсњои фосилавї бо дигар муассисањои илмї ва таълимии ватанї ва хориљї;
- Самти дигари муњими фаъолияти илмии факултетро иштирок намудани устодон дар кори Шўроҳои диссертатсионї ва баромад намудан ба њайси муќарризи расмии рисолањо ташкил медињад. Рисолаҳои илмї ва авторефератњои ба устодон-муќарризон пешниҳод-шаванда, њамчунин таќризњо ба онњо бояд дар љаласањои кафедрањои марбута, љаласањои муштараки кафедрањои њамљавор мавриди муњокима ќарор дода шаванд.
- Таќвият бахшидан ба кори семинари илмї-назариявии муњаќќиќони љавони факултет;
- Афзун гардонидани самаранокии корњои илмї-тадќиќотии устодону кормандони факултет аз нигоњи мазмун, сифат ва шумора. Натиљаҳои тадқиқотњои илмии анљомдодаи устодони факултет бояд дар тањия ва нашри монографияњо, тафсирњои илмї-оммави ќонунњо, кодексњо ва дигар санадњои меъёрї-њуќуќї, фишурдањо, доктринањо, маќолањои илмї, омода ва пешнињоди хулоса ба матни лоињаи ќонунњо, барномањои давлатї, консепсияњо, ќарорњои Пленуми Суди Олии ЉТ, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ифода ёбанд. Таваљљуњи хоса ба нашр намудани маќолањои илмї дар нашрияњое, ки шомили руйхати Комиссияи Олии Аттестатсионии ФР мебошанд ва ба низоми ИРИИ (индекси руссиягии иќтибосњои илмї) дохил карда шудаанд, дода шавад. Нашри маљаллаи факултети њуќуќшиносї «Њаёти њуќуќї» бо љалби муаллифони ватаниву хориљї љоннок карда шуда, барои ба ќайд гирифта шудани маљаллаи «Њаёти њуќуќї» ба сифати маљаллаи таљассумкунандаи натиљањои тадќиќотњои илмї аз љониби Комиссияи Олии Аттестатсионии ФР тадбирњо андешида шавад.
- Омода намудани кадрњои илмї – омўзгории касбї дар низоми тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї. Дар ин самт бартарї ба тавсеа бахшидан ба самти омода намудани аспирантон ва докторантњо дода шавад. Бањри омода намудани кадрҳои баландихтисос дар доираи аспирантура ва докторантура бояд самтњои илмии кафедрањои факултет таљдиди назар карда шуда, мавзўњои рўзмарра, замонавї ва фарогири дурнамои илмидошта муайян карда шавад;
- Вусъат бахшидан ба анљом додани тадќиќотњои илмї-амалї дар доираи бурсияњо, созишномањои њамкорї ва дигар манбаъњои ѓайрибуљавї. Дар робита ба ин масъала зарур аст, ки мавзўъҳои афзалиятноки тадќиќотї, соњањои истифода (татбиќ) шудани натиљаи онњо муайян карда шуда, дар ин робита бо маќомоти њокимияти давлатї ва идоракунї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, ташкилотњои тиљоратї, институтњои молиявї, ташкилотњои љамъиятї ва байналмилалї њамкории судманд роњандозї карда шавад.
- Бо назардошти имконоти мављуда таъсис додани Шўроњои диссертатсионии анъанавї ва аз рўйи низоми PHD.
- Истифодаи маќсадноки докторантура дар самти тайёр кардани кадрњои баландихтисоси илмї. Докторантњоро зарур аст, ки дар мавзўъњои афзалиятнок ва арзишманде, ки барои рушду инкишофи низоми њуќуќии Тољикистони муосир созгоранд, тадќиќотњои илмї анљом дињанд.
- Тайёр намудани кадрњои илмї тавассути аспирантура љоннок карда шуда, љалби аспирантон ба шуъбањои рўзона ва ѓоибона бо назардошти риояи Низомномаи тайёр кардани кадрњои илмї-омўзгорї дар Донишгоњи миллии Тољикистон ба роњ монда шавад. Ба маќсад мувофиќ аст, ки аспирантон аз њисоби хатмкунандагони фаъоли факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, ки бо бањои хубу аъло тањсил намудаанд, забони давлатї ва хориљиро хуб медонанд, њисси баланди ватандўстиву масъулиятшиносї доранд, љалб карда шаванд. Аспирантонро зарур аст, ки дар мавзўњои афзалиятнок ва арзишманде, ки барои рушду инкишофи соњањои алоњидаи хољагии халќи кишвар созгоранд, тадќиќотњои илмї анљом дињанд.
