Имрўз дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар партави Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Проблемањои мубрами њаёти давлатию њуќуќии Тољикистон» бо иштироки доираи васеъи омўзгорон ва кормандони факултет, олимон ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї мизи мудаввар баргузор гардид. Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї номзади илмњои њуќуќ, дотсент Насурдинов Э.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз љумла иброз намуданд, ки Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон њамчун њуљљати муњими роњнамои миллат ва дурнамои давлати миллии Тољикистон баромад намуда, рушду инкишофи соњањои њаёти иќтисодї, иљтимої, сиёсї, фарњангї, њуќуќиро барои даврањои миёнамухлат муайян менамояд. Њамзамон аз ањли нишаст даъват ба амал оварданд, ки дар заминаи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба тањќиќу пажуњиши мавзўъњои рузмарраи илми њуќуќшиносї машѓул шуда љињати амалишавии он ба корњои созандагию бунёдкорї рў биёранд. Сипас, аз рўйи рўзномаи барномаи мизи мудаввар маърўзањои устодони факултет Мањмудов И.Т. – мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї дар мавзўи «Ислоњоти судї-њуќуќї таќозои замон»; Ќурбонов Ќ. Б. – дотсенти кафераи њуќуќи гражданї дар мавзўи «Такмили ќонунгузории оилавии Љумњурии Тољикистон дар партави Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон»; Ќурбоналиев Н.Ш. – ассистенти кафедраи њуќуќи гражданї дар мавзўи «Њуќуќи кудак ба њифзи саломатї» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода тањќиќу омузиши минбаъдаи онро дар заминаи Паём асоснок намуданд. Оид ба маърузањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањои тулонї сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда дар музокира устодони факултет Бањриддинов С.Э., Бобокалонов Ѓ.М., Шарипов Т.Ш., Диноршоев А.М., Ѓаюров Ш.К., Ойев Х.О., Сулаймонов Ф.С., Ѓафуров А.Д., Расулов Б.Р., Авзалов А.Х., Соњибов М. баромад намуда, таклифу пешнињодњои судманд пешнињод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд. Дар маљмўъ таъкид карда шуд, ки таќвияти минбаъдаи њокимияти судї, такмили сохтори судї, њифзи оила ва њуќуќи кудак, ки аз масъалањои марказии Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба њисоб мерафтанд, зарурияти анљом додани корњои арзишманди илмї-тадќиќотиро таќозо менамояд. Дар интињои кори мизи мудаввар ќарор карда шуд, ки тамоми нуќтањои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон аз љониби омузгорони факултет ба назари эътибор гирифта шуда, љињати татбиќи бомароми онњо чорањои дахлдор андешида шаванд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07