Устодону донишљўёни азиз!
Садорати факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон азм дорад, ки бо кумаку дастгирии Шумо дар њаёти таълимї, тарбиявї ва илмї-тадќиќотии факултет дигаргунињои куллиро роњандозї намояд. Мавриди зикри хос аст, ки љињати амали намудани ин њадафњои нек аз љониби Шўрои олимони Донишгоњи миллии Тољикистон «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020» ќабул гардид. Аз ин ру, бо маќсади иљрои муќаррароти «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020» дар самти боло бурдани сатњу сифати таълим ва саводнокии донишљўён ба кулли омўзгорони факултети њуќуќшиносї, кафедрањои тахассусї ва умимидонишгоњии Донишгоњи миллии Тољикистон тавсия дода мешавад, ки матни лексияњо, слайдњо, саволномањои санљишї оид ба мавзуњои алоњида ва фанни таълимиро дар маљмуъ ба донишљўён дар шакли хаттї ва ё электронї дастрас намоянд.
Ба донишљўён низ тавсия дода мешавад, ки аз боби масъулият ва донишандузї кор гирифта, бо устодони машѓулиятњои лексионї ва амалї дар робита ба ин масъала барои дастрасии сариваќтии маводњои таълимии ишорашуда дар иртибот бошанд.