- Кафедрањои тахассусї омода намудани кадрњои илмї-соњавиро тавассути институти унвонљуї зери назорати љиддї ќарор дода, ба њайси унвонљуй шахсони болаёќат, донишманд, тафаккури илмї-интиќодї доштаро љалб намоянд. Унвонљўён вазифадоранд, ки дар мавзўъњои рўзмарраи афзалиятноки њуќуќшиносї тадќиќоти илмї анљом дињанд.
- Устодони соњибтаљриба ва соњибмактаб (профессорон ва дотсентон) метавонанд мањфилњои илмии инфиродии худро таъсис дода, ба ин васила доираи муайяни донишљўёнро ба тадќиќи мавзўъњои алоњидаи илмї љалб намоянд.
- Таќвият бахшидан ба рушди алоќањои илмњои њуќуќї ва ѓайрињуќуќї, фаъолона истифода намудани донишњои байнисоњавї дар тањсилоти њуќуќшиносї бо ба инобат гирифтани дурнамои ташаккули фанњои илмии байнисоњавї (юрислингвистика, политологияи њуќуќшиносї, конфликтологияи њуќуќї);
- Дар мувофиќа бо Раёсати Донишгоњ ба роњ мондани њамкорињои судманд бо Комиссияи Олии Аттестатсионии Љумњурии Тољикистон;
3. Омода намудани донишљўён барои анљом додани корњои илмї-тадќиќотї.
3.1. Яке аз самтњои корњои илмї-тадќиќотии факултетро таъсис ва фаъолияти љамъияти илмии донишљўён ва мањфилњои илмии назди кафедрањо ташкил медињад. Дар маљмўъ љамъияти илмии донишљўён фаъолияти мањфилњои илмии назди кафедрањоро муттањид менамояд. Ба маќсад мувофиќ аст, ки хело бармањал њанўз аз овони донишљўї донишљўён дар рўњияи анљом додани корњои илмї-тадќиќотї тарбия карда шаванд. Ба ин хотир онњо метавонанд фаъолияти худро дар ин ва ё он мањфилњои илмии назди кафедрањо ба роњ монанд. Донишљўён имкон доранд, ки тањти роњбарї ва машварати роњбарони илмии хеш аз њисоби устодони соњибтаљриба ва унвони илмидошта ба тадќиќу баррасии мавзўъњои рўзмарраи илми њуќуќшиносї даст зада, дар иртибот ба ин масъала корњои курсї, рефератњо, маърўзањои илмї, корњои озмунї, рисолањои дипломї тањия намоянд.
Садорати факултет ва кафедраи тахассусї ќобилияту истеъдоди донишљўёнро ба инобат гирифта, бо назардошти имконоти мављуда метавонанд онњоро барои анљом додани корњои илмї-тадќиќотї бо роњи аспирантура ва унвонљуї љалб намоянд.
Фаро гирифтани донишљўён ба корњои илмї-тадќиќотї аз чунин вазифањо иборат мебошад:
1) њамгироии равандњои илмї, таълимї ва тарбиявї;
2) ташаккули малакањои фаъолияти илмї-тадќиќотї дар нињоди донишљўён;
4) шиносоии донишљўён бо методологияи илмии муосир;
5) ташаккули малакањои кор бо адабиёти илмї;
6) љалби донишљўён ба корњои илми тадқиқотии факултет;
3.2. Дар раванди таълим истифода намудани технологияҳои муосири таълимї бо маќсади ташаккулёбии малакаҳои ибтидоии мустақилона ташкил ва анљом додани корњои илмї-тадқиқотї. Дар робита ба ин, истифодаи шаклњои зерини омўзишї бо унсурҳои зерини тадқиқоти илмї ба роњ монда мешавад:
- гузаронидани семинарњои илмї-методї дар заминаи кафедрањои факултет, бурдани донишљўёни курсњои I ба Китобхонаи миллї бо мақсади ташаккул бахшидан ба малакаи кор бо адабиёти илмї, базаи маълумот, номгўйи (каталогҳои) библиографї ва аз худ намудани усулњои тайёр ва навиштани маърузањои илмї, корњои курсї, дипломї ва ѓайра;
- гузаронидани коллоквиумњо (семинарҳо) рољеъ ба шарњи адабиёти илмии ба мавзўъҳои гуногун ва ќисматњои фанни таълимї алоќамандбуда;
- додани машварат оид ба иљро намудани рефератњо, корњои курсї, рисолањои дипломї;
- ташаккули малакаи навиштани таќриз аз љониби донишљўён ба монография ва мақолаҳо њамчун тавсия дар семинарҳо.
