Нимаи аввали рўз дар љаласаи Шўрои олимони Донишгоњи миллии Тољикистон «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020» мавриди муњокима ва баррасї ќарор дода шуд. Оид ба мазмун, моњият ва зарурияти тањияи Барнома мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њукуќшиносї, дотсент Изатулло Мањмудов гузориш доданд. Сипас оид ба масъалаи мазкур музокираву муњокимаи тулонї сурат гирифт. Дар музокира аъзоёни Шўрои олимон Миралиев А.М., Самиев Х.Д, Калимулоев М., Насурдинов Э.С. ва дигарон баромад намуда, андешаву назари хешро оид ба пањлуњои алоњидаи Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї иброз намуданд. Зикр карда шуд, ки ќабули барномаи рушд дар шароити кунунии пешрафти давлатдории миллї иќдоми сариваќтї буда, он метавонад дар самти баланд бардоштани масъулиятшиносии омўзгорон, саводнокии донишљўён ва љорї намудани усулњои фаъоли таълим хизмати шоистаеро анљом дињад. Дар маљмўъ «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020» аз љониби кулли аъзоёни Шўрои олимони Донишгоњи миллии Тољикистон якдилона пазирої карда шуда, дар хусуси ќабули он ќарори дахлдор ќабул гардид. Татбиќи амалї ва бомароми барнома дар оянда имкон медињад, ки сатњу сифати таълим боло бардошта шуда, њамзамон мутахассисони болаёќат, раќобатпазири бозори мењнат, љавобгўй ба стандартњои байналмилалї ва дар руњияи мењанпарастиву хештаншиносї тарбияёфта омода карда шаванд. Умед дорем, ки бо амалишавии барнома дар њаёти таълимї, илмї ва тарбиявии факултет тањаввулотњои љиддї ба миён меоянд.