Имрўз дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бо иштироки кулли устодон љаласаи васеи Шўрои олимон баргузор гардид. Дар рўзномаи љаласа танњо ду масъала мавриди муњокимаву баррасї ќарор гирифт. Масъалаи аввали рўзномаи љаласа ба ањамият, омўзиш ва мавриди иљро ќарор додани нуќтањои асосии Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 23.01.2015 дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии кишвар бахшида шуда буд.
Оид ба масъалаи мазкур декани факултети њуќуќшиносї, дотсент Э.С Насурдинов, мудири кафедраи њуќуќи байналхалќї, дотсент Раљабов М.Н., муовини декан оид ба илм, дотсент Ќ.Б. Ќурбонов, омўзгори њамкори кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї, н.и.њ. Ализода Зариф баромад намуда, дар хусуси ањамияти Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон њамчун њуљљати муњим ва барномавии рушди соњањои њаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва њуќуќии кишвар гузориш манзур намуданд. Аз љумла таъкид намуданд, ки омўзгорони факултети њуќуќшиносї њамчун воњиди таркибии Донишгоњи миллии Тољикистон ба њайси муассисаи пешбари илмї-таълимии кишвар бояд дар амалишавии њадафу маромњои дар Паём ироашуда, масъулиятшинос бошанд.
Муњокима ва ќабули «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020» масъалаи дуюми рузномаи љаласаи Шўрои васеи олимони факултетро ташкил медод. Оид ба масъалаи мавриди назар, масъули садорати факултет, роњбари гуруњи корї, н.и.њ., дотсент Х.М. Гафуров гузориши муфассал манзур намуд. Сипас бахши саволу љавоб баргузор гардид. Дар музокира доир ба масъалаи мазкур пешнињоду тавсияњои судманд иброз карда шуданд. Аз љумла, дар робита ба ин масъала профессори кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї А.Ѓ. Холиќзода, мудири кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї н.и.њ., дотсент А.Д. Ѓафуров, дотсенти кафедраи њуќуќи конститутсионї дотсент Х.О. Ойев, омўзгори њамкори кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї н.и.њ., Зариф Ализода назару андешаи худро баён намуда, ќабули чунин санади муњими бунёдиро барои рушди минбаъдаи факултет иќдоми сариваќтї ва амали нек арзёбї намуданд. Њамчунин дар хусуси такмилу таќвияти роњу усулњои амалишавии «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020» дастуру њидоятњои мушаххас иброз намуда, пешнињод намуданд, ки ќабули лоињаи Барнома пазирої карда шавад.
Дар интињои љаласа бо дастгирии якдилонаи омўзгорон ва аъзоёни Шўрои олимони факултет лоињаи «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020» љонибдорї шуда, барои ќабул ва тасдиќ ба Шўрои олимони Донишгоњи миллии Тољикистон пешнињод ирсол карда шуд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07