- ташкили гурўњњои эљодї-тадқиқотии донишљўён дар доираи семинарҳо барои ташхиси қонунњои алоњидаи амалкунанда;
- гузаронидани конфронси илмї-таълимї барои донишљўён дар интињои соли тањсил;
3.3. Корњои илмї-тадќиќотии донишљўён, ки раванди таълим ва тадрисро мукаммал менамояд:
- мусоидат намудан ба мањфилњои илмии донишљўёни назди кафедрањои тахассусии факултет;
- мусоидат ва ҳамоҳангсозии Љамъияти илмии донишљўёни факултет. Самти асосии фаъолияти Љамъияти илмии донишљўён бояд чунин бошад: иштирок дар ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмї-амалї, мизҳои мудаввар, озмунњои корњои илмии донишљўён, љалби донишљўён барои ширкат дар конфаронсњо ва олимпиадаҳои сатњњои гуногун;
- номгўи беҳтарин мақолаҳои илмии донишљўён ва нашри он дар маљаллањои илмии факултет ва донишгоњ;
- иштироки донишљўён дар конфронсҳои илмї, олимпиадањо ва озмунҳо;
- ташкил ва гузаронидани конфронси илмї-амалии солонаи донишљўён ва олимони љавони факултет (апрел);
- ташкили озмун байни донишљўёни факултети њуќуќ барои беҳтарин кори курсї (ҳар сол дар моҳи май ва июн);
-ташкил ва гузаронидани «Рўзи илми донишљў»;
- гузаронидани озмуни «Беҳтарин донишљўи сол» аз рўи натиљањои иштироки донишљўён дар фаъолияти илмии факултети ҳуқуқшиносї (ҳар сол дар моҳи май ва июн);
- муайян намудани донишљўёни лаёқатманд ва дастгирии донишљўёне, ки кўшиши идомаи тањсил дар аспирантураро доранд, мусоидат ба донишљўён дар интихоби масоили тадқиқоти рисолаи оянда ва интихоби маводи тадқиқотї;
- таъсис додани махзани маълумот дар кафедрањои тахассусии факултет бо маќсади расонидани ёрии илмї-методї барои корњои илмї-тадќиќотии донишљўён;
- ташкил намудани махзани электронии беҳтарин нашрияҳои илмии донишљўён;
- љойгир намудани маводҳои иттилоотї оид ба чорабинињои илмї- тадқиқотии донишљўён дар ВАО ва сомонаи факултети њуќуќшиносї.
V.БАХШИ ТАРБИЯ
Фаъолияти тарбиявї фарогири ќисми таркибии Барномаи рушди факултет мањсуб меёбад. Маќсади фаъолияти тарбиявии факултети њуќуќшиносиро тарбияи донишљўёни факултет дар рўњияи мењанпа-растї, хештаншиносї, адолат, бовиљдонї, шарафмандї, росткориву накукорї, поквиљдонї, эњтироми устодон, калонсолон ва њамсабаќон тавассути амалї намудани низоми чорањои маќсадноки тарбиявї, ташкил медињад.
Мутобиќ ба ин ѓояњо тарбияи донишљўён тавассути чорањои тарбиявии маќсадноки њуќуќї, ахлоќї ва маънавї ба амал бароварда мешавад. Низоми тарбия дар њамбастагї бо тарбияи њуќуќї, ахлоќї, сиёсї, мењнатї ва маънавї бунёд меёбад. Амалишавии низоми тарбия љалб гардидани анъанањои фарњангї-тамаддунї, мероси маънавї, анъанањои сиёсї-њуќуќиро таќозо менамояд. Корњои тарбиявї миёни донишљўён пайваста, мутассил ва муназзам ба роњ монда мешавад. Тарбияи донишљўён метавонад пас аз хатми донишгоњ роњандозї карда шавад ва ба ин маќсад њатмкунандагони факултети њуќуќшиносї дар љараёни иљрои вазифањои хизматї дар ташаккул ва густариши фарњанги њуќуќии ањолї метавонанд сањмгузор бошанд.
