Баъд аз нашри пайдарпайи рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» ва пањн гардидани он дар тамоми манотиќи кишвар Иттифоќи журналистони Тољикистон тасмим гирифт, ки сармуњаррири рўзнома Љањонгир Саъдизодаро ба аъзогии Иттифоќи журналистони Тољикистон ќабул намояд. Раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон Сатторов Акбаралї њангоми супоридани шањодатномаи аъзои ИЖТ ба Љањонгир Саъдизода ќайд намуд, ки рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» яке аз рўзномањои бењтарини соњавии кишвар аст, ки дар он маќолањои њуќуќї ба табъ мерасанд. Инчунин ќайд намуд, ки барои ИЖТ ифтихор аст, ки сармуњаррири рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» аъзои он мегардад.
Рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» ва садорати факултети њуќуќшиносї љавобан ба дастгириву ќадрдонии ИЖТ изњори сипос менамояд ва пайваста бо Иттифоќи журналистони Тољикистон њамкорї хоњад кард.