Ба сифати чорањо ва самтњои афзалиятноки фаъолияти тарбиявї баромад менамоянд:
- тарбияи донишљў дар рўњияи ватандўстї, ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллї, муќаддас донистани тамомияти арзї ва якпорчагии Тољикистон;
- риоя намудани ќоидањои тартиботи дохилии донишгоњ ва ќоидањои донишљўї;
- аз истифодаи телефонњои мобилї дар бино ва сањни донишгоњ ќатъиян худдорї намудан;
- тарбияи донишљўён дар рўњияи иљрои бемайлони Дастурамали сару лисбосњои намунавии донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбї;
- фаъолияти сарпарастони гуруњњои академї бо назардошти самтњои афзалиятноки вусъат додани корњои тарбиявї миёни донишљўён љоннок карда шавад. Дар ин росто ба маќсад мувофиќ дониста мешавад, ки сарпарастони гуруњњои академї оид ба тамоми пањлуњои фаъолияти донишљўён соњибиттилоъ буда, пайваста аз ањволи онњо бохабар бошанд;
- ба роњ мондани дарсњои кураторї ба мавзўъњои рўзмарраи њаёти тарбиявї;
- ба роњ мондани њамкорињои судманди корї бо волидайни донишљўён дар партави иљрои талаботњои ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
- љалби падару модари донишљўён дар самти азхудкунии дарсњо, рафтор ва одоби муоширати донишљў ва дар баланд бардоштани сифат ва сатњи донишандузї;
- андешидани чорањои муассир дар самти таъмини иштироки донишљўён ба дарсњо;
- тарбияи донишљўён дар рўњияи муносибати оштинопазир бо равияњои сиёсї-динии хусусияти ифротгарої ва радикалидошта, рањої бахшидани донишљў аз хурофот ва таассуб;
- вусъат додани корњои фањмондадињї оид ба масъалањои сариваќт њозир шудан ба дарс, бо автомашинњои шахсї њозир нашудан ба Донишгоњ; њозир шудан ба донишгоњ бо љузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимї, риоя намудани ќоидањои тартиботи дохилии хобгоњ, худдорї намудан аз кашидани носу сигор, нўшокињои спиртї, маводи мадњушкунанда, офтобпараст, саќич дар њудуди донишгоњ ва хобгоњњо;
- риоя намудани талаботњои шартномаи бо Донишгоњи миллии Тољикистон ба имзо расонидаи дутарафа ва сетарафа;
- вусъат бахшидан ба иштироки фаъолонаи донишљўён дар конфаронсњои минтаќавї, байналхалќї ва дар курсњои бозомўзї;
- мунтазам бохабар шудан аз шароити зисту зиндагонии донишљў дар хобгоњ;
- ташаккули маданияти баланди ахлоқии донишљуён;
- ташвиќ намудани тарзи њаёти солим, љалби донишљўён љињати иштирок ба чорабинињои оммавии варзишї;
- ташкил намудани вохурињо бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, чењрањои шинохтаи илми кишвар, хатмкунандагони факултет;
- тарбияи донишљўён дар рўњияи муносибати некбинона бо хонањои кудакони бесарпараст ва маъюб, муассисањои пўшидаи бачагона;
- мусоидат намудан ба ташрифи донишљўён ба театрњо, осорхонањо, намоишгоњњо;
- мусоидат намудан ба баргузории чорабинињои фарњангї, адабї бо љалби адибон ва ањли зиё;
- вусъат додани корњои фањмондадињї ва тарѓиботї оид ба нашрияњои илмї, таълимї ва кор дар китобхона, махзани китобњо ва ѓ.;
- љалб намудани донишљўёни боистеъдод ба намудҳо ва жанрҳои гуногуни санъати мусиќї, маданї ва варзиш;
- ба роњ мондани мањфили зењнии донишљўён;
- тарбия намудани донишљў дар хусуси муносибати эњтиёткорона бо моликияти давлатї, донишгоњї дар хобгоњ;
- тарбияи завќи эстетикии донишљўён;
- гузаронидани корњои профилактикї ва фањмондадињї дар хусуси пешгирии касалињои зуњравї ва СПИД;
- гузаронидани корњои профилактикї ва фањмондадињї марбут ба пешгирї сохтани омилњои сар задани зуњуроти номатлуб, аз ќабили нашъамандї, майпарастї, мањалгарої, омилњои коррупсионї љинояткорї дар байни љавонон;
- ташаккули маърифати маънавию сиёсї ва тарбияи ватандўстии донишљўён;
- дастгирии ташаббусњои донишљўён оид ба татбиќи самараноки сиёсати давлатии љавонон;
- эҳтиром ба арзишҳои умумибашариву ватанӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон,
- густариши таҳаммулпазирӣ дар нињоди донишљў;
- мусоидат намудан ба љалби донишљўён љињати пешбурди фаъолияти тарбиявии онњо бо роњи таъсис додани созмонњои љамъиятї (Созмони љавонон, иттифоќи касаба ва дигар гуруњњои ташаббускор).
VI. БАХШИ ЊАМКОРИЊО ВА РОБИТАЊОИ БЕРУНА
Факултети њуќуќшиносии ДМТ фаъолияти худро дар асоси ба роњ мондани њамкорињои муфид ва мутаќобилан судманди дуљониба бо маќомоти њокимияти давлатї, аз љумда маќомоти идоракунии давлатї, маќомти судї, прокуратура ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ, сохторњои маќомоти њуќуќмуњофизавї ва дигар институтњои љомеаи шањрвандї амалї менамояд.
Њамзамон факултет ва кафедрањои тахассусии онро ба маќсад мувофиќ аст, ки дар мувофиќа бо Раёсати Донишгоњ њамкориро бо дигар марказњои илмї-тадќиќотии кишвар, Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, муассисањои тањсилоти олї, факултетњои марбута ва кафедрањои умумидонишгоњї оид ба масъалањои мавриди назар ба роњ монанд.
Масъалаи вусъати њамкорињои беруна бо марказњои бунуфузи ватанї ва хориљї дар маркази таваљљуњи њамешагии факултет ќарор дошта, бо назардошти дурнамо тавсеаи робитањои беруна дар самтњои зерин роњандозї карда мешавад:
- ба имзо расонидани шартномањои дуљониба бо маќомоти давлатї, маќомоти њифзи њуќуќ ва дигар сохторњои њуќуќмуњофизавї дар масъалаи ба кор таъмин намудани муттахассисони љавон ва љалби донишљўён ба таљрибаомўзии таълимї, истењсолї ва пеш аз дипломї;
- мусодат намудан ба такмили бозомўзии омўзгорону донишљўён дар муассисањои бонуфузи илмї-таълимии ватанї ва хориљи кишвар;
- таќвият бахшидан ба њамкорињои байнифакултетї ва байнидонишгоњї дар соњаи таълимоти њуќуќшиносї ва омода намудани кадрњои баландихтисоси илмї дар муассисањои таълимї ва илмии хориљи кишвар, аз љумла бо давлатњои узви Иттињоди давлатњои муштаракулманофеъ, Созмони њамкорињои Шанхай;
- андешидани тадбирњо љињати шомил гардидани факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба узвияти Ассотсиат-сияњои минтаќавї, байнидавлатї ва байналмиллалии њуќуќшиносон;
- вусъат додани њамкорњои дуљониба миёни олимони њуќуќшинос бо хамкоронии хориљии онњо;
- таќвияти њамкорї бо созмонњои байналмилалї ва ташкилотњои љамъиятї, дарёфти грантњо ва бурсияњо љињати пешбурди фаъолияти илмї-тадќиќотї ва таълимї-методї.
- бо маќсади дастрасии иттилоот ба ањолї, маќомоти давлатї, донишљуён, волидайн ва намояндагони ќонунии онњо, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар институтњои љомеаи шањрвандї оид ба пањлуњои гуногуни њаёти таълимї, тарбиявї ва илмии факултет, бознигарї ва љоннок намудани фаъолияти сомона ва суроѓаи электронии факултет дар шабакаи љањонии ИНТЕРНЕТ.
VII. МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ
Амали Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020 нисбат ба омўзгорон, кормандон, њамкорон, соатбайъњои факултет ва омўзгорони дигар факултету кафедрањои тахассусї ва умумидонишгоњии Донишгоњи миллии Тољикистон, ки аз рўйи наќшањои таълимии амалкунанда тадриси фанњои мушаххасро амалї менамоянд, пањн мегардад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07